(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Конференсияи илмӣ-тадқиқотӣ дар Миср: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвонулмуслимин” ва ТТЭ Ҳизби наҳзати исломӣ” Конференсияи мазкур зери сарпарастии пажуҳишгоҳҳои давлатии илмӣ-тадқиқотии Ҷумҳурии Арабии Миср - Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ, Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО, Маркази тадқиқоти сиёсӣ ва хабарии “Ҳивор” ва Намоишгоҳи баҳрӣ барпо мегардад.

Мавзӯи конференсияи мазкур: “Миср ва Тоҷикистон дар мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ. Омӯзиши тафсилии фаъолияти “Ихвонулмуслимин” ва ташкилоти террористӣ-экстремистии ҳизби наҳзати исломӣ” мебошад. Муҳиммияти конференсия масъалаи мубориза бар зидди терроризм дар Миср ва Тоҷикистон, шабоҳати вазъияти ду кишвар ва вуҷуди созмонҳои террористие ба мисли “Ихвонулмуслимин” ва ҲНИ, ки ҳардуи он кӯшиши ноором сохтани суботи ду кишварро доранд, мебошад.

Конференсияи мазкур, бо ҷалби коршиносони соҳа, устодони факултети сиёсии донишгоҳҳои Миср, пажуҳишгарони сиёсӣ, рӯзноманигорон, мансабдорони давлатӣ, корпуси дипломатии кишварҳои хориҷӣ ва шабакаҳои телевизиони давлатии Миср дар толори коференсияи Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ баргузор мегардад. Дар рафти он таърихи ихвониҳо ва ТТЭ ҲНИ, нақши онҳо дар халалдор намудани амнияту суботи ду кишвар ва таъсироти манфии онҳо, ҳамчунин роҳҳои мубориза бар зидди онҳо ба хотири ҳифзи ваҳдату якпорчагии Ватан сурат мегирад.

Ҷараёни Конференсияро муовини сармуҳаррири рӯзномаи давлатии ал-Ҷумҳурия профессор Муҳаммад Талъат идора намуда, дар он пажуҳишгарони машҳури мисрӣ - собиқ сафири ғайримуқими Миср дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ ёрдамчии Вазири корҳои хориҷӣ ва директори Шӯрои Миср оид ба корҳои хориҷӣ профессор Иззат Саъд, собиқ директори радио ва телевизиони давлатӣ, директори Форуми мисрӣ дар масъалаҳои ВАО генерал Ториқ Маҳдӣ, директори бахши ахбор дар телевизиони мисрӣ Иброҳим Сайёд, узви Парлумони Миср ва директори Маркази таҳқиқоти сиёсии ал-Ҳивор инженер Абдусалом ал-Хизровӣ, рӯзноманигори ал-Аҳром Маҳмуд

Дийоб, устоди забони форсии донишгоҳи Айнӣ Шамс профессор Аҳмад Сомӣ, устоди илмҳои сиёсии факултети иқтисод ва илмҳои сиёсии Донишгоҳи Қоҳира профессор Далоил Маҳмуд ва мушовири Суди кассатсионии Миср Маҳмуд Абдулло суханронӣ хоҳанд намуд.

Дар Консепсияи конференсия омадааст, ки "терроризм дин ва ватан надорад, ӯ палидест, ки дар рехтани хун таъхир намекунад”. Инҳо суханоне мебошанд, ки дар бисёр маҳфилу суханрониҳои Президент Абдулфаттоҳ Сисӣ ва Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳанд. Ин амр бори дигар таъкид менамояд, ки “терроризм рабте бо Ислом надорад ва ҳамчунин терроризм дин, мазҳаб, миллат ва ватан надорад”.

Аз ин рӯ, нигоҳи муштараки Миср ва Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди созмонҳои террористӣ ва шохаҳои паҳншудаи онҳо дар тамоми гӯшаҳои дунё таъкиди худро пайдо менамояд. Ҳар ду кишвар талош доранд, то барои тамоми олам хатари ин созмонҳоро таъкид намоянд. Фаъолияти онҳо зери ному шиорҳои гуногун сурат мегирад, вале аз як сарчашма об мехӯранд. Пайдоиши идеологияи террористиро асосгузори гурӯҳи “Ихвонулмуслимин” оғоз бахшидааст. Гурӯҳе, ки худро ба “Ислом” мепайвандад, дар ҳоле ки Ислом ҳамчун як дини васатӣ бар зидди тамоми арзишҳои манфии чунин падидаҳо, аз қабили тундравӣ, зӯроварӣ, куштор ва терроризм мубориза мебарад.

Ҷанге, ки кишвар бо ин созмонҳо бурда истодааст, зодаи имрӯзу дирӯзи наздик нест, балки решаи он ба солҳои навадуми асри гузашта боз мегардад. Мардум ҳодисаи террористии хотирмони соли 1997, ки дар вилояти Уқсури Миср рух дод, аз ёд набаровардааст. Дар пайи ин ҳодисаи террористӣ мардуми зиёд аз ҷумлаи сайёҳони хориҷӣ, афроди полис ва шаҳрвандони бегуноҳ ба ҳалокат расиданд, ки Миср кайҳо чунин хунрезиҳоро дар ёд надошт. Муборизаи Миср бар зидди ин созмонҳои террористӣ бо рӯйдодҳои хунини солҳои 90-уми Тоҷикистон рост меояд. Муборизаи Тоҷикистон бар зидди созмонҳои террористӣ ҳануз пас аз ба даст овардани истиқлолияти кишвар шурӯъ гардид. Аввалин ҷиноятҳои ТТЭ ҲНИ, ки он ҳам худро мисли ихвониҳо ба Ислом нисбат медиҳад, дар солҳои 1992 оғоз гардида, бо амалҳои асиргирӣ, одамрабоӣ аз саффи кормандони давлатӣ ва кушодани маҳбасхонаҳои кишварро ба ҷанги шаҳрвандӣ кашонид. Ҷанг то соли 1997 идома ёфта, бар асари он 150 ҳазор фарзанди тоҷик ба шаҳодат расид.

Бояд қайд намуд, ки қувваю нерӯи давлат, ҳамбастагии миллат ва дастгирии ҳукумати қонунии он аз ҷониби мардуми Миср ва Тоҷикистон, кӯшиши созмонҳои террористиро баҳри нооромии ҷомеа, парокандагии миллат ва шикасти давлат ноком гардонид. Онҳо ба орзӯи худ нарасиданд. Давлат бо қудрати қавӣ ва дастгирии ҷомеа ба онҳо рӯ ба рӯ истод.


Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...