(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар маҳаллаи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ва кордори Сафарати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт Маркази Амрико ифтитоҳ гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт ва ҳайати меҳмонон нахуст аз маҳфилу ҷараёни омӯзиши машғулиятҳо дар Марказ ошноӣ пайдо намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин ҷо хонандагон ва донишҷӯён ройгон забони англисӣ омӯхта, ҳамзамон дар маҳфилҳои гуногуни омӯзишӣ ва баҳсӣ иштирок хоҳанд намуд.
Дар ин «Маркази Амрико» ба тариқи таҷрибавӣ ба 10 нафар занони ҳунарманди беҳтарини шаҳр забони англисиро омӯзонидаанд, то ин ки бо сайёҳони хориҷии ба кишвар омада, озодона муошират намоянд. altРаиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ин иқдомро фоли нек арзёбӣ намуда, ба масъулини дахлдор дастур дод, ки ҷиҳати фарогирии тамоми ҳунармадони шаҳр ба омӯзиши забони англисӣ мусоидати фаъол намоянд.
Дар Марказ имконоти фарохи техникию техологӣ ва шаоити мусоди фароҳам оварда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар маросими ифтитоҳии «Маркази Амрико» гуфт, ки рушди равобити ҳасанаю ҳамаҷониба бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар сиёсати хориҷии кишвари мо таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷойгоҳи хосса дорад. Зеро Тоҷикистон ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико манфиатдор аст. Мувофиқи маълумотҳои расмӣ то имрӯз миёни ду кишвар зиёда аз 30 санади ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидааст, ки то андозае асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои моро тақвият мебахшад. Мо аз ҳамагуна иқдомоту пешниҳодоти нек ва созандаи шарикони байналмилалиамон, ки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар қатори муҳимтарини онҳо қарор дорад, ба хушӣ истиқбол менамоем. 
Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки ифтитоҳи «Гӯшаи Амрико» дар шаҳри Хуҷанд, дақиқ-тараш дар Китобхонаи оммавии вилоятии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ҳанӯз соли 2005 амалӣ шуда буд. Имрӯз бо назардошти талабот ва тавсеъаи робитаҳои дуҷониба он васеъ гардида, ба ин мавзеъ оварда шуд. Таъсис ёфтани Маркази Амрико дар ин мавзеъи шаҳри Хуҷанд ба ҷавонони болаёқати мо, яъне насли даврони истиқлолият имконият фароҳам меорад, ки ҳарчи бештар соҳиби донишҳои мукаммал ва муосир гарданд. Наврасону ҷавонони мо, дар навбати худ, бояд хуб дарк намоянд, ки барои соҳиб шудан ба донишҳои муосир Ватани муқаддаси худ – Тоҷикистони соҳибистиқлолро самимона дӯст доранд, рафтору кирдори намунавӣ дошта бошанд ва ҳамеша дар пайи ҷустуҷӯи илму дониш саъю талош кунанд. Танҳо дар чунин сурат мо метавонем кадрҳои баландихтисос, соҳиби илму дониши замонавӣ ва ватандӯсту ояндасозро ба воя расонем ва минбаъд тақдири давлати худро ба дасти онҳо супорем.
Кордори Сафорати ИМА дар Тоҷикистон Кевин Коверт зимни суханронии худ ба роҳбарияти шаҳр барои ташкили чунин шароит ва ташриф миннатдорӣ баён намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳадаф аз ифтитоҳи «Маркази Амрико» ин додани маълумот дар бораи Иёлоти муттаҳидаи Амрико ба воситаи китоб, интернети ройгон ва барномаҳои омӯзишие, ки имконияти аз худ кардани забони англисиро медиҳанд, мебошад. Лоиҳаи Маркази Амрико аз тарафи Сафорати Иёлоти муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, соле як маротиба байни Сафорат ва садорати ташкилоти ҷамъиятии «Ҷаҳони мо» шартномаи ҳамкорӣ баста мешавад. Бояд қайд намуд, ки тӯли 13 сол инҷониб «Гӯшаи Амрико» ба тамоми табақаҳои аҳолии шаҳри Хуҷанд ва навоҳии гирду атрофии он хизматрасонӣ намуда, дар афзун шудани дониши ҷавонон мусоидат намуда истодааст.
Таъкид шуд, ки аз зарфиятҳои ин Марказ фаъолияти тарафайн ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...