14 Ноябрь 2018
Тавре ки мардуми шарифи Тољикистон огоњанд, 16 ноябри соли 2018 Нерўгоњи барќї- обии Роѓун ба кор медарояд. Ин рўз дар таърихи миллати мо бо њарфњои заррин сабт мегардад ва сањифаи наверо дар њаёти тамоми тољикистониён хоњад кушод. Зеро интизорињои деринаи мардуми мо самар медињад ва ин иншооти азиму муњими аср ба кор сар мекунаду ба зиндагии мо нуру сафо меорад.
Вале ин рўзи хушу хурсандї ва љашни беназири мардуми мо барои баъзе афроди бадхоњу палид мотаму фољеа мебошад. Аз хабару гузоришњои баъзе сомонањои душману њангомасоз чунин ба назар мерасад, ки ин њодасаи фарањбахш барои онњо хушоянд нест. Яке аз чунин нафарони бадхоњ соњиби сомонаи хабарии «Akhbor.com» Мирзои Салимпур мебошад.
Ин шахс дар гузаштаи начандон дур дар яке аз расонањои хориљии Ѓарб машѓули хабаркашиву дурўѓпароканї буд. Ба њамагон маълум аст, ки аксари расонањои хабарї ва пойгоњњо иттилоотї дар њељ давру замон озодии мутлаќ надоштанд ва Мирзои Салимпур њам вобастаи пули доирањои манфиатдор асту ѓуломи њалќабаргуши онњост.
Аз номгузории матлабу хабарњои Мирхои Салимпур маълум мешавад, ки ин нафар барои амали намудани ањдофи худашу «ба даст овардани грант» (дар асл музд бар ивази фаъолияти зиддимардумиаш) омодааст аз бањри ватану миллаташ гузараду њамаро аз дидгоњи танги ифротии худаш бањо дињад. Далели ин гуфтањо сарлавњањои чанд матлаби чоп намудаи ин сомона мебошад, ки мисол меорем:
1.«Бонки љаҳонї дар сохтмони ниругоҳи Роғун сармоягузорї намекунад»
2.«Се заминларзаи шадид дар наздикии ниругоҳи Роѓун»
3. «Маоши баландтарин - дар Роғун, аз њама паст - дар куҳистони Мастчоҳ.