(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки Рустам Раҳматзода, муовини аввали Раиси вилояти Суғд, Маъруф Муҳаммадзода, Раиси шаҳри Хуҷанд, Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод ва аҳли илму адаб аз Рӯзи Рӯдакӣ-Қофисалори адабиёти классисикии тоҷик ҷашн гирифта шуд.

Нахуст зери пайкараи устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ чун рамзи эҳтиром гулчанбар гузошта шуд. Сипас дар Кохи «Суғдиён» маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни ироаи номаи табрикотии худ таъкид дошт, ки «Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри устувории пояҳои давлатдорӣ ва дар руҳияи ватандўстӣ тарбия намудани шаҳрвандон ва умуман ҷомеаи кишвар, бузургдошти шахсиятҳои адабию фарҳангӣ ва илмиро омили муҳим мешуморанд. alt Ватандўстӣ ҳиссиёти ниҳоят амиқи инсонист, ки решааш ба асрҳо ва ҳазорсолаҳо рафта мерасад. Аз ҳиссиёти волои ифтихор доштан аз Ватан ва ватандорӣ олитар, шарифтар, бузургу қавитар тафохуре нест ва буда ҳам наметавонад”.

Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки «Масъалаи омўзиши осори таърихиву фарҳангӣ ва арҷгузорӣ ба хизматҳои фарзандони бузурги миллат дар роҳи таҳкими Истиқлолияти давлатӣ ва густариш пайдо кардани раванди худшиносиву худогоҳии ҳар як халқу миллат аҳамияти басо муҳим дорад. Бо ин мақсад дар баробари амалӣ намудани дигар тадбирҳои фарҳангиву адабӣ 22 сентябр Рўзи Рўдакӣ муқаррар гардидааст, ки ин санаи фархундаро метавон рўзи шеъри оламгири форсӣ низ муаррифӣ намуд. Бузургдошти осори Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар шумори муҳимтарин тадбирҳое маҳсуб мешавад, ки дар канори бозгўи нақшу мақоми сиёсати давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди гиромӣ доштани ёди фарзонагони миллати тоҷик ва арҷу тақдири чеҳраҳои беназири адабии ҷомеаи мо ба сўи худшиносиву худогоҳӣ ҳидоят менамояд».

Таъкид шуд, ки қудрату нерўи ҳар забон, пеш аз ҳама, ба нерўи хирад ва заковати суханварон ва андешапардозон пайванд аст. Аз ин ҷост, ки чун сухан дар мавриди забони тоҷикӣ ва шеъри оламгири форсу тоҷик меравад, шахсияти устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ба ҳайси нахустин сухангустаре, ки дар вусъати меъёрҳои аслии шинохти шеър гуфтору андеша ва афкори хешро ғунҷоиш додааст, намоён мегардад. Устод Абўабдуллоҳи Рўдакӣ дар олами шеъру шоирӣ ба мақоме расида-аст, ки дар таърихи зиёда аз ҳазорсолаи адабиёт кам касоне ба он сатҳ расидаанд. Ҳамин аст, ки ўро бо унвонҳои “Султони шоирон”, “Соҳибқирони шоирӣ”, “Устоди устодон” ва “Нахустустод” ёд мекунанд.

Сипас, муовини аввали Раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ ироа намуд, ки дар он аз ҷумла зикр шудааст: «Забони тоҷикӣ беш аз ҳазор сол аст, ки ба сифати забони адабӣ дар хидмати соҳибзабонон қарор дорад ва ҳастии беш аз ҳазорсолаи забони адабии тоҷикиро осори мондагори илмиву адабие, ки аз ҷониби Одамушшуаро Рӯдакӣ, Ҳаким Фирдавсӣ, Ибни Сино, Берунӣ ва нобиғагони дигар рӯи саҳфаҳои таърих рехтаанд, ба субут мерасонад. Дар оғози ташаккули забони адабии тоҷикӣ дар ҳимояву ҳифз ва бузургдошти он амирони олигуҳар чун Исмоили Сомонӣ, Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ ва дигарон хидмати таърихиро ба анҷом расонида, онро аз ҳамлаву ҳуҷум ва фишори забонҳои бегона, бахусус арабӣ, дар амон нигаҳ доштанд. Дар бақову пойдории забони тоҷикӣ саҳми Сардафтари адабиёти классики тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ниҳоят калон аст. Рӯдакӣ барои тамоми шоирони адабиёти тоҷику форс мақоми сарвариро дорад, бинобар ин ҳама ҷо аз ӯ ба унвонҳои «одамушшуаро», «устоди сухан», «устоди шоирон», «устоди Аҷам» бо муҳаббату ихлос ва эҳтиром сухан гуфтаанд. Баракати шеъри Рӯдакӣ буд, ки забони тоҷикӣ дар замони Сомониён рушду камол ёфт, пеш аз Рӯдакӣ шоире, ки дар забони форсӣ соҳиби девони комил бошад, маълум нест. Ба ишораи сарчашмаҳо Рӯдакӣ ихтироъкори бисёр шаклҳои шеърӣ буда, аз ҷумла рубоиро маҳз ӯ падид овардааст, нахустин тарҳи маснавӣ ҳам аз Одамушшуаро Рӯдакӣ будааст. Устод Рӯдакӣ бо шеърҳои худ асоси сабки хуросониро гузошт, мактабе ба вуҷуд овард, ки адабиёти тоҷику форс аз он сарчашма гирифт. Баъд аз даргузашти Рӯдакӣ бисёр шоирони тоҷику форс ба эҷодиёти Рӯдакӣ пайравӣ кардаанд, зеро забони соддаю оммафаҳм ва тарзи баёни равони каломи Рӯдакӣ барои шоирон намунаи ибрат буд».

Сипас, Шоирони халқии Тоҷикистон Фарзона ва Аҳмадҷони Раҳматзод роҷеъ ба саҳми Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар бунёд ва ташаккули адабиёти классики тоҷик андешаҳои хешро баён доштанд.

Таъкид шуд, ки баргузории Рўзи Рўдакӣ моро ба асли хеш, ба суннатҳои давлатдории нахустин давлати миллиамон – давлати Сомониён, бо андешаҳои воло ва ҷовидонаи Исмоили Сомонӣ ва дигар шоҳони адолатпешаву фарҳангдўсти ин давлати бузург ба таври ногусастанӣ мепайвандад.

Ситораҳои санъати тоҷик ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...