(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Коллеҷи тиббиро мавриди истифода қарор доданд.

Коллеҷи тиббӣ аз ду бинои панҷошёнаи хуштарҳу замонавии таълимӣ иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1510 нафар донишҷу пешбинӣ шудааст.

Президенти мамлакат зимни боздид ба сифати корҳои сохтмонӣ ва шароити  таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ баҳои баланд доданд.

Иттилоъ дода шуд, сохтмони бинои Коллеҷи тиббӣ соли 2015 оғоз шуда, фармоишгари иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи   иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Бинои асосии Коллеҷи тиббӣ дорои 42 синфхонаи таълимӣ, аз ҷумла синфхонаҳои морфология ва физиологияи одам, биологияи тиббӣ ва химия, забонҳо, ҷомеашиносӣ, компютерӣ ва корию техникӣ иборат буда, бо муосиртарин дастгоҳу таҷхизоти таълимӣ муҷаҳҳаз карда  шудааст.

Дар бинои дуюми Коллеҷи тиббӣ 31 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои физика, информатика, фармология, ҷарроҳӣ ва 38 ҳуҷраи корӣ мавҷуд мебошад, ки ҷараёни таҳсил дар онҳо тибқи стандартҳои байналмилалӣ сурат мегирад.

Коллеҷи тиббӣ ҳамчунин дорои китобхонаи электронӣ барои 70 ҷой, толори хониш бо фарогирии 60 нафар донишҷӯй ва дар ошёнаи якум маҷлисгоҳ бо 300 ҷойи нишаст  мебошад.

Толори варзишии Коллеҷи тиббӣ бо 240 ҷой нишаст дорои шароити арзандаи машқу тамрин буда, ошхона барои зиёда аз 200 ҷои нишаст дар хизмати донишҷӯён қарор дорад.

Барои донишҷӯён дар синфхонаҳои Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара    имкониятҳои фаррохи донишандӯзӣ муҳайё буда, онҳо бо истифода аз шароити арзандаи таълимӣ ба ҳайси мутаххассисони варзидаи соҳаи тандурустӣ ба камол хоҳанд расид.

Донишҷӯён бо дарки масъулияти баланд аз ғамхорию таваҷҷуҳи роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам сохтани шароити хуби таҳсил бо ифтихору сарфарозӣ изҳори хушнудӣ карданд.

Дар Коллеҷи тиббии ноҳияи Данғара баробари мавриди истифода қарор гирифтани биноҳои нави таълимӣ имкониятҳо барои ҷалби донишҷӯён ба таҳсил торафт васеъ мегардад.

Аснои шиносоӣ бо шароити таҳсил дар Коллеҷи тиббӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён суҳбати озоду самимӣ намуданд ва онҳоро барои омӯзиши ҳарчи бештари донишҳои замони муосир ва технологияи замонавӣ ҳидоят карданд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...