(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБаррасии маҷмуъи васеи масоили дӯстию ҳамкории ду ҷониб дар вохӯрии хосаи сарони давлатҳо оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳои васеи расмии Тоҷикистону Ҳиндустон идома ёфт.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олиқадрро ба кишвари меҳмоннавози мо хайрамақдам гуфта, изҳори боварӣ карданд, ки ин ташриф ба Тоҷикистон ба раванди таҳкими муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории судманди ду кишвар такони тоза хоҳад бахшид.

Ҷонибҳо аз сатҳи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди байни кишварҳо, ки мунтазам инкишоф меёбанд, изҳори қаноатмандӣ карданд.

Заминаи мустаҳками меъёриву ҳуқуқӣ аз 60 санади муҳими танзимкунандаи муносибатҳои ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, низомиву-техникӣ иборат аст.

Барои татбиқи самарабахши санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳкими муколамаи сиёсии ҷонибҳо, робитаҳои байнипарлумонӣ ва барои густариши муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ фаъолтар кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ зарур шумурда шуд.

Бо дарназардошти имкониятҳои фарохи сармоягузорӣ ва захираҳои бузурги неъматҳои моддии Тоҷикистон ҷалби сармоя ва технологияи муосири Ҳиндустон ба кишвари мо ва таъсиси корхонаҳои муштарак бо муассисаҳои саноатии Ҳиндустон барои ҳар ду ҷониб муҳиму манфиатбахш маънидод гардид.

Захираҳои бузурги табиӣ, бахусус дар бахши гидроэнергетика имкон фароҳам меорад, ки ширкатҳои давлативу хусусии ҳиндӣ мустақиман дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикӣ, аз ҷумла тавлиди энергияи таҷдидшаванда ҳузур дошта бошанд.

“Мо омода ҳастем бо Ҳиндустон дар соҳаҳои саноати кӯҳӣ, хусусан дар бахши коркарди металу минералҳо, аз ҷумла нуқра, сурма, симоб, сангҳои қиматбаҳо ва ороишӣ, ҳамчунин ҷавоҳирот, ҳамкорӣ намоем” таъкид доштанд Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар Тоҷикистон зиёда аз дусад чашмаи оби маъданӣ ва ҳаждаҳ кӯли муолиҷавӣ ва зиёда аз се ҳазору панҷсад навъи гиёҳҳои шифобахш мавҷуд аст, ки имкониятҳои зиёдеро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиб ва туризми табобатӣ, таъсиси марказҳои ташхисӣ, муолиҷавӣ ва бемористонҳои муштарак, бунёди корхонаҳои муштараки истеҳсоли доруворӣ, фароҳам меорад.

Дар самти рушди робитаҳои башариву фарҳангӣ ва илмӣ иқдомҳои Ҳукумати Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҳиндустон барои ҷудо намудани стипендияҳои таълимӣ ва омӯзишӣ тариқи Барномаи ҳамкориҳои техникӣ ва иқтисодӣ, ҳамчунин Шӯрои робитаҳои фарҳангии Ҳиндустон таъкид гардид.

Ҳар ду кишвар дар соҳаи амният ва мудофиа ҳамкориҳои босамар доранд ва ҷонибҳо ба фаъолияти Гурӯҳи тахассусии байни мақомоти мудофиавӣ баҳои баланд доданд. Бунёди госпитали дӯстии Тоҷикистону Ҳиндустон дар вилояти Хатлон ва омода кардани кадрҳо, ифодагари воқеии ин ҳамкориҳо мебошанд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкорӣ дар самти мубориза алайҳи терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар доираи Гурӯҳи муштарак оид ба масъалаҳои амниятӣ, муҳиму саривақтӣ муҳим шумурданд.

Таъмини сулҳу субот дар Афғонистон омили калидии таъмини амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказиву Ҷанубӣ арзёбӣ гардид.

Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар ҳошияи созмонҳои гуногуни байналмилаливу минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкории доманадор доранд ва ҳамёрии давлатҳо дар чорчӯбаи Созмони Ҳамкории Шанхай боз як омили пешбурди ҳамкориҳои созандаи Тоҷикистон ва Ҳиндустон  хоҳад шуд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табодули афкор карданд.

Дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.

Изҳороти муштараки сарони давлатҳо қабул ва санадҳои зерин имзо шуд:

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи идоракунии офатҳои табиӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои кайҳонӣ барои рушд;

- Ёддошти тафоҳум байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар масъалаҳои ҷавонон;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати энергияи нав ва барқароршавандаи Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкориҳо байни Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Ҳиндустон оид ба тадқиқотҳои соҳаи кишоварзӣ;

- Ёддошти тафоҳум байни Муасссисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино” ва Шӯрои Марказии Тадқиқотӣ дар соҳаи тибби юнанӣ Ташкилоти мустақили назди Вазорати Аюши Ҳукумати Ҷумҳурии Ҳиндустон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи Тибби Юнанӣ;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2018-2021;

- Барномаи табодули фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ҳиндустон барои солҳои 2019-2023;

- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди байналмилалии Вивеканандаи Ҳиндустон.

Пас аз анҷоми музокироти сатҳи олӣ Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ҳиндустон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шри Рам Натҳ Ковинд оид ба натиҷаҳои мулоқот барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ оростанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1227
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2828
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12934
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15163
mod_vvisit_counterҲамин моҳ39633
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50785
mod_vvisit_counterҲамагӣ1343826