(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt25 октябри соли ҷорӣ дар Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо иштироки масъулони вазорату кумитаҳои дахлдори мамлакат дар мавзӯи «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба татбиқи Барномаи беҳтаргардонии низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва рафъи партов­оби шаҳри Хуҷанд» муҳокимаи парлумонӣ баргузор гардид.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зуфар Исмоилзода изҳор намуд, ки дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум Ҳукумати кишвар бо харҷи маблағҳои буҷетӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳои мушаххас андешида истодааст. Аз ҷумла дар ҳамкорӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд имрӯзҳо дар якчанд шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ҷиҳати беҳтар намудани таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ корҳо идома доранд.

Марҳилаи 1-уми «Барномаи беҳтаргардонии вазъи оби нӯшокии шаҳри Хуҷанд», ки соли 2004 оғоз гардида буд ва барои амалигардонии он 4 миллиону 929 ҳазор доллари ИМА сарф шуд, соли 2009 ба итмом расид. Марҳилаи 2-юми барномаи зикр­шуда соли 2008 оғоз гардид ва бо харҷи 6 миллиону 345 ҳазор евро анҷом ёфт.

Марҳилаи 3-юм, ки аз 18 июли соли 2016 оғоз шуд, соли 2019 поён меёбад.

Бояд гуфт, ки татбиқи лоиҳа аз интихоби мушовирони хориҷӣ оғоз гардид. Тибқи расмиёти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд эълони озмун дар сомонаи электронии бонки мазкур ҷой дода шуд ва ширкати «Holinger»-и давлати Швейтсария барои татбиқи корҳои мушовирӣ «Оиди татбиқи лоиҳа ва ёрии амалӣ ба Гурӯҳи иҷроиши лоиҳа» ва ширкати мушовирии «Corporate Solutions»-и Британияи Кабир барои татбиқи қисмати «Беҳтаргардонии шароити молиявии коргоҳ ва ҳамкорӣ бо аҳолӣ» интихоб гардиданд. Корҳои ба уҳдаи ин ширкатҳои хориҷӣ гузош­ташуда дар муҳлати пешбинишуда амалӣ гашта истодаанд.

Дар қисмати дигари барнома хариди молу таҷҳизот ва иҷрои корҳо ба лотҳо тақсим шуд. Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон эълонҳои тендерӣ марҳила ба марҳила тавассути сомонаҳои злектронӣ ва воситаҳои ахбори омма пахш ва нашр гардиданд.

Маълум шуд, ки новобаста аз корҳои ба сомонрасида, баъзе норасоиҳо дар татбиқи лоиҳа ҷой доранд. Барои мисол, ақибмонӣ дар муҳлати анҷоми лоиҳа (июли соли 2019) дида мешавад. Азхудкунии маблағ то 15 октябри соли ҷорӣ ҳамагӣ 29,2 фоизро ташкил медиҳад.

- Ҳамчунин, назорати ҷамъиятии иҷрои корҳо ба тариқи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Новобаста аз корҳои зиёди дар ду марҳила ба сомонрасида сифати оби нӯшокӣ, истифодаи самараноки он ва пардохти саривақтии ҳаққи оби нӯшокӣ беҳбудиро талаб мекунад. Аҳолӣ аз раванди татбиқи барномаи мазкур огоҳии пурра надорад. Ҳодисаҳои худсарона пайвасткунии хатҳои оби полезии аҳолӣ ба хатҳои магистралии оби нӯшокӣ низ мушоҳида мешавад, — гуфт Зуфар Исмоилзода.

Муовини раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Абдуқаюмзода зикр кард, ки татбиқи лоиҳа барои таъсис додани ҷойҳои корӣ, пешгирии паҳншавии бемориҳои сирояткунанда мусоидат менамояд. Ҷиҳати амалӣ сохтани барнома як қатор корҳо, аз ҷумла, тайёр намудани кормандони техникӣ ва роҳбарикунандаи соҳа мутобиқ ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, беҳтар намудани шароити молиявӣ — хоҷагидории коргоҳ, баланд бардоштани маданияти истифодаи оби нӯшокӣ, сохтмони корхона барои истеҳсоли гипохлорид, усули хизматрасонии безараргардонии оби нӯшокӣ ва ғайра бояд татбиқ шаванд.
Директори гурӯҳи иҷроиши лоиҳаи КВДК «Хуҷандобуканал» Раҳмат Бурҳонов иттилоъ дод, ки ҳоло қариб 98 фоизи шаҳри Хуҷанд 24 соат бо оби нӯшокӣ таъмин аст. Дар натиҷаи ба таври худҷорӣ овардани об аз рӯди Хоҷабоқирғон қариб 1 миллион кВт/соат неруи барқ сарфа гардид. Фаъолияти умури назоратӣ низ дар ин самт хуб ба роҳ монда шудааст. Масалан, хлоркунонии об, фишори об дар лӯлаҳо тавассути компютер назорат карда мешавад. То оғози лоиҳа талафоти об дар шаҳри Хуҷанд ба 67 фоиз баробар буд. Ҳоло ин рақам 23 фоизро ташкил медиҳад. Акнун 62 фоизи истифодабарандагони об бо ҳисобкунаки об таъминанд.

Сипас, сараудитори Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Собир Салимзода ҳозиринро бо натиҷаи аудити лоиҳаи мазкур ошно намуд.

Дар робита ба мавзӯъ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва масъулин саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд сурат гирифт.

Дар фарҷом аз рӯйи масъалаи муҳокимагардида қарори дахлдор қабул шуд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...