(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМуҳтарам омӯзгорон ва донишҷӯёни азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Дар оғоз мехоҳам тамоми сокинони шуҳратманду заҳматпешаи ноҳияи Ёвон ва ҳамаи шумо, ҳозирини гиромиро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси миллиамон - бистуҳафтумин солгарди истиқлолияти давлатӣ, ки тантанаи адолати таърихӣ ва рамзи сарбаландии халқи тоҷик мебошад, самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо бахту иқболи нек ва барору комёбӣ орзумандам.

Ду сол қабл дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуда буд, ки дар 15 соли оянда ба таври назаррас афзоиш ёфтани саҳми соҳаи саноат дар маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бояд таъмин гардад ва Тоҷикистон ба кишвари индустриаливу аграрӣ табдил дода шавад.

Бинобар ин мо, мо мақсад гузоштем, ки ин корро ба воситаи таъсис додани корхонаҳои нави саноатӣ ва коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми ватанӣ вусъат бахшида, бо ҳамин роҳ истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазирро зиёд карда, тақвияти иқтидори содиротии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корро барои ҳамватанонамон таъмин намоем.

Ноҳияи Ёвон метавонад ҳамчун яке аз ноҳияҳои калонтарини саноатии мамлакат барои амалишавии ин ҳадаф нақши муассир гузорад.

Дар оғози солҳои 90-ум, яъне қабл аз замони истиқлолият дар ноҳия ҳамагӣ 6 корхонаи саноатӣ фаъолият мекард.

Дар натиҷаи андешидани маҷмӯи тадбирҳо шумораи корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ҳамасола зиёд гардида, имрӯз шумораи онҳо ба 40 расидааст, ки аксари онҳо корхонаҳои азим мебошанд.

Ҳоло тавассути ба роҳ мондани фаъолияти муназзами корхонаҳои гуногуни истеҳсолӣ иқтидори саноатии ноҳия на танҳо дар вилоят, балки дар миқёси мамлакат торафт тақвият ёфта истодааст.

Тайи солҳои охир дар ҳудуди ноҳия илова ба корхонаҳои истеҳсолӣ беш аз 450 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои таълимиву иншооти варзишӣ, биноҳои баландошёнаи истиқомативу маъмурӣ, гармхонаҳо ва марказҳои савдову хизматрасонӣ бунёд ва ба истифода супорида шудаанд.

Ҳоло дар ҳудуди ноҳия қариб 30 ташкилоти пудративу сохтмонӣ фаъолият мекунад, ки аксари онҳо ғайридавлатӣ буда, дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ғанӣ гардонидани буҷети маҳаллӣ саҳми арзишманд мегузоранд.

Албатта, таъмин намудани фаъолияти бомарому самараноки корхонаҳои саноатӣ бе тарбияи кадрҳои баландихтисос муяссар намегардад.

Аз ин лиҳоз, Ҳукумати кишвар бо мақсади иҷрои ҳадафҳои дар Стратегияи миллии рушд муайяншуда раванди ислоҳот ва навсозии соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимии замонавӣ ва тарбияи кадрҳои ба талаботи замони муосир ҷавобгӯйро аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи худ меҳисобад.

Таъкид менамоям, ки мо имрӯз аз ҳама бештар ба мутахассисони соҳаҳои саноати сабук, маъдану энергетика, муҳандисони роҳу нақлиёт, барномасозон, меъморону лоиҳакашҳо, технологу геологҳо, инчунин, ба даҳҳо номгӯи ихтисосҳои коргарӣ эҳтиёҷ дорем, ки тайёр кардани онҳо бояд дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ амалӣ карда шавад.

Муассисаи таълимии ғайридавлатии Коллеҷи технологӣ ва дорусозӣ дар ноҳияи Ёвон, ки имрӯз ҳамаи мо шоҳиди ифтитоҳи он гардидем, аз ҷумлаи ҳамин гуна муассисаҳое мебошад, ки барои омода намудани кадрҳои замони нав пешбинӣ шудааст.

Ба ин муносибат ҳамаи шуморо табрик гуфта, ба сармоягузорону ташаббускорон ва ҳамаи онҳое, ки дар сохтмони он саҳми ватандӯстона гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Коллеҷи технологӣ ва дорусозии имрӯза ҳамчун иқдоми созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатӣ бо харҷи 30 миллион сомонӣ ва бо тарҳи меъмории муосир аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ – директори корхонаи «Ғаюр-семент» Ғуломов Акбар бунёд гардидааст.

Муассиса дорои як бинои таълимии панҷошёнаи иборат аз 60 синфхонаи таълимии бо ашёву таҷҳизоти зарурии хониш муҷаҳҳаз мебошад ва барои 1440 нафар донишҷӯ пешбинӣ шудааст.

Дар ҳудуди муассиса толору майдончаи варзишӣ, ошхона ва шабакаи ягонаи гармидиҳӣ низ бунёд гардидааст.

Дар коллеҷ мутахассисони оянда аз рӯи 14 ихтисоси барои корхонаҳои истеҳсолии ноҳияи Ёвон зарурӣ, инчунин, фаъолияти дорусозӣ ва истифодабарии техникаву таҷҳизоти тиббӣ омода карда мешаванд.

Дар иртибот ба ин таъкид месозам, ки ҷиҳати таъмин намудани рушди ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ба омӯзиши касбу ҳунарҳои халқӣ, аз қабили қолинбофӣ, заргариву зардӯзӣ, кандакориву гаҷкорӣ, нақкошиву мисгарӣ, дигар касбҳои аҷдодӣ, тарроҳони либосҳои миллӣ, инчунин, таъмиргарони таҷҳизоту технологияҳои электронӣ таваҷҷуҳи бештар додан зарур аст.

Бо ин мақсад, вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияҳои нав бояд заминаҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии мавҷудаи кишварро тақвият диҳанд.

Ҳамзамон бо ин, кулли омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва падару модаронро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, раҳнамоии наврасону ҷавонон ба интихоби дурусти касбу ҳунар эътибори ҷиддӣ диҳанд, зеро омӯхтани дастовардҳои илму техникаи муосир ва тарбияи насли эҷодкору ҷӯянда ва ихтироъкору навовар талаби қатъиву мубрами замонаи пешрафт мебошад.

Дар охир ҳамаи шумо, ҳозирини арҷмандро бори дигар ба ифтихори ҷашни истиқлолият ва ифтитоҳи ҳунаристони нав табрик гуфта, орзумандам, ки шогирдони ин даргоҳи омӯзиши касбу ҳунар дар оянда ҳамчун кадрҳои болаёқату созанда ва ватандӯсту ободкор ба воя мерасанд.

Саломату саодатманд бошед, дӯстони азиз!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...