(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї ва маъмурияти Маркази Исмоилияи Душанбе фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Љумњурии Тољикистон ва сиёсати инсондўстонаву эътимоди баланди Роњбари давлат ба њама љараёнњои динию мазњабї ба роњ монда, ибтикороти созандагии онро пайваста пўштибонї мекунад. Мањз бо шарофати Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон пайравони тариќати исмоилї дар Тољикистон имкон пайдо карданд, ки ба дидори Рањбари руҳонии худ Волоњазрат Шоњ Карим ал-Њусайнї Оѓохони IV расанд. Эътиќоду эътимоди ин ду шахсияти бузурги таърихї ба мо, мардуми тољики исмоилмазњаб, имкон дод, ки дар муддати 27 соли соњибистиќлолї зодгоњи худ Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшонро аз он рўзњои шум ва фољиабори солҳои 90-ум оњиста-оњиста барорем ва ба ин рўзњои нек расонем.

Роҳбарияти Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо амиқан дарк мекунад, ки расидан ба сулњу салоњ ва суботи комил кори осон набуд ва итминони комил дорад, ки рушди Бадахшони азиз мадди назари њаррўзаи Президенти кишвар ќарор дошта, дар њамбастагии том дар асоси арзишњои аслии зиндагї, таъмини сулњу субот, риояи волоияти ќонун, тартиботи љамъиятї ва эњсоси масъулияти баланди шањрвандї мо хеле зуд ба њадафњои аслї, баланд гардидани сатњи зиндагии мардум, боз њам зебо шудани минтаќаи азизамон хоњем расид.

Ҳамчунон, ҳидоятњои Шоњ Карим Ал-Њусайни Оѓохони IV-ро њар як исмоилии баору номус дар ҳар иқдоми созандааш бояд дар хотир дошта бошад. Аз ҷумла, ҳидояти таърихии Волоҳазрат барои муридонаш дар хусуси он, ки  «шумо дар њар њудуде, ки зиндагї доред, аз ќонуну ќоидањои он кишвар ќотеона риоя ва пуштибонї намоед” бояд дар андеша, қалб ва амали њаррўзаи њар як фарзанди руњонї бошад.

Њукумати кишвар бо кулли агентиҳои Оғохон дар ҳудуди Тоҷикистон амалкунанда, бо Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо ва Маркази Исмоилияи Душанбе њамкорињои ҳамешагӣ, зич ва  арзишмандро ба роҳ монда, тарафайн аз беҳтарин таҷрибаҳои созандагӣ дар сохтани як ҷомеаи худтаъмину муттамаддини муосир истифода мекунанд. Ба мақоми роҳбарии як вилояти мухтор таъйин гардидани дастпарвари Хазинаи Оғохон худ нишонаи баланди эътимод ва дастгирии Ҳукумати кишвар ва махсусан, Сарвари давлат маҳсуб меёбад. Ҳамчунон,  чунин иқдом ишора ба он аст, ки њалли бисёр мушкилињо, масъалаи рушди вилоят ва расидан ба њадафњои муњими стратегии кишвар дар ин минтаќа ба дўши фарзандони њамин сарзамин вогузор гардида, таќдири имрўзу оянда ба дасти мову Шумо дода шудааст. Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо барои чунин иқдом ба Асосгузори сулњу вањдати миллї, Пешвои миллат, Президенти муњтарами кишвар Эмомалї Рањмон сипоси самимї арз намуда, бо љиддияти том изњор медорад, ки  таъйин ва боварии Сарвари давлат аз љониби сокинони вилоят њамаљониба пўштибонї карда шавад.

Мо њамеша, ҳам дар доираи салоҳият, ҳам дар доираи қонун ва ҳам дар чаҳорчўбаи суннатҳои мазҳабї бар зидди зўроварї, ќонуншиканї, бетартибї ва бенизомї баромад мекардем ва чунин шаклгирии љомеаро қатъиян маҳкум мекунем. Мо аз ҳар гуна иќдомоти Њукумати Љумњурии Тољикистон, ки барои таъмини сулњу субот, волоияти ќонун ва баланд бардоштани сатњи зиндагии сокинони вилоят нигаронида шудаанд, ҳаматарафа тарафдорї мекунем. Бинобар ин, мо аз тамоми бошандагони Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон даъват менамоем, ки бањри амалї гардидани барномањои маќомоти иљроияи њокимияти давлатии вилоят, таъмини сулњу субот ва некўањволии мардум, талаботи ќонунии Ҳукумати вилоят барои халъи силоњ аз дасти афроди алоҳида ва аъзоёни гурўњњои љиноятї, ки омили асосии нооромии љомеа мебошанд, њамкорї ва мусоидат намоянд.

Муроҷиати мо махсус ба ҷавонони боору номусе, ки қисмати вилоят ва тақдири Ватан барояшон арзиши аввалиндараҷа дорад, ин аст:

- ба фориѓболї аз ояндаи худ ва кишвар дода нашавед, то аз роҳи рост мунҳариф  ва дар заҳмати ҳаёт ғўтавар нагардед!

- аз пайравї ба чанд тане, ки ба љуз аз фарҳанги силоҳ ва хушунат фарҳанги дигареро намеписанданд, даст кашед!

- ба ҳар гуна иғво ва дасисаи гурӯҳҳои алоҳидаи силоҳбадасту қочоқчӣ, ки танҳо барои амалишавии ҳадафҳои шахсиашон талош доранд, дода нашавед!

- барои таҳкими волоияти қонун ва пойдории сулҳу суботи ҷомеа кӯшиш кунед!

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо ва  Маркази Исмоилияи Душанбе бо тамоми масъулият аз мардум даъват ба љо меорад, ки дар њамбастагї, њамгирої, муташаккилї, даст ба даст, масъулияти баланди шањрвандї фарзандони саҳван роҳашонро гумкардаро аз кору кирдори бад пас гардонда, дар фикру зикри њаёти осоишта ва созанда бошанд.

Кумитаи рушди ҷамоатхонаҳо боварии комил дорад, ки дастгирии њамаљониба аз иќдомоти Ситоди байниидоравї дар ВМКБ дар самти таъмини ҳаёти осоишта ва бидуни хатари мардум, ин дар маљмуъ,  пуштибонї аз сиёсатњои пешгирифтаи Асосгузори сулњу вањдати миллї — Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон дар ростои таъмини сулњу субот ва баланд бардоштани сатњи зиндагии мардум дар кишвар ва бахусус дар Вилояти Мухтори Кўњистони Бадахшон мебошад.

Бо назардошти Ќарори Пешвои миллат оид ба таљлили солгарди навбатии истиќлолияти Тољикистони азиз дар маркази Вилоят шањри Хоруѓ, сентябри соли 2019, њама ќишрњои љомеаро зарур аст, ки дар фикри корњои ободонию созандагї бошанд ва ба љањониён нишон дињанд, ки Бадахшон макони оромию осоиштагї, минтаќаи суботи Тољикистон, љойи зиндагии мардуми дар њаќиќат фарњангї, баорў номус ва дорои сатњи баланди маданияти шањрвандї мебошад.

Бори дигар аз тамоми маскунони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон хоҳиш мекунем, то бо арҷгузорӣ аз арзишҳои инсонӣ, бо эҳтиром ба таърихи пурифтихори хеш  ва хосса, бо иҷрои Паёмҳои Пешвои Миллат ва пайравии Ҳидоятҳои Имоми Вақт осўдагї, сулњ, оромї ва волоияти қонунро дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъмин намоянд.


Мудирияти Кумитаи рушди љамоатхонањои шиаи имомии исмоилї.  ш. Душанбе, 22.10.2018.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...