(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон (минбаъд «Тарафҳо»),

Бо пайравии устувор ба Аҳдномаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 15 марти соли 2007, Эъломияи Муштарак байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 13 августи 2007, Изҳороти Муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон И.Алиев аз 12 июли соли 2012, Эъломияи Муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз 16 октябри соли 2014,

Доираи васеъи масъалаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷонро мавриди муҳокима қарор дода,

Бо итминони комил, ки таҳкими дӯстии Тоҷикистону Озарбойҷон ва саъйи Тарафҳо ҷиҳати баровардани муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан беҳтар ба таъмиқи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тарафҳо мусоидат хоҳад кард ва омили муҳими таъмини амнияти минтақавӣ ва рушд хоҳад буд,

Бо риояи устувори меъёрҳо ва принсипҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Хелсинкии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва ҳуҷҷатҳои дар доираи Созмони Ҳамкории Исломӣ қабулгардида,

Бо таъкид ба азми қавии худ ҷиҳати таҳкими ҳамаҷонибаи робитаҳои байнидавлатӣ бар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобилаи соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти давлатии онҳо, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшуда,

Бо таъкид ба омодагии худ ҷиҳати густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба дар асоси волоияти қонун, демократия, ҳуқуқи инсон ва принсипҳои иқтисоди бозорӣ,

Бо мақсади сифати нав бахшидан ба ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, истеҳсолот, илму техника, кишоварзӣ, иттилоот, гуманитарӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқии он,

изҳор менамоянд:

1. Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати баровардани робитаҳои дуҷониба ба сатҳи баландтари ҳамкориҳо дар асоси принсипҳои эҳтироми мутақобилаи истиқлолияти давлатӣ ва соҳибихтиёрии онҳо, баробарҳуқуқӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии ҳамдигар, истифода набурдани қувва ва таҳдиди қувва, тамомияти арзӣ, дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшуда, ҳалли мусолиматомези баҳсҳо, эҳтироми ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ, иҷрои содиқонаи ӯҳдадориҳо, инчунин дигар меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ баён менамоянд.

2. Тарафҳо омодагии худро барои таъмиқи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар ҳамаи сатҳҳо, баргузории сафарҳои мутақобила, рушди таҷрибаи машваратҳои дуҷониба вобаста ба сиёсати хориҷӣ ва дигар машваратҳо дар сатҳҳои гуногун доир ба масъалаҳои дорои манфиати мутақобила, изҳор менамоянд.

3. Тарафҳо минбаъд низ ба густариши робитаҳои байнипарлумонӣ, инчунин табодули таҷриба доир ба фаъолияти қонунофарӣ, дар соҳаи ташаккул ва амалкарди институтҳои демократӣ мусоидат мекунанд.

4. Тарафҳо бо мақсади таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилан судманди иқтисодӣ, барои афзоиши ҳаҷми гардиши савдо, рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт мусоидат мекунанд.

5.  Тарафҳо минбаъд низ ҷиҳати инкишофдиҳии шароити мусоид барои амалисозии фаъолияти мутақобилан судманди иқтисодӣ, молиявӣ ва сармоягузорӣ, аз ҷумла бунёди корхонаҳои муштарак ва иттиҳодияҳои истеҳсолӣ дар соҳаҳои афзалиятнок, инчунин ташвиқи робитаҳои мустақим миёни субъектҳои хоҷагидорӣ иқдом хоҳанд кард.

6. Тарафҳо фаъолияти муштаракро доир ба як қатор лоиҳаҳои мушаххас, ки ба робитаҳои дуҷониба устуворӣ ва хислати дарозмуддат мебахшанд, идома медиҳанд ва зарурати фаъол гардонидани корҳоро дар самти тавсеаи пайвастаи ҳамкориҳои кооператсионӣ ва таҳкими ҷузъҳои инноватсионии рушд бо истифода аз иқтидорҳои истеҳсолии Тарафҳо эълом медоранд.

7. Тарафҳо зарурати таҳкими минбаъдаи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчун абзори густариш ва такмили ҳамкориҳои дуҷониба қайд намуданд.

8. Тарафҳо омодагии худро барои густариш ва таъмиқи ҳамкориҳои минбаъда дар соҳаи коммуникатсияҳои нақлиётӣ ва транзитӣ, ки ҷиҳати анҷом додани амалиётҳои нақлиётӣ ва тиҷоратӣ тавассути бандаргоҳҳои ҳавоӣ, баҳрӣ ва дарёӣ, шабакаҳои роҳҳои оҳан ва автомобилгарди воқеъ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шароити мусоид фароҳам меоранд, иброз медоранд.

9. Тарафҳо такмили инфрасохтор ва баррасии масъалаи беҳтар намудани низоми тарофаҳоро бо мақсади тавсеаи имкониятҳои мавҷуда барои анҷом додани боркашонии мултимодалӣ дар доираи дастгирии лоиҳаи «Камарбанди иқтисодии Роҳи Абрешим» ва ҷалб намудани ҳаҷмҳои иловагии борҳо барои таъмини фаъолияти фарогири Долони Авру-Осиёии Нақлиётӣ муҳим арзёбӣ менамоянд.

10. Тарафҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ҳама гуна фаъолияти ғайриқонунии тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангӣ-таҳсилӣ ва дигар фаъолиятҳоро бо иштироки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии онҳо, ки манфиатҳои қонунии Тарафи дигарро нақз мекунанд, пешгирӣ ва бартараф намоянд, аз ҷумла фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро новобаста аз шаклҳои моликият ва пешниҳоди намудҳои гуногуни хизматрасонӣ, минҷумла амалиёти бонкӣ ва дигар амалиёти молиявӣ, ки ба риояи ҳуқуқҳои соҳибихтиёрии Тарафҳо мухолифат мекунанд, масдуд намоянд.

11. Тарафҳо муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳониро бар зидди амалҳои таҷовузкорона, ки ба сулҳ, амният ва суботи байналмилалӣ таҳдид мекунанд, ҷонибдорӣ менамоянд.

12. Тарафҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амиқ ва созанда дар чаҳорчӯби СММ, САҲА ва дигар созмонҳои байналмилалии дорои хусусияти универсалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ ва Комиссияи байниҳукуматии долони байналмилалии нақлиётии Аврупо-Қафқоз-Осиё (ТРАСЕКА) таъйид менамоянд.

13. Тарафҳо муҳим будани татбиқи лоиҳаҳои вобаста ба Рӯзномаи байналмилалии обии СММ дар соҳаи рушди устувор тасдиқ намуда, дар ин росто аҳамияти бузурги ташаббуси Тоҷикистонро дар бораи эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор””, иброз намуданд.

14. Тарафҳо ҷудоихоҳиро бо тамоми зуҳуроташ маҳкум менамоянд ва уҳдадор мешаванд, ки ҳаракатҳои ҷудоихоҳонаро дастгирӣ накунанд, инчунин бунёд ва фаъолияти ташкилот ва гурӯҳҳо, ашхоси алоҳидаро, ки бар зидди соҳибихтиёрии давлатӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тарафи дигар равона гардидааст, манъ ва пешгирӣ намоянд.

15. Тарафҳо зарурати ҳалли сареъи низои арманиву озарбойҷонии Қарабоғи Кӯҳиро мутобиқи меъёрҳои аз тарафи умум эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ ва қатъномаҳои дар ин робита қабулшудаи Шӯрои амнияти СММ ва қарорҳои САҲА, дар асоси риоя ва таъмини соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии марзҳои дар доираи байналмилалӣ эътирофшудаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, қайд мекунанд.

16. Тарафҳо бо ишора ба талошҳо дар доираи САҲА, ки ба ҳалли осоиштаи низои арманиву озарбойҷонии Қарабоғи Кӯҳӣ равона шудаанд, инчунин бо ишора ба фаъолияти Гурӯҳи Мински САҲА, аҳамияти роҳандозии иқдомҳои муассиртар ва қатъитарро дар ин самт қайд менамоянд.

17. Тарафҳо кӯшишҳои ҳамоҳангшударо ба манзури таҳкими амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ, баланд бардоштани самарабахшии ҳамкориҳои бисёрҷониба дар мубориза бар зидди терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, фурӯши одамон, дигар чолишҳо ва таҳдидҳои муосир роҳандозӣ хоҳанд кард ва дастгирии худро ба иқдомҳои ду давлат дар арсаи байналмилалӣ доир ба муқовимат бо терроризм баён намуданд.

18. Тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкории дарозмуддати дуҷониба дар соҳаи ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, ки ҷавобгӯи манфиатҳои таъмини амнияти ду кишвар мебошад, муқобили давлатҳои сеюм равона нагардидааст ва бо ӯҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мухолифат намекунад, иброз намуданд.

19. Тарафҳо ба таъмиқи ҳамкориҳо дар соҳаи гуманитарӣ, ки ба анъанаҳои деринаи эҳтироми ҳамдигар байни мардумони онҳо, мероси умумии таърихӣ ва фарҳангӣ асос ёфтаанд, афзалият мебахшанд ва аҳамияти ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро дар соҳаҳои фарҳанг, илм, маориф, варзиш ва сайёҳӣ тасдиқ менамоянд.

20. Тарафҳо дар сатҳи давлатӣ ба омӯзиш ва паҳншавии забони тоҷикӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон ва забони озарӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард.

21. Тарафҳо омодагии худро барои густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илм, инчунин дар соҳаҳои низомҳои миллии маориф тавассути татбиқи барномаҳои муштараки таҳсили донишҷӯён ва хонандагон, омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисон, табодули барномаҳои таҳсил баён намуданд.

22. Тарафҳо ҳамкориҳои байни академияҳои илмҳо ва дигар муассисаҳои илмии ҳар ду кишварро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн ташвиқ менамоянд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон мутмаинанд, ки ин Изҳорот ба пешбурди ҳамкориҳои Тоҷикистону Озарбойҷон шиддат мебахшад ва ба рушди тамоюлҳои мусбати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, ки ҷавобгӯи манфиати миллии Тарафҳо мебошад, саҳм мегузорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва кулли мардуми Озарбойҷон барои меҳмоннавозӣ, пазироии самимона ва гарм миннатдорӣ баён намуда, аз Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон даъват ба амал овард, ки ба Тоҷикистон ташриф орад. Даъват бо изҳори миннатдорӣ пазируфта шуд. Замони мушаххаси сафар тавассути роҳҳои дипломатӣ мувофиқа хоҳад гардид.

Дар шаҳри Боку «10» августи соли 2018 дар ду нусхаи асл, ҳар кадом бо забонҳои тоҷикӣ, озарӣ ва русӣ, ба имзо расид.

 

Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Президенти
Ҷумҳурии Озарбойҷон
Илҳом Алиев

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз319
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1475
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта9238
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8991
mod_vvisit_counterҲамин моҳ24561
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта40538
mod_vvisit_counterҲамагӣ1234212