(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд, беморхонаи вилоятӣ ва мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд мулоқоти вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ бо устодону донишҷӯён, хонандагону омӯзгорон ва сокинони маҳаллаҳои Сари баландӣ, Навбаҳор, Темурмалик ва Тиллокон баргузор гардид.

Фирӯза Нуруллозода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд мулоқотро оғоз намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ин чорабинӣ баҳри аз наздик ошно намудани дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо воситаи вакилони мардумӣ пиёда карда мешавад.

altГулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни баромади худ таъкид дошт, ки тибқи Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 сиёсати давлат дар таъмини пешрафти минбаъдаи кишвар ба афзалият ва самтҳои асосии расидан ба ҳадафҳои стратегӣ, аз қабили таъмин намудани истиқлолияти энергетикӣ ва гузаштан ба истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва таъмин кардани дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, инчунин вусъати шуғли пурмаҳсул равона мегардад.

Зеро муҳайё намудани зиндагии шоиста барои шаҳрвандони кишвар дар оянда низ ҳамчун ҳадафи олӣ ва стратегии мо боқӣ мемонад.

Дар ин ҷода таҳкими рушди устувори иқтисодиёт, ки ба ҷалби сармоя асос меёбад ва бо дарназардошти рушди илм ва инноватсия ба анҷом расонидани саноатикунонии босуръат тавассути баланд бардоштани иқтидорҳо бояд амалӣ гардад.

Бо ин мақсад афзоиши босуръати соҳаҳои саноату кишоварзӣ, хизматрасонӣ ва сайёҳӣ таъмин гардида, барои ташкили ҷойҳои нави корӣ ва таҳкими иқтидори содиротии кишвар замина фароҳам оварда мешавад, ки осебпазирии иқтисоди миллии моро аз таъсири манфии омилҳои беруна коҳиш медиҳад.

Инчунин, ҷалбу истифодаи самараноки сармоягузориҳо, ки ба рушди бахши воқеии иқтисодиёт ва инфрасохтор нигаронида шудааст, бояд васеъ ба роҳ монда шавад.

Ҳадафи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, ки мақсади асосии он пурра қонеъ намудани талаботи иқтисодиёт ва аҳолӣ бо нерӯи барқ мебошад, амалӣ гардида, бунёду барқарорсозии долонҳои нақлиётӣ ба анҷом расонида мешавад ва масъалаи аз бунбасти коммуникатсионӣ пурра раҳоӣ бахшидани Тоҷикистон ҳаллу фасл мегардад.

Дар ин раванд, зарур аст, ки ҷиҳати афзоиши сармоя ба рушди нерӯи инсонӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои пешқадам ҳамчун заминаи тараққиёти инноватсионии мамлакат ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шавад. Итминон дорам, ки иқдомоту чорабиниҳои дар ҳуҷҷатҳои стратегиву барномавӣ дарҷгардида ба пешрафти минбаъдаи мамлакат ва фароҳам сохтани шароити зиндагии сазовор барои ҳар як шаҳрванди кишвар мусоидат мекунанд.

Мавсуф қайд намуд, ки «Тавассути татбиқи ислоҳоти зарурӣ фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам гардида, муколама ва шарикии давлат бо бахши хусусӣ дар сатҳи миллӣ ва минтақавӣ густариш ёфт.Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолӣ ҳамчун самти афзалиятнок ва таъминкунандаи пешрафти минбаъдаи иқтисоди миллӣ аҳаммияти махсус медиҳад. Дар 27 соли истиқлолият бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ садҳо корхонаи хурду бузурги истеҳсолӣ бунёд ва ҷойҳои корӣ таъсису барқарор карда шуданд. Яъне агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ фаъолият карда бошад, ҳоло шумораи онҳо ба 2100 расидааст. Танҳо соли ҷорӣ бунёди 14 корхонаи бузург бо таъсиси панҷуним ҳазор ҷойи кори доимӣ ба нақша гирифта шуда, то имрӯз, аллакай, як қисми онҳо ба фаъолият оғоз кардаанд. Қобили зикр аст, ки саноати имрӯзаи Тоҷикистон дорои заминаи маҷмӯан инкишофёфта ва бо технологияҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз буда, беш аз 140 навъи маҳсулот истеҳсол мекунад, ки ба соҳаҳои истихроҷ ва коркарди маъдан, истихроҷи ангишт, саноати сабук ва кимиё, мошинсозӣ, коркарди металл, аз ҷумла металлҳои қиматбаҳо, масолеҳи сохтмон ва саноати хӯрокворӣ тааллуқ доранд. Танҳо дар самти коркарди пахта дар даврони соҳибистиқлолӣ даҳҳо корхонаҳои нав бунёд шуда, иқтидори коркарди нахи пахта аз 28 ҳазор тоннаи соли 1991 ба беш аз 100 ҳазор тонна расонида шуд. Дар шароити имрӯза давлат дар асоси ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ барои рушди соҳаи саноати мамлакат ҳамаи заминаҳои заруриро муҳайё намудааст. Ноил гаштан ба ин мақсад бояд ба яке аз ҳадафҳои муҳимми стратегии миллӣ дар солҳои оянда табдил ёбад. Заминаҳои объективии амалӣ гардидани чунин ҳадафро афзоиши аҳолии мамлакат ҳамчун қувваи истеҳсолкунанда, ки дар он захираҳои меҳнатӣ беш аз 50 фоиз мебошанд, инчунин, мавҷудияти имкониятҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сарватҳои табиӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун ашёи хом барои рушди саноати металлургияи ранга ва сиёҳ, сӯзишворӣ, кимиё, масолеҳи сохтмон ва саноати сабуку хӯрокворӣ ташкил медиҳанд.

Сипас, Наим Маликисломӣ, раиси ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд баромад намуда, дар бораи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва парҳез намудан аз ҳаракатҳои иртиҷоӣ ибрози андеша намуд.

Иштирокдорони маҷлис ба Гулбаҳор Назирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дода, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.

Имрӯз чунин мулоқот дар Марказаи фарҳанг, Донишкаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон, муассисаи томактабии  №15-и шаҳри Хуҷанд баргузор хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...