(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи Комиссияи шаҳрии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Комиссияи шаҳрии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ ҷаласаро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки мувофиқи тавсияҳои Созмони Миллали Муттаҳид ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ» барўйхатгирии аҳолӣ на камтар аз як маротиба дар даҳ сол ё ҳангоми барўйхатгирии навбатии аҳолии ҷаҳон, гузаронида мешавад. Мутобиқи моддаи 4-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ», бо мақсади ба даст овардани маълумот оид ба шумора ва ҷойгиршавии аҳолӣ дар қаламрави Ҷумҷурии Тоҷикистон, инчунин муайян намудани дурнамои рушди ҷараёнҷои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографӣ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 12 октябри соли 2015 таҳти рақами 572, қабул карда шуд. Тибқи Фармони мазкур ташкили корҳои тайёрӣ, гузаронидан, коркард, ҷамъбаст ва нашри натиҷаҳои барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020, ба зиммаи Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҷӯйи иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ» ба тавсиб расид. Тибқи қарорҳои қабулкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси онҷо қарорҳои ба тавсиб расидаи Раиси вилояти Суғд аз 17 ноябри соли 2017, № 15 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020”, аз 17 январи соли 2017, №15 “Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили вилояти Суғд дар соли 2020” ва аз 9 октябри соли 2017, № 484 “Дар бораи масъалаҷои комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ” мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд аз 24 декабри соли 2015, № 899 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд дар соли 2020», аз 06 феврали соли 2017, № 53 «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд дар соли 2020» ва аз 23 октябри соли 2017, № 588 «Дар бораи масъалаҳои комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ» ба тавсиб расониданд, ки иҷроиши он ба зиммаи сохторҳои дахлдори шаҳрӣ гузошта шудааст.

Иттилоъ дода шуд, дар қарори зикршуда вазифаҳои аввалиндараҷаи КВДК «Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагию манзилӣ ва коммуналӣ», шўъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҷурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Кумитаи идораи замини шаҳр, шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, котиби матбуоти Раиси шаҳр, бахши фарҳанг, рўзномаи шаҳрии “Тирози ҷаҳон”, филиали Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи “Тоҷиктелеком”-и минтақаи шаҳри Хуҷанд, комиссариати ҳарбии шаҳр, ситод оид ба ҳолатҳои  фавқулодда ва мудофиаи граждании шаҳри Хуҷанд ва дигар сохторҳо, барои иҷрои корҳои давраи тайёрӣ муайян карда шудааст.

Сипас, сардори раёсати омори шаҳри Хуҷанд, котиби Комиссияи шаҳрии мусоидати барўйхатгирии аҳолии шаҳри Хуҷанд дар соли 2020, Садриддин Исомадинӣ баромад карда аз ҷумла афзуд, ки бо мақсади татбиқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раиси вилояти Суғд ва дар асоси он қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд барои иҷрои корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, қарорҳои дахлдор қабул гардидаанд, ки иҷроиши он ба зиммаи сохторҳои дахлдори шаҳрӣ гузошта шудааст.

Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 23 октябри соли 2017, № 588 “Дар бораи масъалаҳои комиссияи вилоятии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ” барои ҳамоҳангсозии фаъолияти ташкилоту идораҳо ва назорати рафти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи масъалаҳои барўйхатгирии аҳолӣ, иҷрои чорабиниҳо оид ба ташкил ва гузаронидани корҳои аввалиндараҷаи вобаста ба ташкил ва гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ, комиссияи шаҳрии мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ таъсис дода шуд. Комиссияҳои мусоидати барўйхатгирии аҳолӣ дар ҷаласаҳои худ иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҷои шаҳриро баррасӣ намуда, барои сари вақт иҷро намудани вазифаҳои аввалиндараҷа, чораҳо меандешанд. Мувофиқи нақшаи чорабиниҳои Комиссияи мазкур ташкили корҳои муайянкунии номгўи кўчаҳои маҷаллаҳои дохилишаҳрӣ ва сарҳади онҳо идома дорад. Ҳамчунин бо мақсади иҷрои қарори Раиси шаҳр “Дар бораи чораҷои иловагӣ оид ба гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд дар соли 2020” раёсати омор  нишондод ва шаклҳои муваққатии ҳисоботиро оид ба пешниҳод намудани маълумотҳо дар бораи рафти иҷроиши корҳои тайёрӣ ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили шаҳри Хуҷанд дар соли 2020 шурўъ аз моҳи сентябри  соли 2017 ворид намуд. Тибқи шаклҳои ҳисоботии мазкур оид ба рафти корҳои ба тартиб даровардани номи кўчаҳо, рақами хонаҳо дар манзилҷои маҳалҳои шаҳрӣ, лавҳаю рақамгузорӣ, тартиб додани нақшаҳои схематикии маҳалҳои шаҳрӣ ва харитаи шаҳр ва бо роҳи сартосар гаштан дурустӣ ва пуррагии баҳисобгирии ҷории аҳолиеро, ки дар хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии маҳалҳои шаҳрӣ зиндагӣ мекунанд, маълумот пешниҳод карда шуд.

Садриддин Исомаддинӣ гуфт, ки барои иҷрои вазифаҳои аввалиндараҷаи корҳои тайёрӣ барои гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили соли 2020 масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд вазифадор ҳастанд, ки сарҳади байни маҳаллаҳои шаҳрро аниқ намуда, номи кўчаҳо, рақами биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматиро дар манзилҳои маҳалҳои шаҳрӣ ба тартиб дароранд ва дар онҷо лавҳаю рақам гузоранд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт корҳо дар сатҳи шаҳр оғоз гардида марҳила ба марҳила ба анҷом расонида мешавад. Мақсад ва зарурати ба тартибдарории номи кўчаҳо, рақамгузории маҳаллаҳо, хонаҳои истиқоматӣ, ҳуҷраҳо ва биноҳои ғайриистиқоматию ёрирасон дар маҳалҳои аҳолинишини ҳудуди шаҳрӣ, ин; таъмини кори самараноки ёрии таъҷилии тиббӣ, кори шўъбаҳои алоқа, хадамотҳои садамавӣ, корхонаҳои манзилию коммуналӣ, расонидани хизматрасониҳои гуногун ба аҳолӣ ва гузаронидани ҳар гуна тадқиқотҳою барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки соли 2018 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст ва ташрифи сайёҳон ба вилоят сол аз сол афзоиш ёфта истодааст.

Иттилоъ дода шуд, ки асосан корҳои тайёр намудани маводҳои картографӣ, пас аз пурра ба тартиб даровардани номи кўчаҳо ва рақами хонаҳо оғоз мегарданд, зеро дар маводҳои харитавӣ ҳар як хонаҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ бо суроға нишон дода мешавад. Кори тартиб додани маводҳои картографӣ дар тамоми давраи тайёрӣ ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо дарназардошти ҳамаи тағйиротҳои ба вуқуъомада то муҳлати пешбинишуда гузаронида мешавад. Муваффақияти корҳои тайёрӣ ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил ба андозае аз таъмини саривақтии маводҳои картографии босифат вобастагӣ дорад. Мақомоти омор дар шаҳри Хуҷанд маводҳои картографиро барои нишонаи маҳалро дарёфт намудан, тақсим намудани ҳудуди шаҳр ба шуъбаҳои барўйхатгирӣ, қитъаҳои дастурдиҳанда-назоратчӣ, қитъаҳои барўйхатгирӣ ва тартиб додани нақшаҳои ташкилии гузаронидани барўйхатгирии аҳолӣ дар сатҳи шаҳр истифода мебаранд.

Дар анҷоми чорабинӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба аъзоёни коммисия вазифагузориҳо карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз1172
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта2828
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта12879
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта15163
mod_vvisit_counterҲамин моҳ39578
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта50785
mod_vvisit_counterҲамагӣ1343771