(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Дар шумораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (шумораи 41 аз 11 октябри соли 2018) мусоҳибаи Давлат Маҳмадризобеков ба чоп расид. Мусоҳиба ҳолати воқеии вазъияти ҷинояткориро дар шаҳри Хоруғ воруна ва чаппа ифода мекунад ва дар мусоҳиба кӯшиши тафриқа андохтан байни кормандони ба ном «маҳаллӣ» ва «омада» шудааст, ки мазмуну муҳтавои  мақоларо ба куллӣ дигар кардааст. Чунончӣ, ин генерали дурӯғросткун мегӯяд: « -Ба андешаи ман, ҳам дар марказ ва ҳам дар худи Бадахшон бояд сафи кормандони сохторҳои қудратӣ аз ҳисоби сокинони маҳаллӣ афзоиш ёбад. Дар 10 соли охир шумораи онҳо тамоман кам шуд, зеро нафароне, ки аз дигар минтақаҳо меоянд, то дараҷаи зарурӣ наметавонанд бо мардуми маҳаллӣ ба пуррагӣ забон ёбанд. Бояд кадрҳои лаёқатманди худи Бадахшонро дар сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ тарбия намуд ва ба он ҷо фиристод. Ин таъсири хубе хоҳад дошт».

Ин изҳори ақида мутлақо  норафиқи генерали саҳроӣ нодуруст аст. Баръакс ин «кадрҳои маҳаллӣ» чӣ қадар тавонистанд, вазъиятро тахриб карданд, заминаи нооромиро ба вуҷуд оварданд. Мана далелҳо:

Сараввал, ҳамин полковнику генералҳои маҳаллӣ, ба мисли Маҳмадризобеков Д., Сулаймонбеков И., Имомбердиев Ф., Навҷувонов М., Назриддинов Т., Поиндашоев О ва даҳҳо дигар ландаҳурони маҳаллӣ набуданд, ки дар сохтори милисаву амният хокпошӣ бар сари ҷинояту амали ҷинояткорҳо мекарданд ва сихеро болои сих нагузоштанд, то ин 4 гурӯҳаки ҷинояткор аз номи халқи Хоруғ баромад накунанд, ба гангстерҳои қотилу одамкуш ва ба масъалаи сатҳи ҷумҳуриявӣ табдил наёбанд.

Худи Маҳмдаризобеков аз ёд баровардааст, ки Алёши Горбун ӯро таги зарбу лагад соли 1994 қарор дод ва ӯ дар беморхона бистарӣ шуд ва ин ҷиноятро ифшо накард. Беақлӣ аз ин зиёд намешавад ва ин рутбаи генералӣ ҳам маълум аст, ки тасодуфӣ аст. Кадри маҳаллӣ, яъне чӣ? Вақте буд, ки тавони раиси вилояти Бадахшон шудани як ванҷиро тоқат накардед, ӯро ғайримаҳаллӣ донистед, Ванҷу ванҷиро фақат барои индюкхӯрӣ раво донистед, на шарик дар идораи вилоят. Чун ишкошимӣ, рӯшонӣ, дарвозӣ, ишкошимӣ, ванҷӣ, мурғобӣ ба рӯхияи ҷинояткории «маҳаллӣ»-и шумоҳо бегона медонистед, «точикенат чахтикен» гуфта муроҷиат мекардед. Тавони муовин будани раиси вилояти як дарвозӣ ва мурғобиро надоштед, Куҷо расад ба мардуми Кӯлобу Суғд. Ба ин мантиқи Шумо амал кунем, таъиноти кадрӣ бояд ба таври истисноӣ дар маҳаллаҳои Гулакен, Шошхоруғ, Бархоруғ ва аз ҳама хубтараш аз Менем, сурат гирад, ки 27 соли охир аз як деҳа 3 генерал таъин шудааст. Аҷабо, вовайлои «ватандории хоруғӣ»...

Ҳамин роҳбарони ба ном «маҳаллӣ»: Шабозов Ғ., Ниёзмамадов А., Шодихони Ҷамшед ва дигарон набуданд, ки раванди идораи вилоятро бунбастӣ карданд, Хоруғро ба шаҳри нимаафғонӣ табдил доданд, сатҳи ҷинояткориро боло бурданд, қотилу одамкушонро минбар доданд. Кор занакбозӣ дар утоқҳои корӣ, баъд мардум гӯш мекунад, раиси маҳаллии вилоятро.

Як кадри маҳаллӣ дигар доред, Алим Шерзамонови лаъинмаоб. Дар хориҷа рафта, барои таҳқири миллати худ, грант мегирад ва заминаи нооромиро муҳайё месозад, ҳоло он ки занаш гапашро намегирад.

Боқӣ давраи «маҳаллӣ-ҳо гузаштааст. Вақт вақти барқарор кардани ҳукумат ва тартиботи ҷамъиятӣ аст.

 

Рифъати Баҳромӣ, таҳлилгари масоили иҷтимоии Бадахшон аз номи гурӯҳҳои норозии Мурғоб ва Дарвоз.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...