(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Мо, ҷавонони вилояти Суғд вобаста ба вазъияти кунунии ба амаломада дар Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва нашри ақидаҳои муғризонаи гурўҳҳои мухолиф нисбат ба шароит ва ҳолати имрўзаи ин пораи Тоҷикистон, ба тамоми мардуми шарифи он, аз ҷумла ҷавонони минтақа муроҷиат намуда, изҳор менамоем, ки имрўз дар чунин шароити ҳассос ва сарнавиштсоз, набояд фирефтаи суханони гурўҳҳои ҷиноятӣ гардида, нисбат ба марзи аҷдодӣ ва сарзамини поки ниёгони хеш ҳар гуна амалҳои номатлубро раво бубинед. 

Имрўз душманону хоинони миллат аз хориҷи кишвар истода тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна андешаҳоро паҳн намуда, тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ҷамъоварии силоҳ, пешгирӣ аз гардиши мошинҳои берақам, интиқоли маводи мухаддир ва дигар иқдомотро як навъ амалиёти давлат нисбати мардуми Бадахшон маънидод мекунанд. Тамоми мардуми соҳибхиради Тоҷикистони азиз, пеш аз ҳама сокинони бонангу номуси Бадахшон худ ба хубӣ дарк мекунанд, ки ҳаргиз чунин набудаву нахоҳад буд, зеро таҳлилҳои анҷомёфта нишон медиҳанд, ки давоми чанд соли охир чанд гурўҳҳои ҷиноятпеша, на танҳо хилофи қонунҳои амалкунанда рафтор намуда истодааст, балки онҳо дар баробари бадном намудани мардум, боиси ранҷу озори халқи шарифи Бадахшон гардида истодаанд. Мо, ҷавонон аксаран аз он шукргузорӣ мекунем, ки имрўз бо шарофати тантанаи сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар ҷавонони тамоми шаҳру навоҳии мамлакат дар сафи артиши миллӣ дўстона ва чун фарзандони як оила хидмати Модар-Ватанро сарбаландона адо менамоем. Ҳамасола шумораи зиёди ҷавонони вилояти Суғд дар канори ҷавонони дигар манотиқи Тоҷикистон чун Хатлону Зарафшон, Ҳисору водии Рашт, дар ҷузъу томҳои Артиши миллӣ дар вилояти Мухтори кўҳистони Бадахшон хидмат мекунанд. Аммо мутассифона шумораи ҷавонони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ хеле кам мебошад. Асосан, ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Ишкошим, Дарвоз ба хидмат сафарбар шудаанд, ки онҳо низ нисбати дигар шаҳру навоҳии кишвар ба маротиб кам ҳастанд. Аммо аз шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Шуғнон ва Рўшон умуман ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ба назар намерасанд. Ҳол он ки аъзои гурўҳҳои ҷиноятпеша чун Толиб, Боқир, Ёдгор ва дигарон ҳатто худро «пешво»-и мардум эълон намуда, барои тафриқаандозӣ ва мардумситезӣ кўшиш доранд. Ин гурўҳҳо бо кадом асос даъвои «пешво»-ӣ мекунанд, ки нафаре аз хешовандонашон дар сафи қувваҳои мусаллаҳ барои ҳифзи марзу буми хеш хидмат намекунад. Мутаассифона, ин ҷавонон агарчӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хидмати Модар- Ватан намераванд, вале дар хидмати ин гурўҳҳои ҷиноятпеша буда, ҳамчун ғулом супориши ин «пешвоёни мардумозор ва мардумбезор» -и хешро иҷро мекунанд.
Ба мо маълум аст, ки яке аз аъзои ин гурўҳи ҷиноятпеша – Алим Шерзамонов, ки ҳоло дар Аврупо ба сар бурда, ғуломвор ба хоҷагони хеш хидмат мекунад, дар асл бо сабаби аз бонкҳои давлатӣ қарздор будан, фирор кардааст ва шарм надошта, барои пўшонидани ҷиноятҳо ва хиёнатҳои хеш даст ба бадном кардани давлат мезанад. Ҳатто тадбирҳои созанда ва талошҳои мақомоти давлатӣ барои таъмини оромиш ва ҳаёти осоишта дар Бадахшонро муқобилият ба мардум унвон мекунад. Инсоф куҷост? Вақте солҳо ту ва ҳамроҳони нашъаҷаллоб ва ҷинояткоратон бар сари мардуми Бадахшон чӣ қадар бадбахтиҳо овардаву имрўз аз кишвар фирор кардед, чаро бешармона мардумро ба муқобили давлат мехоҳед бархезонед. Мо боварии комил дорем, ки халқи Бадахшон ҳаргиз ба дасисаҳои Шумо дигар бовар нахоҳад кард, чун имрўз аллакай мўйро аз хамир ҷудо кардааст.
Бо истифода аз ин фурсати муносиб мо ҷавонони вилояти Суғд ба ҳамсолони худ муроҷиат менамоем, ки дар ин фурсатҳои ҳассос ҳушёрии сиёсӣ ва зиракиро аз даст надода, баръакс барои дастгир ва ба ихтиёри давлат супоридани гурўҳҳои ҷиноятӣ, пешгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир, барқарор намудани тартиботи ҷамъиятӣ дар қаламрави вилоят якдилона ташаббус зоҳир намоед. Шумо, ҷавонони ватандўсти вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон дар ин рўзҳои барои ҳамаи мо ҳассос ва марҳилаи даъват ба артиши миллӣ имконият доред, ки бо раъйу иродати хеш ба сафи қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон пайваста, ҳамчун гурўҳҳои ватандўст, ватанпарвар дар самти ҷамъоварии пурраи силоҳ, пешгирии ҷинояткорӣ, таслими гурўҳҳои мусаллаҳ ва ҷиноятпеша, нашъаҷаллоб, ки ҳамагӣ сабабгори чунин нооромиҳо дар минтақа гардиданд, саҳми назарраси хешро гузошта, оини ватандўстӣ ва ватандории хешро дар назди халқу Ватани азиз собит намоед.

ҶАВОНОНИ ВИЛОЯТИ СУҒД


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...