(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt11 август дар доираи сафари расмӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Академияи дипломатии Озарбойҷон бо ҳайати устодон ва донишҷӯён мулоқот карданд.

Академияи дипломатии Озарбойҷон соли 2006 таъсис ёфта, ҳамчун муассисаи олии таълимӣ мутахассисонро дар соҳаи дипломатия, равобити ҷамъиятиву байналхалқӣ, соҳибкорӣ, илмҳои гуманитарӣ ва технологияҳои иттилоотӣ омода мекунад.

Ҳайати омӯзгоронро дар факултаҳои донишгоҳ олимон ва шахсони кордида аз Озарбойҷон ва коллеҷу донишгоҳҳои пешрафтаи ҷаҳон ташкил медиҳанд.

Ҷамъомадро бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сухани муқаддимавӣ Ректори Академияи дипломатии Озарбойҷон Хафиз Пашаев ифтитоҳ карда, дар вазъияти тантанавӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои саҳми назаррас, талошҳову ташаббусҳо дар таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, таҳкиму тавсеаи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон ва рушди робитаҳои илмии муассисаҳои олии таълимии ду кишвар Унвони Олии “Доктори фахрӣ”- и Академияи дипломатии Озарбойҷонро тақдим намуданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди устодону донишҷӯён суханронӣ карда, барои пазироии самимӣ ва аз ҷониби Шӯрои илмии Академия бо унвони олии “Доктори фахрӣ” қардшиносӣ гардидан, изҳори сипос намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми ин муассисаи олии таълимӣ дар тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси замони муосир баҳои баланд доданд.

Зимни суханронӣ дар назди устодону донишҷӯён Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи таърихи ба даст овардани истиқлолият, сар задани ҷанги таҳмилӣ дар рӯзҳои нахустини эълон гардидани соҳибистиқлолӣ, оқибатҳои фоҷеабори ҷанги шаҳрвандӣ, хисороти ҷонию молӣ, гурезагони иҷборӣ, талошҳои роҳбарияти давлату ҳукумат барои таъмини сулҳу субот, ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати ояндасози Сарвари давлат, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, таҷрибаи сулҳофарии тоҷикон, рушду тараққиёти бахшҳои гуногуни кишвар, болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ, афзоиши нуфузи Тоҷикистон дар арсаи олам, робитаҳои дуҷониба бо кишварҳои хориҷ, бахусус бо Ҷумҳурии Озарбойҷон, бо таҳлилҳои амиқ андешаронӣ карданд.

Таъкид гардид, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ бо монеъаҳои зиёд боиси қафоравии иқтисодиёти кишвар ва фалаҷ гардидани шоҳаҳои давлатдорӣ шуд. Ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хисороти зиёд ба бор овард.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тамаддунофари тоҷикро қаҳрамони сулҳу ваҳдат хонда, таъкид доштанд,  ки маҳз ҷонибдории шаҳрвандон аз сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти давлату Ҳукумат буд, ки мардум ба рӯзи пур аз саодат расиданд. Дар як муддати хеле кутоҳи таърих оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардида, миллионҳо нафар гурезаҳо ба Ватан баргаштанд. Сохти конститутсионӣ барқарор ва шохаҳои давлатдорӣ мустаҳкам карда шуд.

Барои расидан ба ҳадафҳои созанда Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихоби Сарвари давлат нақши муҳим гузошт.

Зикр карда шуд, ки мардуми тоҷик таҳти сарварии роҳбари интихобкардаашон баъди бартараф кардани оқибатҳои ҷанги бемаънӣ барои рушду пешрафти иқтисодиёти кишвар камар баста, ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд ва дунявиро бунёд намуданд.

Ҳукумати кишвар барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои ояндадори асосиро қабул карда, дар ҳама соҳаҳо ислоҳот ворид намуд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баъди ба низом даровардани сохти давлатдорӣ бо кишварҳои олам муносибатҳои дипломатӣ барқарор гардида, Тоҷикистон узви комилҳуқуқи ташкилоту созмонҳои бонуфузи сайёра шуд.

Акнун Тоҷикистон на танҳо барои пешрафти худ, балки барои ҳалли мушкилоти глобалии ҷаҳон, таъмини амну субот, пешгирию аз байн бурдани таҳдиду хатарҳо ташаббус нишон медиҳад. Пешниҳоди таклифҳои асосноку ҳалкунанда боиси нуфузи Тоҷикистон ва мардуми он дар арсаи олам гардид.

Пешниҳоди ташаббусҳои ҷаҳонии роҳбарияти олии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ, норасоии оби нушокӣ, таъмини сулҳу субот дар минтақа ва ҷаҳон, бахусус ҳалли вазъи мураккаби сиёсию низомии ҳамсоякишвари Афғонистон, пешгирии таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, аз тарафи ташкилоту созмонҳои олам, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, ҷонибдории амиқ пайдо кард.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сиёсати хориҷии Ҳукумати кишвар андешаронӣ карда, натиҷаҳои мулоқоту музокироти зимни ин сафари расмӣ ба даст омадаро омили муҳими таҳкиму тавсеи муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон маънидод карданд.

Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба устодони Академияи дипломатии Озарбойҷон дар роҳи тайёр кардани мутахассисон барор ва ба донишҷӯён комёбиҳои беназир орзу карданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...