(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt24 август дар Маркази ҳамоишҳои “Аваза” дар шаҳри Туркменбошӣ Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал баргузор гардид, ки дар он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок карданд.

Баъди анҷоми маросими аксбардории сарони давлатҳо нахуст дар ҳайати маҳдуд рӯзномаи ҷаласа баррасӣ гардида, сипас муҳокимаи онҳо бо иштироки ҳайатҳои васеъ идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо мавзуъҳои мубрами идоракунии об ва масъалаҳои экологии минтақаро баррасӣ карда, самти фаъолияти муштаракро барои  андешидани тадбирҳои оянда дар ин бахшҳо муайяну мушаххас карданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид доштанд, ки қарори таъсиси Фонди Байналмилалии наҷоти Арал (IFAS), ки имсол аз қабули он бисту панҷ сол пур мешавад, як қадами оқилонаи кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад.

“Бо шарофати фаъолияти якҷояву ҳамоҳангшуда дар чаҳорчӯбаи Хазина, мо тавонистем диққати ҷомеаи ҷаҳониро ба мушкилоти ҳавзаи баҳри Арал ҷалб намоем, ҳамкориро бо созмонҳои байналхалқӣ ва минтақавӣ, ташкилотҳои молиявӣ ва кишварҳои донор ба роҳ монем, маблағҳоро ба татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мухталиф барои бартарафсозии буҳрони Арал равона созем”, - таъкид доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Дар ин замина қайд карда шуд, ки дар давоми солҳои гузашта дар Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои идоракунии об ва лоиҳаҳои муҳити зист ва барномаҳо якчанд миллиард доллари америкоӣ сарф карда шуд.

“Дар айни замон, мо бо як қатор проблемаҳои муштарак ру ба ру шудаем, ки ҳамкории байни мамлакатҳоямонро барои ҳалли онҳо талаб мекунад,” - изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тамоюли афзоиши аҳолӣ ва тағйирёбии иқлим, азхудкунии заминҳои нав ва ҳаҷми зиёди талафоти об дар соҳаи кишоварзӣ, рушди истеҳсолоти маҳсулот ва иқтисодиёт, ки дар якҷоягӣ ба коҳишёбии ҳаҷми умумии захираҳои об ва афзоиши талаботи истеъмоли об оварда мерасонад, аз масъалаҳои муҳиму ҳалталаб ба шумор меравад.

Ҳамчунин тамоюли бесобиқаи обшавии захираи пиряхҳо аз сабаби тағйирёбии иқлим дар минтақа ба мушоҳида мерасад. Мавриди зикр аст, ки дар тӯли чанд даҳсолаи охир, Тоҷикистон зиёда аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии пиряхҳо, аз ҷумла тақрибан як ҳазор пиряхҳои хурд ва миёнаро аз даст додааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса, нишондиҳандаи дастрасии об ба ҳар сари аҳолӣ дар минтақаи мо чор маротиба нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 1960 камтар шудааст.

Бо назардошти рушди босуръати сатҳи талабот ба об дар минтақа, Сарвари давлат бори дигар ташаббуси Тоҷикистонро оид ба истифодаи оқилонаи захираҳои оби нӯшокии  кӯли баландкуҳи Сарез барои беҳтар намудани таъминоти оби нӯшокӣ дар кишварҳои минтақа барои солҳои дароз хотиррасон карданд.

Таклиф карда шуд, ки пешниҳоди мазкур бо дарназардошти он, ки саломатии аҳолии минтақа аз сифати оби нӯшокӣ вобаста аст, ба инобат гирифта шавад.

Ғайр аз ин, зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳодисаҳои фавқулоддаи обу ҳаво, офатҳои табиӣ, ки бештар аз сабаби тағйирёбии иқлим ба миён омада, боиси талафоти зиёди молию ҷонӣ мегардад, муфассал ибрози андеша карданд.

Дар Тоҷикистон дар давоми бист соли охир зарари умумӣ аз офатҳои табиӣ вобаста ба захираҳои об ба якчанд миллиард доллари америкоӣ баробар шуда, талафоти аҳолӣ зиёда аз як ҳазор нафарро ташкил дод - таъкид доштанд Сарвари давлат ва афзуданд, ки идома ёфтани ин ҳолат боиси оқибатҳои хеле ҷиддӣ мегардад ва моро зарур аст, ки барои мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим ва идоракунии устувори захираҳои об тадбирҳои фаврӣ андешем.

Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштанд, ки ташаббуси Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” чун се ташаббуси қаблии вобаста ба об, барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори об равона гардидааст.

Изҳори умед карда шуд, ки Хазина ва сохторҳои он аз платформаи даҳсолаи нав барои ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳо, ҳам дар сатҳи миллӣ ва ҳам дар сатҳи минтақавӣ истифода мебаранд.

Дар охири суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро пешниҳод карданд, ки қабули он ба ҳалли мушкилоти минтақа вобаста ба идоракунии об, муҳити зист ва вазъи иҷтимоию иқтисодӣ, мусоидат мекунад. Аз ҷумла зикр гардид, ки такмили сохтори ташкилӣ ва асосҳои шартномавию ҳуқуқии Хазинаи Байналмилалии наҷоти Арал бо мақсади мутобиқ намудани он ба воқеияти имрӯза зарур аст ва бунёди нерӯгоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ бо обанборҳо, ки ба танзими мавсимӣ ва дарозмуддати таъмини об, бахусус дар солҳои камобӣ, инчунин коҳиш додани хатарҳои офатҳои табиии вобаста ба об мусоидат мекунанд.

Зикр карда шуд, ки гидроэнергетика ҳамчун яке аз сарчашмаҳои асосии барқароршавандаи энергияи тоза, ҳамзамон пешрафти муваффақонаи иқтисоди “сабз” -ро таъмин мекунад.

Таъкид гардид, ки қариб 90 фоизи нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва тибқи ин нишондиҳанда, кишвар дар ҷаҳон ҷойи 6-умро  ишғол мекунад.

“Тоҷикистон, соҳаи гидроэнергетикаро рушд дода, бо партовҳои махсуси гази карбон (CO2) дар атмосфера дар як саду сию панҷум ҷой ва дар миқёси минтақа бошад, дар мақоми охирин ҷойгир аст. Ин нишондиҳанда танҳо тақрибан се фоизи умумии партобҳоро ташкил медиҳад”, - иброз доштанд Сарвари давлат.

Пешниҳод гардид, ки

- ба идомаи ислоҳот ва таҷдиди сохторҳои мавҷудаи идоракунии об, асосан ҷуйборҳои обёрӣ, ки аксарияти об дар онҳо талаф меёбад, аҳамият дода шавад;

- барои татбиқи механизмҳои иқтисодии истифодаи об ва технологияҳои нави захираҳои об, инчунин системаи ҳисобдории ҳаҷми об, мусоидат карда шавад;

- ҳамгироии иқтисодии ба рушди ҳамаҷонибаи ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла ба таъмини ҳаракати озоди мол, хизматрасонӣ ва меҳнат нигаронидашуда, ташаккул дода шавад.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти Туркманистон барои ташкили хуби ин ҳамоиш ва меҳмоннавозии самимӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Баъди анҷоми ҷаласа сарони давлатҳо дар нишасти матбуотӣ бо доираи васеъи хабарнигорон кори ҳамоишро натиҷагирӣ карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...