(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи 6 сентябри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади иштирок дар расми ифтитоҳи як қатор иншооти саноатӣ, таълимӣ, хизматрасонӣ ва шиносоӣ бо ҷараёни корҳо дар соҳаи кишоварзию мулоқот бо мардум ба ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Ёвон нахуст дар корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ ҳусни оғоз бахшиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки иқтидори коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ дар як шабонарӯз 72 метр қубурҳои қутрашон аз 500 то 2000 миллиметраро ташкил медиҳад.

Талабот ба маҳсулоти истеҳсолнамудаи коргоҳи мазкур дар мамлакат зиёд буда, аз он бештар дар соҳаи кишоварзӣ ва сохтмони иншооти обёрӣ истифода карда мешавад.

Дастгоҳу таҷҳизоти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ аз хориҷи кишвар ворид карда шудаанд, ки истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ тавасути он босифат ва мутобиқ ба талаботи муосир анҷом дода мешавад.

Дар коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ номгӯи масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла, якчанд намуд сафолак, сутунпояи ҳимоявии шафати роҳ ва болопӯши бетонӣ истеҳсол карда мешаванд. Масъулини коргоҳ азм доранд, ки оянда истеҳсоли пояҳои оҳану бетониро, ки барои интиқоли неруи барқ истифода бурда мешаванд, ба роҳ монанд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтани коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ зиёда аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кор таъмин гардиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъд аз шиносоӣ ба фаъолияти коргоҳи истеҳсоли қубурҳои оҳану бетонӣ баҳои баланд дода, барои афзун намудани иқтидори истеҳсолӣ ва тавлиди маҳсулоти рақобатпазир ба масъулин дастуру ҳидоят доданд.

Сипас Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ёвон бо фаъолияти коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик”, ки дар назди корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” ҷойгир мебошад, шинос шуданд.

Мавриди зикр аст, ки коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик”–ро масъулини корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дар асоси дастуру ҳидояти Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2016 бунёд намуданд.

Коргоҳи мазкур бо назардошти талаботи корхонаҳои бузурги истеҳсоли семент ба халтаҳои полупропиленӣ  ба истифода дода шудааст, ки ҳамзамон аз маҳсулоти истеҳсолнамудаи он ба ғайр аз корхонаи “Ҷунгтсай Моҳир семент” дигар корхонаҳои азими истеҳсоли семент истифода менамоянд.

Дар корхона муосиртарин таҷҳизоти технологии пешқадамтарин ширкатҳои хориҷӣ васлу насб шуда, раванди истеҳсолот тариқи дастгоҳҳои электронӣ танзим ва назорат карда мешавад.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” дар як шабонарӯз 119 ҳазор ва солона 40 миллион дона халтаро ташкил медиҳад.

Дар коргоҳи мазкур зиёда аз 100 нафар сокинони маҳаллӣ бо шуғли доимӣ фаро гирифта шудаанд, ки шумораи зиёди онҳо занону духтарон мебошанд.

Фаъолияти коргарону мутахассисон дар коргоҳи истеҳсоли халтаҳои полупропилении “Моҳир пластик” дар се баст сурат гирифта, барои онҳо шароити мусоид фароҳам мебошад.

Бунёди чунин коргоҳҳои истеҳсолии муҷаҳҳаз бо хатти технологии муосир имкон фароҳам меорад, ки дар баробари истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, инчунин даҳҳо ҷойҳои нави корӣ муҳайё гардад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...