(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБар Роғуни мо нигар, ки ид омадааст,
Аз шаш тарафи Ватан навид омадааст.
Чун миллатро Сарвари фархунда накӯст,
Ҳамфикрӣ зи иттиход падид омадааст.
Бедор бишуд хуфта зи ҳарфу суханаш,
Сарҷамъ ҳама ба иттифоқи ватанаш.
Имрӯз ҳама пиру ҷавон даст ба даст,
Созандаи НОБ-и Роғуни хамватан аст!

Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ҳамчун арзишҳои бисёр азизу муқаддас аҳамияти ниҳоят калон доранд ва ҳифзу таҳкими онҳо вазифаи ватандӯстонаи ҳар як шаҳрванди бонангу ори Тоҷикистон мебошанд. Дар даврони истиқлолият Тоҷикистон ба дастовардҳо ва музаффариятҳои зиёде дар ҳама самтҳои ҷомеа ноил гаштааст.
Зиёиён бояд наврасону ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву худшиносии миллӣ тарбия намоянд. Пас, устодону омӯзгоронро мебояд, ки дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон такрор ба такрор ба хонандагону донишҷӯён таъкиду талқин намоянд, ки вай шахсияти ояндасози ҷомеа асту дорои фаҳмишу биниши хосаи худ. Хотирнишон кардан бағоят муҳим аст, ки ин иқтидори зеҳнии насли наврасу ҷавонро ангезиш дода, бедор кардан лозим аст, то ки саҳми худро баҳри эҷоду офаридаҳо ба хотири рушду тараққии кишвари азизамон гузоранд.
Лекин ба баъзе ашхос ва гурӯҳҳо сулҳ дар Тоҷикистон бар хилофи нақшаҳои шуми онҳо буд. Бо истифода бурдан аз хоинону ватанфурӯшон, ки ба онҳо вазоиф ва курсиҳо ваъда дода буданд, ба ноором сохтани давлати Тоҷикистон шурӯъ карданд. Вале, пас аз чандин маротиба кӯшишҳои номардона ва ғайриқонунӣ пеша кардани мухолифини ҳукумат, ки хоҳони ба даст овардани ҳукумат буданд, билохира дар Тоҷикистон шикаст хӯрданд, зеро, ки ҳам ноҳақ буданд ва ҳам аз тарафи аҳолӣ дастгирӣ наёфтанд. Чунки миллати тоҷик рӯзҳои сахтро ҳанӯз фаромӯш накардааст. Акнун, ки иқтисодиёт рушд карда, ҳама аз паси зиндагии осоишта мебошанд ва фаҳмиданд, ки пешравии ҳаматарафаи ҷомеа аз тинҷиву амонӣ мабдаъ мегирад. 
Аммо, мутаассифона то ба ҳол дар байни миллати тоҷик ҳастанд муздуроне, ки тайёранд барои маблағ ва курсӣ ватани худро боз ба хуну хок оғушта созанд. Чунин ашхосро на ғами Ватан асту на ғами миллат, барои онҳо фақат манфиатҳои шахсии худ ва хоҷагонашон авлотар ҳасту бас. Мо дар даврони иттилоот умр ба сар мебарем ва ба воситаи маҳз иттилоот фитнагарон ва таблиғчиён ҷавонони ноогоҳу бедонишро ба сӯи худ ҷалб мекунанд. Бо воситаи сомонаҳо бештари ҷавонон ба доми фиреби мухолифини ҳукумати Тоҷикистон меафтанд. Гурӯҳҳои мухолифини давлати Тоҷикистон бо дурӯғу туҳматҳои нав ба нави худ алайҳи ҳукумат мехоҳанд мардуми тоҷикро бишӯронанд ва боз як майдони ҳарбу зарб дар харитаи сиёсии дунё пайдо шавад.
Мо ҳама аз он шоду масрурем, ки баъди чанд рӯзе чархаи аввалини нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ба кор оғоз карда, саҳифаҳои тозаеро ба мардуми шарифи Тоҷикистон боз хоҳад намуд. Ифтитоҳи корҳои сохтмонӣ дар бунёди сарбанд ба мардуми сарбаланди деринтизори тоҷик тўҳфаи идонаест ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Зеро ҳамаи кўшишу заҳматҳои Пешвои миллат танҳо ба хотири амалӣ намудани ҳадафҳои асосии стратегии кишвар, аз ҷумла, таъмини истиқлолияти энергетикӣ нигаронида шудааст. Ин нукта дар суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо роҳбарону мутахассисони нерўгоҳи барқи обӣ ва сокинони шаҳри Роғун низ равшану возеҳ ифода ёфтааст: «…бе сохтмони нерўгоҳи барқи обии «Роғун» ноил шудан ба истиқлолияти комили энергетикӣ ғайриимкон аст».
Сарбанди нерўгоҳи барқи обии «Роғун» бо баландии 335 метр баландтарин садди заминӣ дар ҷаҳон маҳсуб гардида, бо иқтидори 3600 мегаватт ва ғунҷоиши 13,3 километри мукааб об дар обанбори он, метавонад барои ҳаллу фасли масъалаҳои обу энергетика дар минтақа нақши арзишманд дошта бошад. Қобили зикр аст, ки лоиҳаи нерӯгоҳи “Роғун” ба талошҳои имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои гузаштан ба “иқтисоди сабз”, ки асоси онро истифодаи сарчашмаи энергияи барқароршаванда ташкил медиҳад, мувофиқ буда, татбиқи он имконият медиҳад, ки партофти садҳо ҳазор тонна газҳои карбон ба ҳавои атмосфера кам карда шавад.
Аммо, мутассифона, душманон ва бадхоҳони миллат ин ҳама дастоварду комёбиҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро чашми дидан надоранд ва ба ҳар василае нисбати миллату давлат бадгӯиҳо мекунанд. Ин нохалафон дур аз Ватан бузургтарин дастоварди миллат дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи энергетика бунёди НОБИ Роғунро, ки барои мардуми тоҷик сарбаландию сарфарозӣ меорад, дидан намехоҳанд. Мо ҳама хуб медонем, ки Роғун сарчашмаи нуру зиё ва расидан ба орзуҳои чандинсолаи мардуми шарифи тоҷик аст. Ин дастоварди беназири таърихиро ба миллату давлат таҳният мегӯем: 
НОБ-и Роғун мебиёрад бар диёрам бахти хуш,
Чашми чашмгирони душман, эй Худоё, ту бипӯш.
Халқи тоҷик солҳо буд мунтазири ин сана,
Ту бидоди сабр моро хам хирад ҳам ақлу ҳуш.
Тоҷикистон ид бар болои идаш зам шудаст,
Душмани тоҷик гирифтори азобу ғам шудаст.

Тӯрақул Ризоқулов, Нодирҷон Ҷалолов,
устодони ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...