(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навбати аввали корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” - ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо фаъолияти он аз наздик шинос шуданд.

Корхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд шуда, ба истеҳсоли маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ машғул буда, дар маҷмӯъ 13 номгуи маҳсулот истеҳсол менамояд.

Хатҳои истеҳсолӣ ва дигар дастгоҳҳову таҷҳизоти корхона аз Олмон дастрасу насб гардида, имконият медиҳад, ки маҳсулот то ҳадди ниҳоӣ бо сифати баланд коркарду пешниҳоди харидорон карда шавад.

Дар ҷамъият ду навъи маҳсулот - маводҳои басту банди тиббӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ дар асоси коркарди саноатии пахта истеҳсол гардида, тибқи таҳлили мутахассисон айни замон талабот ба чунин навъи маҳсулот дар бозори дохилу хориҷ зиёд аст. Корхона дар як шабонарӯз имконият дорад, ки 2 ҳазор килограм пахтаро коркард карда, дар доираи стандартҳои ҷорӣ дар навбати аввал пахтаи гигроскопии сафедкардашударо омода намуда, сипас пахтаи тиббӣ, пахтаи стоматологӣ дар шакли тампон, салфеткаҳои пахтагиву докагӣ, пахта ва навҳои гуногуни бинти тиббии тамизшуда ва лейкопластир истеҳсол намояд.

Ҳамзамон барои истифодаи гигиенаи шахсӣ ва косметологӣ дар корхона истеҳсоли дискҳои пахтагӣ, чубчаҳои пахтагӣ, салфеткаҳои пахтагӣ ва инчунин аз омехтаи пахта ва маводҳои сунъӣ тавлиди дигар навъи маҳсулоти тиббӣ ба роҳ монда шудааст.

Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” асосан пахтаи  пастсифатро коркард карда, бидуни истифодаи хлор тариқи техналогияи муосир аз он пахтаи гиграскопии сафедкардашуда ва дигар номгуи маҳсулоти тиббӣ омода менамояд.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки корхонаи мазкур дар Осиёи Марказӣ ягона буда, гузашта аз ин тавлиди ин навъи маҳсулот дар кишвар роҳандозӣ нагардида буд.

Маводҳои бастубанди тиббӣ, косметологӣ ва истифодаи гигиенаи шахсӣ қаблан аз хориҷи кишвар ворид мегардид ва тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа ба стандартҳои ҷории тиббӣ ҷавобгӯ набуд. Корхонаи навтаъсис имконият дорад, ки маҳсулоти бо сифати баланд ва ба саломатӣ безарарро истеҳсол карда, на танҳо маҳсулоти воридотивазкунанда, балки ба содирот нигаронидашударо ба бозорҳои дохилу хориҷ пешниҳод намояд. Пас аз ифтитоҳи корхонаи нав воридоти ин номгуи маҳсулот ба пурагӣ аз хориҷи кишвар қатъ гардида, эҳтиёҷоти соҳаи тандурустӣ ва аҳолии мамлакат бо истифода аз иқтидори  корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” қонеъ карда мешавад. Корхона дар асоси ашёи хоми маҳаллӣ - пахта фаъолият намуда, дар марҳилаи аввал дар Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” 80 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардид.

Аснои шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки то ҷашни Наврӯз боз 50 нафари дигар дар сехи дузандагии корхона соҳиби ҷои кори доимӣ мегарданд.

Корхонаи навтаъсис бидуни партов фаъолият намуда, пасмондаҳои маҳсулот барои духтани курпа,  курпача, ҷома ва дигар номгуи сару либос ба занони хонашини соҳибҳунар тақсим карда мешавад, ки аз ин ҳисоб онҳо даромад ба даст меоранд.

Корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм Текс” аз биноҳои истеҳсолӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат буда, дар масоҳати наздик ба 4000 метри мураббаъ сохта ба истифода дода шуд.

Пас аз ифтитоҳи навбати аввали корхона Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Данғара барои бунёди марҳилаи дуюми корхонаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Фарм Текс” санги асос гузоштанд.

Иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур барои истеҳсоли докаи тиббӣ ва маводи истифодаи гигиенаи шахсӣ пешбинӣ гардида, дар сурати бунёди он боз 40 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад. Тибқи иттилои масъулин давоми 8 моҳ, марҳилаи дуюуми корхона мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Иншооти мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба истифода дода шуд, ки ин иқдом дар оянда барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти ватанӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат мусоидат хоҳад кард.

Тибқи нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ корхона дар оянда имконият дорад, то 3 миллион метри мураббаъ докаи тиббӣ, 10 миллион адад маҳсулоти алоҳидаи бастубандшудаи бинт, салфетка ва уребчаву маҳсулоти гигиенӣ истеҳсол намояд.

Зимни шиносоӣ Пешвои миллат сохтмончиёну масъулинро барои иҷрои саривақтии корҳо ваваслу насби хатҳои муосири истеҳсолӣ вазифадор намуда, ба онҳо дастуру маслиҳатҳои муфид доданд.

Ҳамзамон аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ барои ободу зебо нигоҳ доштани гирду атроф дарахтони ҳамешасабзу соядиҳанда ва гулу буттаҳои мавсимӣ шинонида шудааст.

Пешвои миллат ба масъулин барои рушди истеҳсолот, тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ва ба содирот нигаронидашуда дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...