(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Идомаи мақолаи «ТУ ҶУҒЗӢ, КИ АЗ ҶАЗИРИҲО СУХАН ГӮӢ» (Қисми 2)

Аз ҷониби фидоиёни Ватан, коргару меҳнаткашон вокуниш нишон медиҳанд ва аз ҷониби оппозитсияи бадманиш, «лидеракҳо»-и гуреза, суст ва инфъиолӣ. Худ  қазоват кунед.

 

Чи тавре ки Фурқат Олимов, муҳандиси барқ, собиқадори НБО «Норак» дар мақолаи («ТУ ҶУҒЗӢ, КИ АЗ ҶАЗИРИҲО СУХАН ГӮӢ» (Дар партави сангпартоиҳои оппозитсия ба рафти сохтмони аср-НБО «Роғун») дар бораи фаъолияти зиддимиии паймонакҳои хориҷимаоб изҳори ақида карда буд,»Оппозитсияи фирорӣ, кӯтоҳандеш ва миллатситез. Оппозитсияе, ки аз биниаш дуртар намебинад. Оппозитсияе ки дарк намекунад, ки бо оғози кори НБО «Роғун» хонаи тоҷик, аз ҷумла падару модар ва хешутабори онҳо, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, аз нур баҳравар мешавад, на аз торикиву зулмот, ки мухолифини мутлақандеш дар муддати ҳукумати 6 моҳаи мусолиҳаи худ дар соли 1992 ба армуғон оварда буданд. Бад ин васила, бар ҷомеа фарҳанги хушунат, қатл ва мардумозориро таҳмил мекарданд. Мухолифони доим гуреза намефаҳманд, ки агар дар масъалаҳои ҷузъӣ мухолифатварзӣ бозие беш нест, дар масъалаҳои муҳими давлатӣ иттиҳод ва ваҳдати назар ҷузъи фарҳанги сиёсӣ аст. Куҷо гӯши гапшунав ва шахси додрас?»

Ин меҳнаткаш боварманд аст, ки «Амдан ва қасдан калимаи воло ва гуҳарбори «Тоҷик»-ро дар қиболи оппозитсия намегузорем. Оппозитсия агар дар кишварҳои алоҳида тобиши созандагӣ дорад, интиқодро бо нишон додани роҳи мушкилот омехта мекунад   ва то андозае  фаъолияти онро раво медонанд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оппозитсия ёғӣ, балвогар ва ба сурати умум на душмани ғоявӣ, балки рақиби оштинопазири миллӣ ва арзишҳои миллат аст».

Ф.Олимов чанд далел овардааст:

«Якум, тасарруф, сӯистифода ва ба таври мутлақ забту ишғол кардани ғояҳои демокративу мардумсолорӣ дар замони рӯзҳои нахустини касби Истиқлол ва ба онҳо додани пӯшиши сирфан хурофотии асримиёнагӣ;

Дуюм, инкор кардани ақидаи  дунявии аксари мардум ва таҳмили андешаи яксара танги «инқилоби исломӣ»;

Сеюм, охири солҳои 80-уми асри 20, интеллигентсияи ҳушёр ва бедори кишварҳои пасошӯравӣ, дар сатҳи минтақа ва чаҳон барои  ёфтани роҳҳали буҳронҳои иқтисодӣ, стратегӣ ва ҳарбӣ ҷонканӣ мекарданд. Дар назди роҳбарияти вақти Шуравӣ масъалагузорӣ менамуданд, имтиёз металабиданд. Акнун, таззоди мантиқро бинед:  Оппозитсияи домулломеҳвари ҶТ ба зиддиятҳои миллӣ ва маҳаллӣ доман мезаданд, вазъиятро ба нооромӣ меоварданд ва артише ки бо тамоми абзораш бо ду дасти адаб бояд дар ихтиёри ҶТ қарор мегирифт, як унсури нодаркор барои давлат медонистанд.

Чорум, чун аждаҳои аз хоб бедоршуда, оппозитсия,ки на фаҳми сухан дошт ва на аз оянданигарии миллат бӯе мебурд, тазоҳуроти фарогир бар зидди  лоиҳаҳои калидии иқтисодии Тоҷикистон, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли аккамуляторҳои алюминӣ, мошинсозӣ ва сохтмони НБО «Роғун»-ро ба роҳ монд. «Роғун» лоиҳаи «зиддимардумӣ» эълон шуд.  «Модару падари миллат», ки забони гӯёи оппозитсия буданд, худӣ ва ҷаҳониёнро мутақоид месохтанд, ки ин лоиҳа бар зарари мардум аст, табиатро валангор ва мардумро беҷою макон мекунад.

Ҳамчун паёмади ин бозиҳои ҷоҳилона ва нохирадонаи онҳо буд, ки имкониятҳои воқеӣ аз даст рафтанд, мутахассисони русзабон, ки дар ҷомеаи тоҷикӣ унс гирифта бо расму ойинҳои миллӣ гиреҳ хӯрда буданд, баъд аз шиорҳои «Русҳоро гаравгон гиред», ки аз ҷониби саркардаҳои созмони «шутурговпалангӣ»-и  муллоҳои демократмаоб садо медод, Ватанро яксара тарк карданд.

Бинобар решаҳои амиқи хатарофарии оппозитсия ба тақдири ин миллат, дар бораи банди чоруми хиёнатҳои оппозитсия, ки монеаи сохтмони НБО «Роғун» буд, дида мегузарем.

Сараввал, оппозитсия  дарк кардааст, ки бо сохтмони НБО «Роғун», бозгашти онҳо аз мулки ғурбат, ки дар он ҷо аз 15 нафар зиёд нестанд ва ҳама ба куллӣ иғовагаранд, сипари ҷиддӣ гузошта мешавад ва мардум худ довталабона мухолифи  ақидаҳои ҷазмбоваронаи онҳо мегардад, ки ин ақида то имрӯз иборат буд танҳо аз як даъво: барқ нест.

Ҳоло ки истиқлоли энергетикии Тоҷикистон  бо обилаи дасти коргар ва мудирияти волои давлатмардони  тоҷик бино меёбад, асосе, далеле, хасе ва санге барои пойгоҳи эътирозӣ, ки хоси мухолифмашрабон аст, дигар пайдо намешавад. Ба ибораи дигар, оппозитсияи ҳамеша муҳоҷир  риторикаи танқидии худро ба гӯр мебарад ва Нурулло Қурбоновҳо, ки фаровардаи торикиҳои оппозитсия ҳастанд, ҷойгоҳашон таҳхонаҳои кишварҳои гадопарвар аст. Зеро, «Гадо, ки аз як дар гузашт, шарми рӯяш мепарад».

«Роғун» нанги тоҷик аст, ки мардумро барои якумра бо барқ таъмин хоҳад кард. Хушбахтона ҷойгоҳи оппозитсияи душманпарвар аз ин ба баъд дар ҷомеаи тоҷик доим холӣ хоҳад монд.

Ҳамин тариқ мо бо Фурқат Олимов ҳамфикрем, ки таҳлили фаъолияти се даҳаи оппозитсия дар дохил ва берун нишон медиҳад, ки онҳо ба таври нохудогоҳ бар зидди лоиҳаҳои сарнавиштсози миллатанд, зеро хӯйи ғуломӣ ва бардапарварӣ чунон дар зеҳнашон нақш бастааст, ки мехоҳанд ҳама ба мисли онҳо бардаву ғулом бошанд.

Фарҳод Калонов, таҳлилгар

 

 

 

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...