(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Паркамчӣ Маркази саломатӣ ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ карданд.

Бинои нави Маркази саломатии деҳаи Паркамчӣ аз ҷониби сокинони деҳа бунёд гардида, аз як ошёна ва ҳуҷраи барои хатна, таваллудхона, доругузаронӣ, ҳуҷраи қабули беморон ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Айни замон Маркази саломатии мазкур дар деҳаи Паркамчӣ ягона буда, он бо тамоми шароитҳои зарурии тиббӣ ва мутахасисони кордону ботаҷриба таъмин мебошад.

Пешвои миллат иқдоми сокинони деҳаи мазкурро намунаи ибрат ва амалӣ хайрхоҳонаву ҷавонмардона маънидод намуда, табибону мутахасисонро ба хизмати софдилонаю содиқона барои ҳифзи солимии сокинон ҳидоят намуданд.

Дар шафати Маркази саломатӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 - ро ифтитоҳ карданд.

Бинои нави таълимӣ 3 - ошёна буда, дорои 960 ҷойи нишаст дар ду баст мебошад. Мактаб аз синфхонаҳои фаннӣ, китобхона, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки муассисаи мазкур аввалин мактаб дар деҳаи Паркамчӣ буда, аз соли 1930 то соли 1968 - ум ҳамчун мактаб барои синфҳои ибтидоӣ ва баъдтар то соли 1989 ҳамчун мактаби 7-сола фаъолият кардааст. Аз соли 1989 ба зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ гузаштани мактаб, барои бошандагони деҳаи Паркамчӣ туҳфаи арзандае гардид, зеро бо ин васила аз пештара дида имконияти таҳсил дар деҳот фарохтар шуду шароитҳо низ хубтар гаштанд. Акунун вобаста ба талаботи замон ва рушди соҳаи маориф дар кишвар,  дар заминаи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони бонангу номуси деҳа ва сокинони ватандӯсти он бинои куҳнаи мактаб ба як иншооти наву замонавӣ табдил дода шуд. Сохтмони бино ҳанӯз моҳи  апрели соли 2018 оғоз гардида,  дар давоми 7 моҳ пурра бо сифати баланд сохта ба истифода дода шуд. Бино бо тарҳи зебои меъморӣ бунёд шуда, ба симои деҳа зебогии дигар зам кард.

Зимни шиносоӣ, Пешвои миллат ба кори сохтмончиён баҳои баланд дода, барои беҳтар кардани сифати таълиму тарбия, фаъолияти босамар ва истифодаи судманди имкониятҳои таълимӣ ба омӯзгорон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Қобили қайд аст, ки дар муассиса ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷӯҳи махсус зоҳир гардида, муваффақиятҳо низ назаррасанд.

Дар таълимгоҳ айни замон 300 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта шудааст, ки омӯзгорони соҳибихтисосу ботаҷриба ба онҳо таълим медиҳанд.

То имрӯз тариқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Данғара 16 нафар омӯзгори ҷавон аз ҳисоби хатмкардаҳои муассисаҳои соҳавии кишвар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият менамоянд.

Мавриди зикр аст, ки баъди ба тасвиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону шахсони саховатпешаи деҳа дар дастаҷамъӣ барои ободии як гӯшаи диёр камари ҳиммат бастанд.

Дар ин баробар мумфарш кардани 4,5 километр роҳҳои байни деҳаҳо, иваз намудани симчӯбҳои фарсуда бо пояҳои оҳанию бетонии нав, васли чароғакҳои равшанидиҳӣ, бунёди иншооти маишию хизматрасонӣ ва ғайра, аз ҷониби соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи маҳаллӣ сурат гирифтанд.

Сокинони ватандӯсти деҳа барои истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди дигар иншооти муҳимро идома медиҳанд ва барои шукуфоии диёри хеш саҳми муносиб мегузоранд.

Баъди ифтитоҳи бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 дар саҳни ҳавлии мактаб Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва ҳайати омӯзгорону хонандагон мулоқоти самимӣ доир карданд.

Сарвари давлат ифтитоҳи бинои мактаб ва маркази саломатиро ба сокинон муборакбод гуфта, ба шахсони саховатпешаи ноҳия барои амалӣ кардани иқдомҳои ибратбахш баҳри ободии диёри хеш, изҳори сипос карданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...