(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар театри давлатии мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилояти Суғд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода ва фаъолон маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода маҷлиси тантанавиро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд. Боиси хушбахтӣ ва сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст, ки 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Қабули Конститутсия ин воқеаи барҳақ таърихиву тақдирсоз буд. Мо бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аҳли олам тавлиди давлати навини демократии ҳуқуқбунёду дунявиро бо номи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисми ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ будани халқи кишварамонро эълом доштем.

altМаъруф Муҳаммадзода гуфт, ки баъд аз қабули Конститутсия таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар ислоҳоти бунёдиву фарогири сиёсиву ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ оғоз шуда, барои ба танзим даровардани соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, давлат ва суботи конститутсионӣ заминаи мустақим фароҳам оварда шуд. Аз ин лиҳоз, солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи санаҳои тақдирсози халқу миллат ва кишвар – Рўзи Истиқлолияти давлатӣ ва Рўзи Ваҳдати миллӣ барҳақ мавқеи хосаи ҳам сиёсӣ ва ҳам иҷтимоию маънавиро дорост. Мояи ифтихор аст, ки таҳлилгарони сатҳи ҷаҳонӣ Конститутсияи моро аз ҷумлаи демократитарин ва инсонпарваронатарин конститутсияҳо арзёбӣ намуданд ва имрўз ҳам ин ақида тағйир наёфтааст. Зеро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ доштани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он, баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқро эътироф мекунад.

Сипас, муовини якуми Раиси вилоят Рустам Раҳматзода табрикоти Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар ҳақиқат, дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқӣ барои татбиқи дигаргуниву навгониҳо дар тамоми соҳаҳои ҳаёт ба хотири пешрафти ҷомеа тарҳрезӣ шудаанд ва ҳадафи аслӣ фароҳам овардани имконот барои рушди тамоми ҷомеа ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиклол мебошад. Аз ин лиҳоз, ҳадафмандона риоя ва амалӣ намудани матлабҳое, ки дар Конститутсия баён шудаанд, фаъолияти пурсамарро дар тамоми соҳҳои ҳаёти ҷамъиятӣ кафолат медиҳад. Вазъи иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки дарвоқеъ, тамоми дастовардҳои ноилшудаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бевосита ё бавосита бо қабули Конститутсия вобастагӣ доранд. Конститутсияи Тоҷикистон таҷассуми давлату давлатдории миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик буда, бо назардошти олитарин арзишҳои умумибашарӣ таҳия гардидааст, бинобар ин, аз ҷониби коршиносон яке аз беҳтарин конститутсияҳои олам эътироф шудааст. Он моҳияти инсонпарварона дошта, баёнгари ормону ҳадафҳои аслии тамоми ҷомеаи кишвар ба шумор меравад”.

Дар анҷоми чорабинӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рўзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, барояшон сиҳату саломатӣ, осмони софу беғубор, зиндагии бобарор ва саодатмандию сарбаландии рўзгорро таманно намуд.

Барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...