(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДирӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд ибни Ноиф ибни Абдулазиз оли Саудро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ, аз ҷумла муносибатҳои байнидавлатӣ, ки ба пойдории  сулҳу субот,  фароҳам овардани шароит барои пешрафти иқтисодӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ нигаронида шудаанд, баррасӣ шуд.

Тавре таъкид гардид, ҷониби Тоҷикистон ба рушду тавсеаи робитаҳои гуногунсамта бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад ва ин кишварро дар муносибатҳои байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.

Ҷонибҳо аз рушду тавсеаи бештари ҳамкориҳои байнидавлатӣ дар такя ба  усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоид дар миқёси сиёсӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Дар мулоқот ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самти амниятӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

Дар ин замина муҳимияти ҳамгироии давлатҳо дар раванди ба эътидол овардани вазъи сиёсию амниятӣ дар Афғонистон,таъмини амнияту субот дар кишварҳои олами ислом ва араб, мубориза бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои фаромиллӣ таъкид гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар шароити кунунӣ манфиатҳои муштараки кишварҳои мо дар ҳамаи самтҳо дучанд афзун гардида,ҷавҳари онҳоро мафҳумҳои субот, амният ва пешрафту баланд бардоштани рифоҳияти мардумонамон ташкил медиҳанд ва моро зарур аст, ки мазмуну мундариҷаи сифатан нави муносибатҳои ҳамкориамонро таъмин карда, онҳоро  ба ниёзҳои имрӯза ва манфиатҳои миллии ду кишвар  комилан созгор намоем.

Дар раванди муборизаи муштарак бар зидди ҷинояту ҷинояткорӣ  Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткорӣ, ки соли 2016  дар рафти сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ имзо шудааст, заминаи хуби ҳуқуқӣ арзёбӣ гардид.  Таъкид шуд, ки  дар доираи муқаррароти ин созишнома  имкон ҳаст, ки ҳамкориҳои байни  идораҳои амниятӣ, мақомоти ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва прокуратураҳо дар шаклҳои барои ҷонибҳо мақбул тавсеа бахшида шаванд.

Аз  мусоидати пайвастаи Маркази Шоҳ Салмон  дар татбиқи лоиҳаҳои иҷтимоӣ ва башардӯстона дар Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва идомаи самарабахши ҳамкориҳо дар ин самт тибқи мувофиқаҳои бадастомада, таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба баргузории нишасти дуюми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Саудӣ оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, техникиву фарҳангӣ ва дар ҳошияи он доир намудани ҳамоиши соҳибкорон дар шаҳрҳои Риёз ва Ҷидда ва Рӯзҳои фарҳанги Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда,  натиҷаҳои ин чорабиниҳо омили муҳими таҳкиму густариши  робитаҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангиву башарии ду давлат  арзёбӣ гардиданд.

Таъкид карда шуд, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар бахшҳои мухталифи тиҷоратию иқтисодӣ ва  иҷтимоиву фарҳангӣ  имкониятҳои фаровони ҳамкориҳои судмандро доранд.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...