(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt9 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо лоиҳаҳои бунёди муассисаҳои таълимии муосир шинос шуда, барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаби нав санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳо ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар ноҳияҳои Сино, Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ ва Шоҳмансури пойтахт аз ҳисоби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибкорони ватандӯст бунёд карда мешавад.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои 7 мактаби нав муаррифӣ карда шуд.

Тавре иттилоъ дода шуд, як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 2560 нафар дар ду баст дар маҳаллаи Меҳрободи ноҳияи Сино, мактаб бо 2560 ҷой дар ҳудуди тараққиёти шаҳри Душанбе, мактаб бо 2560 ҷой дар кӯчаи Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи 65 - уми ноҳияи Фирдавсӣ, мактаб бо 2400 ҷой дар маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе, Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 бо 2400 ҷой дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14 бо 2400 ҷой дар ду баст дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ бунёд карда мешавад.

Имрӯз дар маҷмуъ аз ҷониби Пешвои миллат барои оғози корҳои сохтмонӣ дар 7 мактаб бо 17 ҳазору 80 ҷойи нишаст санги асос гузошта шуд.

Айни ҳол дар шаҳри Душанбе бунёди боз панҷ мактаби муосири дигар идома дорад.

Мавриди зикр аст, ки бо ташаббус ва ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 22 мактаби наву замонавӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст бунёд ва ба истифода дода мешавад, ки ин талаботи ноҳияҳои пойтахтро барои бо ҷойи нишаст таъмин кардани хонандагон пурра қонеъ мегардонад.

Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 14, ки имрӯз лоиҳаи бунёди он ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ карда шуд, дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 апрели соли 2017 аз тарафи Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати қариб 1 гектар сохта мешавад. Мактаб аз чор иншооти се ва чорошёна иборат буда, барои 2200 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳудуди иншоот, майдонча барои машқҳои варзишӣ, нуқтаи назоратӣ, таваққуфгоҳ барои мошинҳо, дар ошёнаҳои он бошад, ошхона бо ҳуҷраҳои ёрирасон барои 215 хонанда, толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, синфҳо барои таълими меҳнати духтарон ва писарон, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русию англисӣ, маҳорати ҳарбӣ, компютерӣ, рассомӣ, мусиқӣ, озмоишгоҳҳои физика, кимиё ва биология, сохта мешавад. Дар бинои мактаб китобхона бо толори хониш, анбори китоб ва толори маҷлис бо 350 ҷойи нишаст пешбинӣ гардидааст.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаҳои сохтмони 7 мактаби наву замонавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарон барои иҷрои корҳои босифати   сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ дар пойтахт аз ҳадафҳои сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини хонандагон бо шароити муосири илмомӯзӣ ва беҳтар кардани сифати таълиму тарбияи насли навраси кишвар мусоидат мекунад.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...