(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” боздид ба амал оварданд. Дар инҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз Сехи истеҳсоли ришта, ки ба тозагӣ бо 70 ҷойи нави корӣ ташкил карда шудааст, шинос шуданд.

Тамоми ашёи хоми барои истеҳсоли қолин зарурӣ ба корхонаи “Қолинҳои Қайроққум”  то ин замон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Туркия, Эрон ва Бангладеш ворид карда мешуд. Баробари фаъол гардидани сехи мазкур истеҳсоли 60 фоизи ашёи хом дар худи ин корхона ба роҳ монда мешавад, ки ин яке аз дастовардҳои арзанда дар ин соҳа дониста мешавад.

Дар ин сех асосан риштаҳои полипропилении пати қолин истеҳсол карда мешавад. Таҷҳизоти ин сех аз Белгия, Олмон ва Фаронса харидорӣ шудаанд.

Ба маълумоти масъулин, айни замон иқтидори истеҳсолии сехи мазкур дар як шабонарӯз истеҳсоли 8,5 тонна, дар як моҳ 250 тонна ва дар як сол 2 миллиону 700 тонна риштаро ташкил медиҳад.

Тавре ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, ин коргоҳи истеҳсолӣ бо маблағи умумии 35 миллиону 600 ҳазор сомонӣ ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст. Бо фаъол гардидани ин сех 70 сокини шаҳри Гулистон бо маоши 1500 сомонӣ барои худ ҷойи кори доимӣ пайдо намуданд.

Хатти нави технологӣ дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» аз қисматҳои истеҳсоли  ришта, бофандагӣ ва пардоздиҳӣ иборат мебошад. Бо таъсиси хатти нави истеҳсолӣ ин корхона имкон дорад дар оянда корхонаҳои дигари истеҳсоли қолин дар ҷумҳуриро бо ашёи хом, аз ҷумла ришта таъмин намояд.

Бояд зикр намуд, ки маҳсулоти корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» давоми 60 сол мешавад, ки бо сифат, зебоӣ, услуб, рангубор ва нақшу нигоре, ки инъикосгари анъанаҳои халқҳои Шарқ мебошад, дар бозори дохилӣ ва ҷаҳонӣ талабгорони зиёд дорад. Бо назардошти роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом ва таъмин намудани кори мунтазами истеҳсолот, масъулин  пеш аз ҳама коҳиш ёфтани арзиши аслии маҳсулотро пешбинӣ мекунанд ва бовар доранд, ки  ташкили ин сех ва истеҳсоли риштаҳои полипропилении пати қолин барои боз ҳам бозоргир шудани маҳсулоти ин корхонаи бузурги саноатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мусоидати бештар хоҳад кард.

Дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи маҳсулоти истеҳсолии корхонаи мазкур, ки ба таври хеле зебо омода шуда буд, дидан карда, ба сифати маҳсулоти истеҳсолшуда баҳои баланд доданд. Ҳамчунин Пешвои миллат аз масъулин даъват ба амал оварданд, ки иқтидори истеҳсолии корхонаро зиёд карда, ҷойҳои нави корӣ ташкил намоянд.

Лозим ба таъкид аст, ки шурӯъ аз соли 2013 дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҶСК “Қолинҳои Қайроққум” шаш адад дастгоҳи нави бофандагӣ дастрас карда шуда, ҳаҷми истеҳсолот мунтазам зиёд, сифати он беҳтар ва дар як вақт рақобатпазирии он дар бозори фурӯш таъмин карда шудааст.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...