(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Расонаҳои иттилоотӣ ба муқобили давлату миллати тоҷик фаъолияти тахрибкорона ва иғвогаронаро пеш гирифта, маҳз ин амали нангин зери роҳбарии аҷнабиён ва худи тоҷиконе ки дар хориҷ аз кишвар кору иқомат доранд, сурат мегирад. Сомонаҳои ба ном тоҷикии дар хориҷ фаъолияткунанда ба таҳрифи ҳаводиси кишвар даст мезананд. Воқеаҳои дохили Тоҷикистонро вобаста ба хоҳишу дархости роҳбарияти марказии воситаҳои иттиллотӣ, ки дар хориҷ маблағгузорӣ карда мешавад, шарҳу тасвир мекунанд ва дар он маводи зидду нақиз интишор меёбад.

Яке аз ин расонаҳо «Ахбор» мебошад, ки аз ҷониби Мирзои Салимпур бо маблағгузории кишварҳои хориҷии маълум таъсис дода шудаву дар шаҳри Прага дафтари худро дошта, ба ҳаёти орому осудаи давлату миллати тоҷик нигоҳи нек надорад. Масалан, таърихи 8-уми ноябри соли ҷорӣ дар ин торнома яку якбора чор матлаб инъикос ёфтааст, ки дар бораи дар як зиндони вилояти Суғд ошӯб бардоштани маҳбусон, атрофи зиндонро муҳосира намудани нирӯҳои амниятӣ ва куштаву захмӣ шудани чанд нафар, нақл мекунад. Яке аз он матлаб бо номи «Исёни мусаллаҳонаи маҳбусони доишӣ ва таҳрирӣ дар як зиндони вилояти Суғд» интишор ёфтааст. Ҳарчанд «Ахбор» сарчашмаи муътамад надорад, вале гӯё аз Хуҷанд итттилоъ дода шудааст, ки дар задухӯрдҳои дохили маҳбас чанд нафар куштаву захмӣ шуданд. Бо интишори ин гузориши буҳтонӣ иддао мекунад: «Ошӯбгарон дар зиндони Хуҷанд онҳоеянд, ки бо ҷурми узвият дар созмони террористии ДИИШ («Давлати исломӣ») ва Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи «Таҳрир» маҳкум шудаанд». Ғарази Мирзо боло мегираду на аз рӯи ҳақиқатнигорӣ, балки аз рўи таваккал ва танқид ба воқеаҳо баҳо медиҳад ва дар бозтоби ҳаводис иштибоҳ мекунад. Вай бештар бо таҳриви факту санадҳо ва хабарҳои сохтаву бофта матолиб омода мекунад. Ба воқеаву ҳодисае таваҷҷуҳ намуда, онро аз будаш зиёд ва бо дурӯғу буҳтони ногуфтанӣ инъикос менамояд.

М.Салимпур чун бадкешон бо ҳасуд барои бароварда гардониданӣ ормонҳои сарпарастон аз ҳар роҳу восита истифода менамояд. Мекӯшад мардуми сарбаланди тоҷикро гумроҳ карда, ба воқеаҳои таҳрифкардааш бовар кунонад. Маълум мегардад, ки торнома чанд хабари дар боло овардушударо чӣ гуна обуранг додааст.

Аммо ин вебгоҳ аз иттилооти дурӯғ, пахши такрории иттилои таҳрифшуда, тахрибкории мустақим истифода мебарад. Вобаста ба ин дар маводи «Ҳалокати беш аз 20 нафар дар исёни мусаллаҳона дар зиндони Хуҷанд» дурӯғро инъикос мекунад ва фаҳмидан ҳам душвор нест, ки иттилои пешниҳодшуда дар зимн ҳадафи дигар низ дорад. Дар зери парда хабар ҳамчун хусусияти умумидошта паҳн мегардад. Вале баръало дурӯғ буданаш эҳсос мешавад, ки танҳо барои як қисми андак ё танҳо барои як қисми муайяне эътибор дорад ва мақсади ҳамон ҷонибро тасвир мекунад.

Кизб будани иттилооти торномаи мазкур дар он асос меёбад, ки далели аососиро бо маълумоти бардурӯғ иваз карда, мазмуну муҳтавои аслиро аз байн бурдааст. Гузорише таҳти унвони «Шӯриш дар зиндони Хуҷанд: 27 кушта ва беш аз 100 захмӣ» тасвир меёбад, ки як дурӯғ мунтазам аз ҷониби дурӯғи нав ва ё дигар иваз шуда, дурӯғи пештар гуфташуда фаромӯш мегардад ва буҳтони ивазшуда инъикос меёбад. Хабари такрории дурӯғ имкон медиҳад, ки «ташвиқи лаҳзаӣ» ба вуҷуд ояд. Инро метавон иттилои махсуси дурӯғ ҳисобид. Зеро таъсири эҳсосотӣ ва равонии шахсро бедор намуда, ӯро ба самти нодуруст раҳнамоӣ мекунад. Иттилооти дурӯғе, ки Мирзои Салимпур дар робита ба ошӯб паҳн мекунад, мақсади эҳсосотӣ намудан ва ё нияти парешон ва пароканда кардани ҷомеаро дорад. Дурӯғ сабаб мегардад, ки  норозигии мушаххас аз вазъият ба вуҷуд ояд.

Рустам Раҳимов, таҳлилгар

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...