02 Август 2018
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр бо роҳбаладон ва зойирини мавсими «Ҳаҷ-2018» мулоқот намуд.
Маъруф Муҳаммадзода маросими ҳаҷро яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини ислом унвон намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки танҳо барои шахси тавонманди ҷисмӣ ва молидошта, тибқи фармудаи Қуръони Карим адо намудани ин барномаи ибодат шарти зарурӣ мебошад.
Раиси шаҳр афзуд, ки ҳаҷ кардан амалест, ки ботин ва зоҳири инсон аз гуноҳҳо пок мегардад. Маҳз ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва кӯшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эомалӣ Раҳмон ҳамасола ҳазорон нафар мардуми кишварамон ба баргузории фаризаи ҳаҷ, зиёрати хонаи Худо шарафёб мегарданд.Маъруф Муҳаммадзода афзуд, ки адои фаризаҳои динӣ ва русуми одоби мазҳабӣ бояд танҳо дар доираи қонунҳои амалкунанда ва суннатҳои гузаштагонамон сурат гирифта, ба рушди ҷомеа ва пешрафти зеҳнии мардум мусоидат намояд.
Итилоъ дода шуд, ки тибқи тақсимоти ҳиссаи ҳоҷиён дар мавсими «Ҳаҷ-2018» аз ҷониби Кумиа оид ба корҳои дн, танзими анъна ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳри Хуҷанд 125 адад ҳисса (квота) муқаррар гардидааст. Ҳамчунин 4 нафар роҳбаладон баъди имтиҳон таъин гардиданд. Дар ин муддат барои зоирин аз тарафи масъулин дарсҳои омӯзишӣ дар бораи ҳаҷ, одоби сафар ва ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ омӯзонида шуд.
Сипас, сархатиби масҷиди ҷомеъи марказии Шайх Маслиҳатдин Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода баромад намуда, андешаҳои хешро доир ба риояи одобу фарҳанги ҳаҷ иброз дошт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд