(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

alt5 ноябри соли ҷорӣ дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расми мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати дуюми Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” иштирок намуданд.

Зимни шиносоӣ бо раванди истеҳсолот ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои ба кор андохтани навбати дуюми ин маҷмааи нассоҷӣ сармоягузории мустақим сурат гирифта, зиёда аз 200 нафар шаҳрванди кишвар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин гардиданд.

Иқтидори истеҳсолии навбати дуюми маҷмааи нассоҷӣ наздик ба 15 ҳазор тонна коркарди саноатии нахи пахта ва истеҳсоли 12 ҳазор тонна ришта дар як сол буда, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани он қадами устувор дар роҳи рушди истеҳсолоти ватанӣ, инчунин фароҳам овардани ҷойҳои зиёди кории нав арзёбӣ мешавад. Бо ҳамин мақсад тайи солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдому дастгириҳои роҳбарияти далату Ҳукумати мамлакат, бевосита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз ҳама барои таъсиси корхонаҳои саноатӣ ба сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” аз лиҳози иқтидори истеҳсолию технологӣ дар Осиёи Марказӣ беназир буда, дар ҳамкорӣ бо сармоягузорону мутахассисони Ҷумҳурии Мардумии Чин бунёд шудааст ва дар коргоҳҳои алоҳидаи он пешрафтатарин технологияи коркарди пахта ва тавлиди маҳсулот аз ширкатҳои бонуфузи Иёлоти Муттаҳидаи Америка, Италия, Шветсария, Олмон ва Чин васлу насб гардидаанд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот дар маҷмааи нассоҷӣ аз масъулини дахлдор истифодаи самараноки таҷҳизоти корӣ, коркарди босифати нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро тақозо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маҳсулоти истеҳсолшуда дар маҷмааи нассоҷӣ имрӯзҳо ба Федератсияи Россия, Чин, Туркия, Беларус ва Қирғизистон содирот мешавад. Ҳамзамон корхонаҳои бофандагии мамлакатро бо ришта таъмин менамояд.

Таъкид гардид, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат барои ворид намудани таҷҳизоти истеҳсоливу инфрасохторӣ як қатор имтиёзҳо муқаррар гардида, ҳамзамон барои бо ашёи хоми маҳаллӣ таъмин кардани корхона тамоми шароит фароҳам оварда шудааст.

Аз ҷумла, бо қарори Ҳукумати мамлакат ба мақсади таъмин намудани корхона бо пахтаи аълосифат қариб 15 ҳазор гектар замин ҷудо гардидааст.

Ҳамчунин бо мақсади таъмини Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо ашёи хом дар ноҳияҳои Дӯстӣ ва Данғараи вилояти Хатлон корхонаҳои пахтатозакунӣ бунёд карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки марҳалаи аввали Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” бо иқтидори коркарди 10 ҳазор тонна нахи пахта моҳи августи соли 2016 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуда буд.

Дар маҷмӯъ иқтидори истеҳсолоти ресандагии маҷмааи нассоҷӣ коркарди қариб 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол буда, дар он барои 530 нафар мутахассисону коргарони маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё гардидааст.

Тибқи маълумот дар нуҳ моҳи соли 2018 дар ин маҷмааи нассоҷӣ зиёда аз 8 ҳазор тонна ришта истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 3 ҳазор тонна зиёд мебошад.

Ҳиссаи маҷмаа дар истеҳсоли маҳсулоти нассоҷии кишвар дар давраи зикршуда 21 фоизро ташкил карда, дар муддати ду соли охир ба Ҷумҳурии Мардумии Чин қариб 13 ҳазор тонна риштаи пахта содирот намудааст.

Баъди шиносоӣ бо раванди истеҳсолот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷмааи нассоҷии Ҷамъияти саҳҳомии пушидаи “Ҷунтай-Данғара Син Силу Текстил” ба бунёди се корхонаи нав, аз қабили корхонаи истеҳсоли ришта бо иқтидори коркарди 25 ҳазор тонна нахи пахта дар як сол, рангубор ва истеҳсоли матоъ оғози расмӣ бахшиданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи сохтмони марҳалаи навбатӣ зикр карда шуд, ки корхона дорои 4 даври пурраи коркарди пахта буда, дар он истеҳсолоти ресандагӣ, бофандагӣ, рангуборкунӣ ва дӯзандагӣ пешбинӣ гардидааст.

Корхонаҳои нав моҳи сентябри соли 2021 ба истифода дода мешаванд.

Пас аз ифтитоҳи навбати дуюми Ҷамъияти Саҳҳомии Пушидаи “Ҷунтай - Данғара Син Силу Текстил” ва гузоштани санги асоси корхонаи истеҳсол ва рангубори матоъ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарону мутахассисони ин маҷмааи истеҳсолӣ ва роҳбарону фаъолони ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...