(0 овоз, миёна 0 аз 5)

 Тавре таҳлили ҳодисаҳои  чанд соли охир нишон медиҳад, ҳизби фаъолияташ мамнуъи наҳзати исломӣ дар тӯли фаъолияти бистучандсолаи худ новобаста аз оне, ки ба сари мардум чӣ балоҳоеро овардааст, аммо ҳамоно аз ин кирдорҳои нангинаш на танҳо изҳори пӯшаймонӣ накардааст, балки он ҳама ҷинояткориҳои содиркардаи худро мояи ифтихору сарбаландӣ меҳисобаду пайваста дар тӯли мавҷудияташ ҷавонони роҳгумзадаро ба гирди худ ҷамъ мекарду дар замирашон тухми нифоқу кина нисбати имрӯзу ояндаи ин давлату миллат мекошт. Замоне, ки расман фаъолият мекард, ба таври доимӣ дар дафтари ҳизб ҳаргуна ҷамомаду маҷлисҳои дурӯғин ташкил карда, дар онҷойҳо дарду алами худро аз ҳукумати Тоҷикистон меситонанду аз гузаштагони наҳзатӣ  ҳамчун пайғамбар ёд мекарданд.

Наҳзатиёни мансабталош барои ноил шудан бо ниятҳои нопокашон дар назди аҷнабиён худро ҷавлон дода, маҷлису нишастҳояшонро бидуни эшон намегузарониданд. Ҳар сухани хоҷагони хориҷияшонро ба ҷону дил мепазируфтанду аз хати кашидаи эшон берун намебаромаданд.

Пас аз ҳодисаҳои моҳи сентябри соли  2015 баста шудани ҳизбашон, онҳо роҳи муборизаро дар хориҷи кишвар диданд. Бо ташкили ҳаргуна пикетҳо дар назди сафоратхонаҳои Тоҷикистон дар он давлатҳо ба имиҷи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ латма ворид кардани мешуданд.

Аммо, ҳамаи ин бадкориҳои худро ҳоло ҳам кам дониста, барои бенизом гардонидани Тоҷикистон тамоми саъю талошҳои худро ба роҳ мемонад. Тавре аз ВАО маълум аст, пас аз баста шудани сомонаи расмии ин ҳизб, дар ҳол сомонаҳои дигареро фаъол намуданд, то ҳуҷумҳои иттилоотии худро бар зидди сохти конститутсионӣ ва барҳам задани сулҳу субот ва оромӣ дар кишвар боз ҳам идома диҳанд.

Конфронси “илмию амалӣ” –е, ки дар мавзӯи ”Таҳдиду хатарҳои  ҲНИТ ба амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, наҳзатиҳои гумномро нигарон намуда, дарҳол ба ҳуҷумҳои иттилоотӣ гузаштанд.  Нигаронии наҳзатиҳо пеш аз ҳама дар он аст, ки дар ин конфронс  намояндагони сафоратҳои 20 кишвари хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат доштанд.

Муаллиф бешармона вобаста ба нишасти солонаи САҲА, ки интизор меравад аз 10-ум то 20-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мешавад, қайд кардааст, ки: «Сюрпризҳои аҷибу ғариби навбатӣ дар нишасти САҲА дар Варшава бошед»

Хусусияти наҳзатиҳои ифротӣ чунин аст, ки ҳамарӯза талош бар он менамояд, ки бӯҳтоне созаду онро барои тамоми ҷомеа нишон диҳанд.

Ҳар нафаре, ки зидди сулҳу субот ва оромии кишвар ҳарфе ба забон ораду сухани ироа намоянд, аз он меболанду хушҳол мешаванд. Гӯё тоҷик набошанд ва  миллати тоҷик барояшон бегона аст. Ба хотири ситонидани қасос имрӯз омодаанд, даст ба ҳама кор зананд. Саволи асосӣ ин аст, ки онҳо аз кӣ интиқом гирифтаниянд, ки имрӯз даст ба таҳкир мезананд?  Қасос аз миллат, аз Ватан, аз ободии кишвар. Новобаста аз оне, ки онро эътироф намекунанд, аммо тарзи фаъоияти эшон нишон медиҳад, фикру назар ақидаву андешаҳояшон  айнан мисли ақидаҳои Толибону Давлати исломӣ, Ҳаракати исломии Ӯзбекистону дигар созмонҳои террористӣ мебошад

Чӣ тавре, ки барои ташкилотхои террористи пешрафти Афғонистон ғайри қобили қабул аст, барои Ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ низ пешрафти Тоҷикистон устухонест дар гулӯ.

Сулҳу субот, амният ва зиндагии беҳтари тоҷику  тоҷикистониёнро қабул надоранду аз беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум нороҳат мегарданд. Онҳо бо даъвоҳои дурӯғини демократия хоҳиши рахна намудан бар ваҳдату муттаҳидии миллат мебошанд. Ин исломиҳои сиёсӣ таҷрибаи тафриқаандозиро хуб балад мебошанд.. Солҳои 90-уми қарни гузашти чӣ бадбахтиҳоро ба сари миллати тоҷик оварда буданд.


Нодири Қодир

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...