(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Расонаи наҳзатӣ натиҷаи  таҳқиқоти Бардия Раҳмонӣ, мушовири байналмиллалӣ дар бахши амниятиро дар мавриди гўё даст доштани мақомоти Тоҷикистон дар тиҷорати маводи мухаддир, ки дар нашрияи  The Diplomat мунташир гардидааст, нашр кард (албатта, барои тавсеа додани иттиҳомоти худ алайҳи Ҳукумати Тоҷимкистон ва раҳбарияти давлатӣ). Мавод, яктарафа таълиф гардидааст.

Дар ҳошияи матлаб чанд андешаи худро хидмати хонандагон манзур месозам:

1.Масъалаи  гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз хатарҳои асосӣ на танҳо дар минтақа, балки дар ҷаҳон маҳсуб меёбад. Дар ин самт миёни давлатҳо ва созмонҳои марбута ҳамкориҳои зиёде дар шакли қарордодҳои байнидавлатӣ ва байналхалқӣ вуҷуд доранд. Бо вуҷуди ин, мушкилот дар самти гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҳамарўза меафзояд, чаро ки доираҳои махсуси хориҷии  ҷиноятӣ аз ин навъи тиҷорат фоидахои ҳангуфт ба даст меоваранд.  Воқеан, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон  робитаҳои дўстона дошта, ҳар ду давлат зидди терроризм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мубориза мебаранд. Мушкилӣ  инҷост, ки доираҳои ҷиноятӣ аз ҳар ду тараф солҳост, ки раванди транзити маводи мухаддирро назорат мекунанд ва давлат бо роҳандозӣ намудани тадбирҳои зарурӣ пеши роҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро мегирад. Пўшиш додани баъзе мақомдорони қудратӣ тиҷорати маводи мухаддирро дар минтақаҳо сухани наву тоза нест ва Президенти Ҷумҳрии Тоҷикистон борҳо дар ин хусус суҳбат кардаанд ва дар мулоқоти ахиран дар Бадахшон сурат гирифтаи Сарвари давлат ин масъала бори дигар хотирнишон гардид.

2.Ҳукумати Тоҷикистон ва мақомоти зиддахл дар пайи коҳиш додан ва ниҳоятан, аз байн бурдани гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақаҳои марзӣ тадбирҳои зиёди амниятӣ ва ихтисосӣ андешидаанд. То имрўз гурўҳҳои зиёди ҷиноятӣ, ки ба транзити маводи мухаддир машғул будаанд, аз ҷониби мақомоти қудратӣ дастгир гардидаанд. Махсусан, ҳодисаҳои хариду фурўш ва интиқоли маводи мухаддир дар манотиқи марзӣ бо Афғонистон дар солҳои ахир зиёд ба қайд гирифта шудааст ва ин ҳолат гувоҳи он аст, ки масъала ҷиддияти вежа касб намудааст. Масъалаи мазкур мақомоти марбутаи давлатњои ИДМ ва созмонҳои бонуфузи минтақавию ҷаҳониро нигарон кардааст ва дар ин замина чораҳои судманд андешида шуда истодааст. Ин аст, ки таҳқиқоти Бардия Раҳмонӣ, мушовири байналмиллалӣ дар бахши амният яктарафа мебошад.

3.Албатта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мамолики кумакрасон, минҷумла ИМА дар самти мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир  арзи эҳтиром мекунад, вале он чи ки таҳқиқотчии амниятӣ ироа доштааст, қобили қабул нест. Ҳеҷ гоҳ Ҳукумат бо тоҷирону ҷинояткорон, ки дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир даст доранд, ҳамдасту ҳамшарик нест ва бидуни далелҳои мушаххас ироа доштани чунин навъи таҳқиқот ба манфиати кор буда наметавонад. Дигар ин ки таҷҳизоти замонавие, ки аз сўйи давлатҳои ғарбӣ ҷиҳати тақвият бахшидани муборизаи зидди  хариду фурўши маводи мухаддир эҳдо гардидаанд, вазъи муборизаро беҳтар кардааст ва инро мо дар натиҷагириҳои солҳои ахир мушоҳида мекунем. Дар баробари ин, мубориза алайҳи нафарони нолоиқ дар мақомоти қудратӣ  идома дорад ва дар чанд соли ахир чандин корманди масъули мақомоти қудратӣ барои дар сатҳи зарурӣ анҷом надодани вазифаҳои хидматӣ ва ҳамшарикӣ дар ҷинояткорӣ муҷозот шуданд.  Ин ҳолатро дар бисёр кишварҳои пешрафта ва мутамаддини ҷаҳонӣ ҳам метавон мушоҳида кард, аз ин рў,  масъаларо яктарафа баҳо додан хуб нест.

4.Иртиботи давлат бо тоҷирони маводи мухаддир, ки ҷинояткорони трансмиллӣ маҳсуб меёбанд, дар ҳар шакле  қобили таҳаммул нест, зеро ки ду-се нафар мақомдори беномуси давлатӣ, ки бо ин ва ё он васила тиҷорати маводи мухаддирро дар минтақа тавсеа мебахшад, ҳоло маънии ҳамдастии Ҳукуматро дар ин самт собит намесозад. Гузашта аз ин, пушти тиҷорати маводи мухаддир доираҳои манфиатхоҳи хориҷӣ, ки ҳамшарики мафияи ҷаҳонианд, қарор доранд. Аз ҷониби дигар, пуштибонӣ аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир барои давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон чӣ медиҳад ба ҷуз бадномӣ дар сатҳи байналмилалӣ ва ин нуктаи муҳимро раҳбарияти олии давлат хуб дарк карда, солҳост бо ин вабои аср муборизаи муташаккилона мебаранд.  Дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар, ки 12 майи соли ҷорӣ доир гардид,  Сарвари давлат ин масъаларо ба унвони масъалаи глобалӣ арзёбӣ намуданд ва аз ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти марбута даъват ба амал оварданд, ки дар роҳи мубориза зидди гардиши маводи мухаддир ва эмин доштани насли наврасу ҷавон аз он гомҳои устувор бардоранд. Бонги хатар задани Президент ҷиддӣ будани муборизаро дар ин самт нишон медиҳад. Ин аст, ки дар ҷабҳаи муборизаи зидди маводи мухаддир раҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шахси Президент ҷаҳду талош меварзанд.

Фаридун Ориёӣ.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...