(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон аз намоишгоҳи маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат», воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Даҳана боздид намуданд.

Зимни боздид аз намоишгоҳ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намунаи беҳтарини маҳсулоти соҳаи кишоварзии ноҳия, аз қабили зироати донагӣ, меваю сабзавот, полезӣ, навъҳои гуногуни пахта ва дигар навъи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ намоиш дода шуд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки ноҳияи Ёвон маҷмуан дорои беш аз 25 ҳазор гектар заминҳои корам буда, 22 ҳазору 142 гектарро заминҳои обӣ ва боқимондаро заминҳои лалмӣ ташкил медиҳанд. Шумораи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди ноҳия ба 4 ҳазору 443 адад расида, 2 ҳазору 620-тои он дар самти кишту кори пахта фаъолият мекунанд. Аз масоҳати умумии 25 ҳазору 142 гектар заминҳои корам 6 ҳазору 969 гектарро зироати донагӣ, 1017 гектарро полезӣ, 2015 гектарро сабзавот, 11 ҳазору 500 гектарро кишти пахта ва боқимондаро кишти дигар навъи зироат ташкил менамояд.

Аҳли заҳмати ноҳия бо истифода аз иқлими мусоид ва таъмини шароиту имконоти хос ба соҳаи кишоварзӣ бо тавсияи олимони соҳа ва дуруст ба роҳ мондани агротехникаи кишоварзӣ ҳар порча заминро самаранок истифода менамоянд. Онҳо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда, ҳам сатҳи зиндагии хешро беҳтар менамоянду ҳам дар ғанӣ гардонидани бозори истеъмолӣ мусоидат мекунанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо намунаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ соҳаи кишоварзиро яке аз самтҳои муҳим дар такон бахшидани рушди иқтисоди миллӣ ва омили расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, таъмини амнияти озуқаворӣ маънидод карда, заҳмати кишоварзони ноҳияро шоистаи таҳсин гуфтанд ва ба онҳо барои боз ҳам васеъ намудани майдони кишти зироат ва ба даст овардани ҳосили фаровон маслиҳатҳои муфид доданд.

Сипас Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои саҳроӣ дар хоҷагии деҳқонии «Баракат» шинос шуданд.

Хоҷагии мазкур соли 2003 таъсис ёфта, дар он заминҳои кишт маҷмуан 13 гектарро ташкил медиҳанд. Хоҷагии мазкур баробари саҳм гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории кишвар, инчунин барои бо ҷойи кор таъмин намудани сокинон саҳми назаррас дорад. Имрӯз дар хоҷагии деҳқонии «Баракат» 25 нафар кормандон фаъолият менамоянд, ки ҳамаи онҳо бо маоши хуб таъминанд.

Масъулин нақша доранд, ки бо васеъ намудани майдони кишт ва афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, шумораи коргаронро низ бештар намоянд. Ҳоло дар хоҷагӣ 7,5 гектар кишти пахта, 1,3 гектар кишти сабзавот ва 4,2 гектар хӯроки чорво, аз қабили юнучқа кишт карда шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳқонону боғпарварони асил ва роҳбарияти ноҳияро ба афзун кардани нишондиҳандаҳои боғу токпарварӣ, хусусан васеъ намудани майдони кишти пахта ҳидоят намуданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...