(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Яке аз суннатҳои бисёр бостонӣ ва ҳамзамон маъруфи мардуми тоҷик меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон аст. Фарҳанги меҳмоннавозӣ дар зеҳни мардуми тоҷик ҷойгоҳи хеле вижае дорад. Арҷгузорӣ ба меҳмон дар байни мардуми мо ҳамчун яке аз нишонаҳои умда ва аслии ҷавонмардӣ ва инсонгароиву одамгарӣ маҳсуб мешавад. Фарҳанги меҳмоннавозӣ ва арҷгузорӣ ба меҳмон на фақат дар андешаву орои мардум, балки дар адабиёти мо низ мавриди таблиғу ташвиқ ва такриму тамҷид қарор гирифтааст.

Аксари адибони мо дар бораи одоби меҳмоннавозӣ, усули пазироии меҳмон, рисолату масъулияти мизбон ва аҳамияти ин аъмол нуктаҳои ҷолиб ва ақволи муассире ироа доштаанд, ки дар воқеъ қобили мулоҳиза ва пазириш мебошанд. Абёту ақволе аз қабили:
“Ҳар кӣ меҳмонро гиромӣ мекунад,
Кӯшише дар некномӣ мекунад”.
Ё:
“Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир,
Расми хуби тоҷиконро гум макун”.
Ё:
“Меҳмон атои Худост” ва суханҳои дигаре аз ин қабил дер боз дар байни мардуми тоҷик машҳуру маъруф аст ва дар воқеъ аҳли ҷомеаи мо аксарият то ҳанӯз ин гуна ақволро дар мавриди пазироӣ аз меҳмон ҳамчун роҳкори худ мавриди корбурд қарор медиҳанд. Чунин роҳкор ба анъанаву қолаби рафтор ва ҳатто метавон гуфт ба менталитети миллии мо мубаддал шудааст. Ин қолаби рафтори миллии мо имиҷи мардуми мо низ ҳаст. Яке аз умдатарин ва беҳтарин сифату хислате, ки хориҷиён дар мавриди будубоши хеш дар Тоҷикистон дар симои мардуми мо мебинанд, маҳз ҳамин хислати меҳмоннавозии мардуми тоҷик аст. Ин сифату хислат миллати моро на фақат машҳуру маъруф, балки маҳбуб низ гардонидааст. Расму таомули меҳмоннавозӣ ва анъанаву одоби меҳмондорӣ аз қабили қолабҳои шоистаи рафтори миллиест, ки ба хотири густариши нуфузу обрӯи миллат аз ҷониби хосу оми ҷомеаи мо бояд мавриди пазириш ва корбурд қарор гирад, ба вижа дар мавриди муносибат ва муоширати мо бо меҳмонони хориҷӣ.
Мутаассифона, баъзе гурӯҳҳо ва афроди тангназаре ҳастанд, ки ҳатто ба ин вижагии миллӣ ва сифату хислати неки суннатии мардуми мо, ҳамчунин риоя шудани он аз тарафи намояндагони миллат ва ба хусус роҳбарияти давлат бидуни доштани ҳеҷ гуна далеле нуктагириҳои бемаврид ва муғризона мекунанд.
Имрӯз дар сомонаи risolat tj.com маводе интишор дода шуд, ки дар он аз маросими истиқболи расмии Сарвари давлат аз Президенти Ҳинд дар ҳавои боронии Душанбе ва бар сари меҳмони худ чатр гирифтани Роҳбари кишвари мо ёд шудааст.
Дар воқеъ рӯзи 8 октябр дар назди Қасри миллат маросими расмии истиқбол аз Президенти Ҳиндустон Шри Рам Натҳ Ковинд баргузор гардида буд. Ба ифтихори пазироии мењмони олиќадр майдони Қасри миллат мутобиқи расмиёти маъмулӣ ороста шуда Горди фахрї ва оркестр саф ороста буданд.
Дар маросими пазироии меҳмони олиқадр, ки зери бориши борон сурат гирифт, Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ ҳамчун мизбон барои ҳифзи меҳмони олирутбаи худ аз борон чатр дар даст доштанд.
Маҳз ҳамин илтифот ва риояи таомулу одоби меҳмоннавозӣ аз тарафи Президенти Тоҷикистон, ки як амали бисёр бамаврид ва саршори муҳаббату эҳтиром буд, мавриди интиқоди шадиди нуктагирону айбҷӯёни наҳзатӣ қарор гирифт. Бубинед, ки ин каҷкорони каҷандеш дар оинаи каҷнамои пиндори хеш ҳатто амали ростини бузургворонаеро ҳам каҷ тасвир кардан мехоҳанд. Ин баддилон бо чунин нуктагирии бемавриди хеш нохудогоҳона аслан худро расво кардаанд. Онҳо чун пистаи бемағзеянд, ки бо лаб во кардани хеш аз пуч будани худ дарак додаанд.
Бубинед, ки онҳо дар иртибот ба истифодаи чатр аз тарафи Президенти Тоҷикистон тибқи таомули меҳмоннавозии миллӣ ҳангоми қадам задан бо Президенти Ҳиндустон дар ҳавои боронӣ чӣ гуфтаанд: “Таҳияи чатр аз пули шаҳрвандони маҳрум ва гирифтани он дар болои сари раисҷумҳури кишвари қудратманд ва сарватманд саволҳои зиёдеро дар зеҳни шаҳрвандоне, ки аз ин чатр маҳруманд, ба вуҷуд меоварад”. Айбҷӯӣ ва нуктагирие наметавонад музҳиктар ва ҳамзамон аблаҳонатар аз ин бошад.
Ин нуктагирон бо сӯиистифода аз ин маврид ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дахолат карда, бар набуди чатри ҳимоятӣ дар ин росто ишора кардаанд, ҳол он ки муҳоҷират ва ба вижа муҳоҷирати меҳнатӣ дар шароити кунунӣ на фақат дар сатҳи кишварҳои рӯ ба рушд, аз ҷумла кишвари мо, балки ҳатто дар сатҳи кишварҳои мутараққиву бузурге чун Чину Руссия, Ҳиндустону Покистон ва умуман аксари кишварҳо ба амре маъмулӣ табдил ёфтааст. Аммо новобаста ба ин давлати Тоҷикистон стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатиро дар кишвар қабул карда, дар ин росто ба таври мунтазам барои марҳила ба марҳила поин бурдани теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ корҳои созандаеро анҷом медиҳад. Сохтмони нерӯгоҳҳои бузурги обии барқӣ ва ба ин васила таҳияи заминаи саноатикунонии кишвар, ҳамчунин дар доираи имконоти мавҷуда бунёд кардани корхонаҳои саноатӣ на фақат дар атрофи пойтахт ва шаҳрҳои калони ҷумҳурӣ, балки дар тамоми манотиқи кишвар нишонаи равшани талошҳои созандаи роҳбарияти давлат дар ростои паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатист.
Аммо бояд ба эътибор гирифт, ки манзури нуктагирон аз ироаи масъалаи фавқуззикр на арзёбӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардум, балки корбурди ин масъала ҳамчун абзори сиёсӣ ва таъсиргузории манфӣ бар зеҳни омма аст. Хоинони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳе сари созиш бо арзишҳои демократӣ ва мардумсолоронаи давлати мо надоштанд. Онҳо фақат дар паи аҳдофи тундравонаву ифротии динии худ мебошанд, зеро муқтазои табиати онҳо ва хоҷагони бурунмарзиашон ҳамин аст. Аммо ин афрод бояд нек донанд, ки маҳз ҳамин муқтазои табиати тундравонаву ифротгароёна ва мардумситезонаи онҳо оқибат сари эшонро хоҳад хурд.
Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хурад.

Хусрави Шерзод

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...