(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Камина бадахшониам ва бо тоҷик будани худ эҳсоси  ифтихор ва сарбаландӣ мекунам. Худро шаҳрванди давлати соҳибистиқлол медонам. Аз имтиёзҳои кишвари озод ва обод бархӯрдорам. Аз дигарон на камаму на бартар.  Шаҳрванди миёнаомории Тоҷикистони азизам, дар ғаму шодии мардум шарик ва хилофи афроди ҷиноятмадор. Зеро ин гурӯҳҳо дар куҷое набошанд, ҷаҳонбинии  чаппа ва хилофи ободкорӣ доранд, қонунро намепазиранд, аниқтараш қонунро бо зерқонунҳои  ҷангалии худ, иваз кардаанд. Мулкро тасаввур мекунанд, бедарвоза ва бесоҳиб аст.   Ин гуна тафаккур доранд, аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ. ГМҶ-и шаҳри Хоруғ бо таваҷҷуҳи миқдоран кам будан, худро ғамгусори мардум вонамуд мекунанд, ҳоло он ки дар бетартибӣ ғутаваранд ва аз дасташон ҳеч чиз намеояд.

Ана, дидед, ки 22-уми октябри соли 2018, саркардаҳои ГМҶ бо ду дасти адаб ба Прокуратураи вилоятӣ дар шаҳри Хоруғ омада, худро дар назди қонун гунаҳкор ҳисобида, ба истилоҳи ҳуқукдонон, «ОГОҲИИ РАСМӢ» ба онҳо эълон шуд. Ҳолдонҳо медонанд, ки баъд аз ин маросими қонунӣ дар сурати такрори ҷиноят ва ё шарик шудан дар ҷинояту қонунвайронкунӣ, ин афроди ҷиноятпеша ба ҷавобгарӣ кашида шуда, нисбат ба онҳо  ҳукми адои ҷазо дар муассисаҳои ислоҳӣ раво дониста мешавад.

Яъне ГМҶ-и шаҳри Хоруғ ба ҷурму ҷиноятҳои содиршудаи худ дар тӯли 27 сол иқрор шуда, дар маърази ом дар назди ҳарфи қонун ва мардум, савганд ёд карданд, ки дигар бо сари хаму эҳсоси «ҳайфи ту» наметавонанд, «роҳнамоӣ»-и ҷавонони соддалавҳи хоруғӣ  бошанд.

Вақте ки сухан дар бораи саркардаҳои гурӯҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ меравад, ба тааҷчуб меоӣ, ки ин 5-6 нафар то кадом дараҷа моҳирона мардумро дар гарави нақшаҳои ботили худ гирифтаанд.


Чун ниҳодҳои қудратӣ иқдоме сари онҳо анҷом доданианд, мебинӣ ба эҳсосоти мазҳабӣ нохун зада, худро «пайравони тариқат» ва ғамхори нубуват мепиндоранд.

Ҳоло он ки агар аз пайрави аслии ин тариқат пурсӣ барои тарафдорони ин мазҳаб онҳо дар тули 27 сол чӣ карданд, ҷавоби манфӣ мегирӣ.

Дар бинои Прокуратураи вилоят дар шаҳри Хоруғ, бо ҳарфҳои заррин навиштаанд: «Агар хоҳӣ озод бошӣ, ғуломи қонун бош».  Басо суханони мантиқӣ. Ин суханон бояд сармашқи фаъолият ва рафтору кирдори мардум дар шаҳри Хоруғ бошад, то дигар қувваҳои бадхоҳ зеҳнияти онҳоро дигар ба гарав нагиранд.

Баргаштани ГМҶ ба зери чатри қонун, яке аз дастовардҳои 1 моҳи охири Ситоди байниидоравии тартиботи амният ва волоияти қонун мебошад.  Маълум аст, ки ин дастовардҳо, натиҷаи фосилавии Ситоди номбурда мебошанд ва кор дар ин самт идома меёбад.

Мамадов Носиршо, омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Душанбе, зодаи шаҳри Хоруғ, сокини комилҳуқуқ ва боифтихори  шаҳри Душанбе.

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...