(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки ба натиҷаҳои фаъолият дар 9 моҳи соли равон бахшида шуд.

Мудири маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева доир ба фаъолияти соҳа давоми 9 моҳи соли ҷорӣ иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд бо рўҳияи баланди худогоҳию худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ, фаъолияти назарраси худро баҳри таълиму тарбияи шоистаи насли наврас вусъати комил бахшида, дар ин давра ба як қатор дастовардҳои назаррас мушарраф гардид.

Алҳол дар шаҳри Хуҷанд 47 мактаб, 44 кўдакистон фаъолият менамояд, ки дар онҳо ба 40728 нафар хонандагон онҳо 9206 нафар тарбиятгирандагон ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд. Дар 16 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр 20 гурӯҳҳои Маркази инкишофи кӯдакон бо теъдоди 402 нафар кӯдакон фаъолият мебаранд.

Тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таълимию илмии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ таҷҳизонидани 25 адад кабинетҳои фанни физика, химия, биология, технологияи информатсионӣ, суруд ва мусиқӣ дар муҳлати 3 сол ба муассисаҳои таълимии шаҳр тақсим карда шудааст. Бо қарори Раиси шаҳри Хуҷанд дар 3 сол – 750 000,00 сомонӣ маблағ барои таҷҳизонидани 25 кабинетҳои фаннӣ пешбинӣ шудааст.

Дар ин муддат 5 адад кабинетҳои фаннии МТМУ №11 (кабинети биология), МТМУ №14, 26 (кабинети химия) , №25 (кабинети суруд ва мусиқӣ), №27 (кабинети физика) ва 5 адад аз ҳисоби суратҳисоби махсуси муассисаҳои таълимии №18,24, №19,гимназияи №4, литсейи №1 кабинетҳои фанҳои мухталиф таҷҳизонида шуда, иловатан дар МТМУ №16 2 адад кабинети химия, суруд ва мусиқӣ, дар гимназияи №4 кабинети технологияи информатсионӣ ва технология, дар мтму №26 ткабинети технология муҷаҳҳаз гардонида шуданд. Дар МТМУ №20 баҳри иҷрои Барномаи мазкур аз ҳисоби буҷа барои кабинети забони англисӣ ва химия мизу курсӣ ва ҷевонҳои китобмонӣ харидорӣ карда шудааст. Тибқи нақша-чорабиниҳо дар самти амалӣ гаштани Барномаи давлатии компютеркунонии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дар соли 2018 бояд 153 адад компютер, 7 адад тахтаи электронӣ харидорӣ карда шавад, то имрӯз 116 адад компютер (75%) ва 28 адад тахтаи электронӣ (250%) харидорӣ карда шудааст.

Муҳайё Акмалхӯҷаева доир ба дастоварди муҳассилини макотиби шаҳр дар олимпиадаҳо маълумот дода аз ҷумла афзуд, ки дастаи мактаббачагони шаҳр (хонандагони синфҳои 5-11) дар олимпиадаи вилоятӣ ба гирифтани 87 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд. Дар Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ бошад, 31 нафар хонандагон соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз он ҷумла, 7 нафар соҳиби медали тилло, 9 нафар соҳиби медали нуқра ва 15 нафар соҳиби медали биринҷӣ, ки ин нишондиҳандаи беҳтарин дар миқёси вилоят мебошад. Шаҳри Хуҷанд дар миқёси вилоят ҷойи I – ро ишғол намуд. 60 нафар хонандагон ба гирифтани стипендияи Раиси шаҳр, 6 нафар ба гирифтани стипендияи Президентӣ сарфароз гаштанд.Дар озмунҳои байналхалқии лоиҳасозие, ки дар кишварҳои Малайзия, Тайван, Руминия, Қазоқистон. Амрико, Олмон аз фанҳои математика, физика, химия, технологияи иттилоотӣ, биология ва забони немисӣ баргузор гардид, хонандагони лаёқатманди шаҳр ширкат варзида, ба гирифтани 26 чойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд, медалҳои тилло (5 нафар), нуқра (6 нафар) ва бириҷӣ (15 нафар) ноил гардиданд.

Дар олимпиадаи байналхалқии фаннӣ, ки дар кишварҳои Италия, Ҳиндустон, Миср, Қазоқистон ва Руссия аз фанҳои забони англисӣ, химия, математика ва арифмпетикаи зеҳнӣ доир гардид, хонандагони лаёқатманди шаҳр ширкат варзида, ба гирифтани 33 чойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд, медалҳои тилло (24 нафар), нуқра (1 нафар), бириҷӣ (7 нафар) ва 5 н. Ба Ҷоми олимпиада ноил гардиданд. Дар олимпиадаи фосилавӣ ба гирифтани 84 ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гаштанд. медалҳои тилло (23 нафар), нуқра (21 нафар) ва бириҷӣ (40 нафар). Таъкид гардид, ки дар даври ҷумҳуриявии сессияи Академияи хурди илмҳо 63 нафар сазовори ҷойи ифтихорӣ, аз ҷумла 18 нафар соҳиби ҷойи аввал, 9 нафар соҳиби ҷойи дуввум, 6 нафар соҳиби ҷойи сеюм, гардиданд. Ҳамчунин 13 нафар аъзо-корреспонденти ҳақиқӣ ва 17 нафар ба узвияти вобастаи Академияи мазкур пазируфта шуданд. Дар озмуни вилоятии «Техникони наврас» 7 нафар ғолибони озмуни шаҳрӣ иштирок карда, 3 нафар сазовори ҷойи 1 ва 2 нафар сазовори ҷойи 2 - гардиданд.

Санаҳои 11-13 октябр дар шаҳри Душанбе озмун – фестивали ҷумҳуриявӣ навоварон ва ихтирокорони ҷавон, ки аз тарафи Вазорати иқтисод ва рушди саноат, Маркази потентӣ- иттилоотӣ ташкил гардид, 10 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии №2,9,15,19,21, гимназияи №1,4, МХБ, МТҒ Гулчини маърифат, литсейи ДДҲБСТ иштирок намуда, сазовори Сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардиданд.

Мудири маориф гуфт, ки аз рўи ҷамъбасти соли таҳсили 2017-18 61 нафар хонандагони синфи 9 ба гирифтани «Шаҳодатномаи аъло» мушарраф гаштанд. Ҳамчунин 10 нафар ҳуҷҷатҳои хатмкунандагони мтму №19, литсейи физикӣ-математикӣ, гимназияҳои №24, Гёте, Ганҷ барои иштирок дар озмуни «Аттестати аъло бо медали тилло ва нуқра» ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, 6 нафар хатмкунандагони литсейи физикӣ-математикӣ ба гирифтани медалҳои нуқраю тилло мушарраф гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати хубу хотирмон гузаштани истироҳати тобистонаи мактаббачагон дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ истироҳатгоҳҳои рӯзона ва дар заминаи истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрии «Парвоз» истироҳатгоҳи таълимию тарбиявӣ барои хонандагони болаёқат, ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат ташкил гардид, ки он дар 3 баст фаъолият намуда, зиёда аз 450 нафар хонандагонро ба истироҳат ҷалб менамояд. Дар назди 17 мактабҳои шаҳр истироҳатгоҳҳои наздимактабӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки теъдоди истироҳаткунандагон дар басти якум 526 нафар, дар басти дуюм 330 нафарро ташкил дод. Инчунин зиёда аз 155 нафар хонандагон дар истироҳатгоҳҳои вилоятии “Шоҳин” ва “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” ҷалб карда шуданд. Дар ин истироҳатгоҳҳо чорабиниҳои гуногуни фароғатию тарбиявӣ, озмунҳо, вохӯрӣ ва сайру саёҳат ба ҷойҳои таърихиву табиати зебоманзари диёр ба роҳ монда шуд.

Таъкид гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ба 57 нафар омӯзгорон ба маблағи 54940 сомонӣ, аз он ҷумла 19 нафар ба осоишгоҳи «Соҳил», 12 нафар ба осоишгоҳи «Шифо», 4 нафар ба осоишгоҳи «Ирам», 30 нафар ба Маркази солимгардонии ҷумҳуриявӣ, 17 нафар ба осоишгоҳи «Усмонхӯҷа», 2 нафар ба осоишгоҳи “Баҳористон”, 3 нафар ба осоишгоҳи “Авитсенна” роҳхат гирифта, саломатии худро барқарор намуданд.

Сипас, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода баромад намуда, дар баробари таҳлили самтҳои мухталифи соҳа, аз ҷумла таъкид дошт, ки аҳли маорифи шаҳр баҳри амалӣ намудани дастуру супориш ва роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни ифтитоҳи гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалил баён гаштанд, ҷаҳду талошҳои созанда намуда, барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, сатҳу сифати дониши хонандагон, тарбияи насли солиму созандаи насли наврас дар рўҳияи худшиносию худогоҳӣ саъю талош намоянд. Ҳамзамон барои баланд бардоштани нишондиҳандаҳои соҳа аз тамоми имконот истифода намуда, хонандагони соҳибистеъдод ва дорои имконоти баланди донишу маҳоратро тарбия ва муаррифӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...