(0 овоз, миёна 0 аз 5)

То ба кор даромадани чархаи аввали НБО Роғун лаҳзаҳои ба шумор мондааст. Воқеан барои миллати тоҷик ин воќеа фараҳбахшу беназир аст. Зеро он рамзу ифодагари тафаккури созанда ва қудрати нерӯи ақлонии инсон аст. Барои миллати пуршарафи тоҷик ифтихору хурсандии бепоён аст, ки ин сохтмони бузарги асрро бо иқтидори хеш ва бо роњбарии Пешвои худ мавриди баҳрабардорӣ қарор медиҳад. Моҳияти аслии инсон созандагї  ва офаринандагї аст.

Дар сатҳи умумиятҳои иҷтимоӣ миллате, ки ба тафаккури созандагӣ мерасад воқеан миллати растагор аст. Зеро танҳо миллатҳои офаринанда дар ҷаҳони кунунӣ дорои мавқеъ, обрӯ ва асолат мебошанд. Нерӯгоҳи Роғун бо пурра ба анҷом расидани сохтмонаш ва ба чархиш омадани 6 агрегати он метавонад 600 МВт/соат ва дар 1 сол 17,1млрд килловат соат нерӯи барқ ҳосил кунад ва яке аз бузургтарин НБО-њои љањон хоњад буд. Ҳарчанд сохтмони НБО Роғун чандин сол пештар оѓоз гардида бошад ҳам, вале дар солҳои аввали истиќлолият бо сабаби ба миён омадани гурўњњои бадхоњи миллат, аз љумла ТТЭ ЊНИ дар ин раванд монеаҳо эҷод шуданд. Бо оғози ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта, ки ба дасти нањзатињо ва бо супориши хољањои хориљии онњо роҳандозӣ шуда буд, сохтмони ин иншооти муњим пурра ќатъ гардида буд.

Аммо миллати огоњи мо дар атрофи сиёсати бунёдкоронаю сулњовари Пешвои Миллат муттањид гардид ва кишварро ба масири созандагӣ ворид намуд. Аз аввали солҳои 2000- ум сар карда дар кишвар ҳазорон иншоотњои гуногуни саноатию энергетикї ва коммуникатсионї  сохта тадриљан  мавриди истифода қарор гирифтанд.  Дар натиљаи чунин фаъолияти ободкоронаи Њукумат ва мардуми шарифи кишварамон Тоҷикистон аз як кишвари ноорому бунбастӣ ба як давлати босубот рушдкунанда, ояндадор, энергетикию саноатї ва транзитӣ табдил ёфт. Дар солњои аввали баъди љанги шањрвандї Роњбарияти кишвар њамчун яке аз  њадафњои муњими стратегї истиқлолияти энергетикии кишварро муайян карда буд, ки дар ин замина даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург то имрӯз ба фаъолият оғоз намудаанд. Дар аввалин марҳилаи ба миён омадани субботи иҷтимоӣ, ки солҳои 2000 буд дубора шуруъ кардани сохтмони НБО Роғун њамчун авлавияти сиёсии Роҳбарияти кишвар қарор гирифт. Зеро таърихан миллати тоҷик, миллати соҳибтамаддун, бунёдкор ва офаранда аст. Ҳамин аст, ки бо офаридаҳои моддӣ ва зеҳниаш дар тули таърихи ҳазорсолаҳо дар баробари султаҳои бегона истодагарӣ намудааст ва худро аз нобудӣ маҳфуз доштааст. Ҳаминро ба инобат гирифта Пешвои миллат иродаи сиёсии хешро барои бунёди НБО Роғун дар миён гузоштанд ва имрўз пирўз нардиданд. Новобаста аз ҳама монеаҳо, ки бар зидди  сохтмони ин НБО равона гардида буданд,  Роҳбарияти сиёсӣ ва миллати созандаи тоҷик ба ин рўзи фируз расиданд. Имрӯз барои ҳамаи миллати тоҷик ҷашн аст. Рӯзи ифтихору сарбаландист.  Сањифаи навест дар таърихи давлатдории мо. Зеро НБО Роѓун натанњо кишвари мо, балки тамоми минтаќаро ба сўи фатњу зафарњои нав ва тараќќию саодат мебарад.

Ҳарчанд душманони миллат, хусусан нањзатињо дар давоми  ҳамаи ин солҳо ба табли бегонагон рақсиданд ва дастовардҳои муҳими замони истиқлолро нодида гирифтанду хостанд аз тоҷик миллати хурофазадю ҷоҳил, нодону террорист созанд, ба ҳадафҳои нопоку шуми хеш нарасиданд. Нањзатињо дар кишварамон љанги дохилиро роњандозї карданд, то Роѓунро насозем, аммо ба маќсад нарасиданд.

Имрўз њам фаъолони нањзатї дар хориља панањ бурда, бо воситаи расонањои ифротии хабарии худ, ба мисли “Паёмнет”, “Ахборком”, “Ислоњнет” ва ѓайра бар зидди манфиатњои миллии Тољикистон бо навиштањои иѓвоангезонаи худ  муборизаи нољавонмардона мебаранд, кўшиш доранд, ки садди роњи тараќќиёти кишварамон шаванд. Вале боз ба ин њадафњои нопокашон нахоњанд расид.

Рўзњои наздик тамоми Тољикистон ва кишварњои дўст ифтитоњи фаъолияти НБО Роѓунро њамчун ҷашни бузург ва шодмонию сурур пешвоз мегиранд.  Вале барои худбохтагони курдилу нотавонбини ТТЭ ҲНИ ва расонањои хабарии “Паёмнет”, “Ахборком”, “Ислоњнет” ва амсоли инњо имрӯз рӯзи мотам аст. Зеро ба кор даромадани НБО Роѓун  ба миллати мо бахту рушної меорад, лекин нањзатињо бадбахтию торикию зулмотро мехоњанд.

Эњсони Илњом, коршинос

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...