(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар доираи сафари корӣ дар ноҳияи Данғара Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба фаъолияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир” оғози расмӣ бахшиданд.

Ёдовар мешавем, ки барои бунёди корхонаи мазкур моҳи майи соли 2017 аз тарафи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санги асос гузошта шуда буд. Ҳамон вақт Сарвари давлат ба масъулон дастур дода буданд, ки корхона дар муҳлати якуним сол бо сатҳу сифати баланд сохта ба истифода дода шавад. Инак бо ҷалби сармояи хориҷӣ ва саҳми соҳибкорони ватанӣ дар муддати камтар аз як солу шаш моҳ ин корхонаи бузурги саноатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Корхонаи муштараки “Муосир” дар масоҳати 24 гектар бунёд гардида, он аз 21 бинои истеҳсолӣ ва иншооти ёрирасон иборат мебошад.

Баъди анҷоми корҳои сохтмонӣ ва васлу насби технология дар марҳилаи аввал масъулон азм доранд, ки дар оянда барои ба роҳ мондани истеҳсоли дигар намуди маҳсулот нақшаҳои мушаххасро амалӣ созанд.

Дар маркази идораи бинои маъмурии корхона Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пахши тугма таҷҳизоти муосири онро ба кор андохта, раванди истеҳсолотро тавассути монитор назорат карданд.

Чунин низоми замонавӣ дар ҳудуди иншооти истеҳсолӣ низ ба роҳ монда шудааст ва тавассути марказҳои ягонаи идораи рақамӣ раванди истеҳсолот дар ҳудуди корхона пайваста назорат карда мешавад. Иттилоъ дода шуд, ки дар корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин 14 намуд таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудааст ва иқтидори истеҳсолии он дар як сол 20 ҳазор тонна маҳсулотро ташкил медиҳад.

Ашёи хом ба корхона аз дохили мамлакат ва инчунин аз Федератсияи Россия, Чин ва Ӯзбекистон дастрас мегардад. Айни замон дар корхонаи муштараки “Муосир” 3 намуд маҳсулот барои кандани нақбҳо, истихроҷи сарватҳои зеризаминӣ, бунёди роҳҳо ва кофтани чоҳҳои амудӣ истеҳсол карда мешавад. Барои нигоҳдории маҳсулоти тайёр берун аз ҳудуди корхонаи истеҳсолӣ 4 анбор бунёд карда шудааст ва дар ҳар яки он мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ шароит муҳайё мебошад. Анҷоми корҳои истеҳсолию хизматрасонӣ, захира ва интиқоли маҳсулоти тайёр тавассути 12 техникаву механизми махсусу борбардор роҳандозӣ мегардад.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки айни замон дар ин корхона 80 нафар, аз ҷумла 60 нафар шаҳрвандони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъминанд. Барои мутахассисону дигар коргарон шароити мукаммали фаъолият фароҳам оварда шудааст.

Дар корхонаи муштараки “Муосир” баробари сокинони маҳаллӣ ҳамчунин аз дигар минтақаҳои мамлакат шаҳрвандон ба кор ҷалб шудаанд ва ба онҳо дар ҳудуди корхона манзили зист муҳайё мебошад. Дар хобгоҳи ин корхонаи азими саноатӣ, ки аз ду ошёна иборат аст шароити хуби зисту зиндагонӣ ташкил карда шудааст. Дар ошёнаи якуми ҳамин бино ошхона бо 50 ҷойи нишаст мавҷуд мебошад.

Мутахассисони корхона дорои ихтисоси баланд буда, фаъолияти кории онҳо мутобиқ ба меъёри байналмилалӣ ба роҳ монда шудааст. Барои такмил додани маҳорати касбии кормандон дар корхонаи муштараки “Муосир” синфхонаи таълимии муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти зарурӣ мавҷуд аст. Дар ин синфхона кормандон бо ҷалби мутахассисони дорои тахассуси баланд аз курси омӯзишӣ гузаронида мешаванд.

Ба хотири таъмини амният ва бехатарии кормандон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои қудратӣ дидбонгоҳҳои назоратӣ ташкил гардидааст. Ҳудуди корхона тавассути камераҳои мушоҳидавӣ пурра назорат карда мешавад.

Атрофи корхонаи мазкур ва шафати роҳравҳо дар асоси талабот сабзазор карда шуда, дар назди иншооти мавҷуда дарахтони ороишии ҳамешасабз ва гулҳои рангоранг шинонида шудааст, ки барои истироҳату фароғати кормандон мусоид аст.

Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди корхонаи муштараки “Муосир”, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми соҳибкорони ватандӯсту ҷалби сармояи хориҷӣ бунёд ёфтааст дар татбиқи ҳадафи стратегии мамлакат - гузаштан аз кишвари аграрӣ - саноатӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ заминаи устувор хоҳад гузошт.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...