(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Модар қиматтарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати бекарон, ҳимматбаландтарин шахси башарият аст. Маҳз меҳри бепоёнаш фарзандро ба оламу одам ошно сохта, ба некӣ, баҳри оромиву осудагӣ ва сиҳатӣ роҳнамоӣ мекунад. Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи насли ватанпарвару миллатдӯст, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

Мутаассифона, на ҳама модарон ба қадри ин номи бузург мерасанд, иззату эҳтироми ин номро ба ҷо меоранд. Ҳолатҳое мешаванд, ки зан-модар дилсӯзию мушфиқӣ, меҳру муҳаббаташро ба коми фаромӯшӣ супорида, гоҳо носипосиҳоеро пеша мекунад ва сабабгори асосии ба вуҷуд омадани нооромиҳои дохиливу берунии қувваҳои манфиатхоҳ гардида, бо ин роҳ оромии ҷомеаро барбод доданӣ мешавад. Ҳамин аст, ки хонум Мамадшоева Улфатхон Масумовна дар дохил кор мекунад ва аз хориҷ идора карда мешавад. Ҳодисаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Қӯҳистони Бадахшон бори дигар нишон дод, ки модари иғвогар ва фиребандаи мардуми Бадахшон бо афроди аҷнабӣ ҳамсуҳбат гашта, барои оромиро аз байн бурдан бо онҳо аҳди хизматгузорӣ бастааст.

Барои гирди ҳам омадан дар шаҳри Хоруғ маҳз вай талош мекунад. Ин бори аввал нест, масалан, ҳангоми бетартибиҳои оммавии соли 2012 Мамадшоева Улфатхон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Хоруғ сафар карда, ҳисси бадбинии як гурӯҳ занонро ба муқобили ҳукумати Бадахшон ва сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ бедор карданӣ шуд. Бо ишора ба занони мисли худ манфиатҷӯ даъво пеш овард, ки бояд дар Бадахшон танҳо бадахшониҳо кор ва сукунат намоянд. Дигар тоҷикони дар ин минтақа истиқоматдошта бояд тарки Бадахшон бикунанд. Мамадшоева худ мунофиқ аст ва якпорчагии марзу буми кишвари азизамонро намехоҳад. Вале давлату миллати тоҷикро гунаҳкор кардан дорад. Улфатхонум худ гумроҳ аст, ки роҳи раҳоӣ надорд ва бар замми ин, занону ҷавонони осудаҳоли Бадашхонро ба гумроҳӣ мекашад.

Занон дар тамоми давру замон пеши роҳи тахрибкориву ҷангро мегирифтанд, аммо Мамадшоева аз он модаронест, ки хоҳони нооромиву низоъ ва ҷангу набард аст ва то ҳол аз рафтори ғалаташ даст накашидааст.

Дар аксар маврид Улфатхонум худро ҳамчун коршинос ба қалам дода, вазъияти имрӯзаи давлатро бо диди мунофиқонаи хеш баҳо медиҳад. Дар ҳар суханаш дурӯғ ҷой дорад, ки мардумро бо иштибоҳ сӯи гумроҳӣ кашад. Дар ин бора ҳатто дар воситаҳои ахбори омма суҳбатҳо мекунад ва як қатор матолиби зиёди дур аз ҳақиқатро рӯи сафҳа меоварад. Дар аксари гуфтугӯи номбурда иғвоангезӣ ва худхоҳӣ  ба назар мерасад. Ба ин мисол шуда метавонад, мусоҳибаи Мамадшоева Улфатхон дар бахши тоҷикии радиои «Би-би-си» бо хабарнигор Заринаи Хушбахт, ки гуфт: «Бо вуҷуди он ки миллати мо дар шиноснома тоҷик навишта шуда буд, мардум аз ҳам хеле ҷудо буданд, яъне мо ба унвони як миллати том вуҷуд надоштем».

Улфатхонум дар бораи ояндаи кишвар фикрҳои куллан хаторо ироа медорад ва назди ҳар нафар нисбат ба сиёсати имрӯзаи ҳукумати ҷумҳурӣ назари интиқодӣ мекунад. Пеш аз ҳама Мамадшоева ҳамчун модар бояд сиёсати хирадмандонаи ҳукуматро ҷонибдорӣ кунад ва ҳамақида бошад, он гоҳ метавонад ҳамчун модари мушфиқу ғамхор бошад, вале ҳайҳот.

Аксарият чунин хислату пиндори бад доштани ӯро низ эътироф кардаанд. Бояд қайд намуд, ки ҳамкоронаш дар ин росто мавқеи хиёнаткоронаи ӯро эҳсос намудаанд ва ӯро дастгирӣ накарданд. Вай чун журналист баромад намуда, ба воқеҳо тобиши дигар медод ва факту далелҳоро ба манфиати худ таҳриф менамуд. Мамадшоева Улфатхонум нафарест, ки дасисаю иғвоангезиро ҳадафи кори худ қарор медиҳад ва аз дурӯғ ҳақиқат месозаду аз ҳақиқат дурӯғ. Ӯ бо таҳлили нодурусти вазъият мардумро ба гумроҳӣ мекашад, ҳатто фиреб ҳам мекунад. Дар бораи ҳаводиси сохтаю бофтае гап мезанад, ки худаш ба гуфтааш шак меорад. Мақсади вай танҳо хизмати бегонагон аст, ки мардуми орому осудаи Бадахшонро ба шӯр оварад. Улфатхонум  мекӯшад аз ҳар роҳу восита истифода карда, мардумро гумроҳ кунад ва зидди сохти конститутсионӣ равона созад.

Дар Тоҷикистон нафароне ҳастанд, ки ба номи ватан камари ҳиммат баста, то охири умр содиқ мемонанд ва баҳри рушду нумуи давлати миллӣ замина мегузоранд. Вале Мамадшоева Улфатхонум бошад, баръакс барои пешрафти кишвар монеа эҷод мекунад.

Р.Қурбонов

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...