31 Октябр 2018
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид. Раиси Комиссияи мазкур, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирӯза Нуруллозода ҷаласаро оғоз бахшида, аъзои комиссияро бо рӯзномаи он ошно намуд.
Сипас, аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷаласаи навбатии худ зиёда аз 20 масъаларо мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масоилишаҳрвандонро доир ба таъин намудани васӣ, барои ба тарбият гирифтани ноболиғон, гирифтани фарзанд аз хонаи кӯдакон шаҳри Хуҷанд, муайян намудани рӯз ва соати муошират бо фарзанд ва ғайраҳоро омӯхта, қарорҳои дахлдор қабул намуданд.Ҳамчунин аъзои комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баррасии пешниҳодоти як қатор мақомоти ҳифзи ҳуқуқро доир ба рафтору кирдорҳои ноболиғонро бо иштироки худи онҳо, маъмурияти мактаб ва волидайнашон мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар ҷаласаҳои худ зиёда аз 200 масъалаҳоро мавриди муҳокима қарор дода шуд ва дар ин замина масъалаи 88 нафар ноболиғони бо қонун мухолифатдошта ва душвортарбия баррасӣ гардида, ба волидони ин кўдакон мўҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» фаҳмонида дода шуд.
Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак дар якҷоягӣ бо шўъбачаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғону ҷавонон шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд моҳҳои феврал ва сентябр бо хонандагони мактабҳои №5, 10, 14, 15, 23 ва дар маҳаллаи “Қорираҳмат Қурбонов” мурофиаи суди сайёрро бо иштироки судяи суди шаҳр доир намуда, ба хонандагон ва сокинони маҳал оид ба қонуншикании ноболиғон ва роҳҳои пешгирии он маълумот дод. Ҳамзамон рейди муштарак дар Ҷамъиятҳои дорои масъулияташ маҳдуди “Ангубини умр”, “Попирус”, “Шоҳшир”, маркази савдои “Оазис”, маркази компютерии “Формула-55”, марказҳои хизматрасонии “Марям”, “Асил-Ситӣ”, “Бурда”, агентии рекламавии “Арт-Гун” ва дар мавзеи “Регистон”-и назди бозори “Панҷшанбе” гузаронида шуда, ба роҳбарияти корхонаҳо ва марказҳои савдову компютерӣ моҳияти қонун фаҳмонида шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд