30 Октябр 2018
Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, тарғиби худшиносиву худогоҳӣ ва хештаншиносиву ватанпарварӣ, дар асоси нақша-чорабиниҳои бахши кор ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд дар қисми ҳарбии 03377-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи дарҳои кушод баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳии чорабинии мазкур мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳр Бахтиёр Исматҷонов ва масъулини қисми ҳарбӣ иштирок ва баромад намуданд. Зикр гардид, ки чорабинии мазкур бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, ҳурмату эҳтиром ва садоқат ба Ватан-Модар бо иштироки ҷавонони синни тодаъватӣ гузаронида шуда истодааст.Ҷавонони ташрифоварда аз ҳаёту фаъолияти рӯзмарраи ҳайати шахсӣ дидан намуда, бо реҷаи кори сарбозон шинос шуда, аз хӯрокҳои онҳо чашиданд.Эшон бо чашми сар диданд, ки шароити зист дар қисмҳои ҳарбӣ беҳтар гардида, сарбозон дар ҳаёти амну осоиштагӣ хизмат ба Ватан намуда истодаанд.
Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби бахши кор бо ҷавонон ва варзиш ба сарбозону афсарон сипосномаю тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд