(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар идомаи сафар имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ, маркази савдо, чойхона ва кӯдакистонро барои 240 ҷой расман ба истифода дода, ба 80 нафар кӯдакони ятим тӯҳфаҳои идона тақдим намуданд.

Бунёду ба истифода додани 2 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдо, чойхона ва бинои лоиҳавии кӯдакистон барои 240 ҷой бо саҳму иқдоми соҳибкорони ватанӣ собитгари пуштибонӣ аз сиёсати созандагии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллат, самараи дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалбу ҳамкории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд бо бахши хусусӣ дар бунёди чунин иншооти замонавии иҷтимоӣ ва бунёдкорию ободонӣ мебошад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти ин иншооти нав расман ифтитоҳ бахшида, нақшу саҳми соҳибкорони ватаниро дар рушди ободонӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар маҳаллаи «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд бунёд гардидани биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо маркази савдою таваққуфгоҳ барои нақлиёт, чойхона, кӯдакистон барои 240 ҷой, майдончаи варзишии замонавӣ, мавзеи сайру истироҳат дар баробари соҳиби манзил шудани шаҳрвандон барои хизматрасониҳо ва фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, шуғлу бозӣ, шароитҳои замонавӣ фароҳам оварда шудаанд.

Барои сохтмону муҷаҳҳазгардонии маҷмӯи иншоот 38 млн сомонӣ сармояи дохилии соҳибкори маҳаллӣ равона гардидааст.

2 бинои истиқоматии 5 ва 6 ошёна дорои 9 даромадгоҳ ва 313 манзилҳои аз 1 то 4 ҳуҷрагӣ буда, сохтмони онҳо бо усули ипотека, саҳми соҳибони ояндаи манзилҳои истиқоматӣ амалӣ шудааст.

Дар шаҳри Хуҷанд бо афзоиши аҳолӣ ва оилаҳои нав эҳтиёҷот ба манзили истиқоматӣ меафзояд. Бо қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ давоми солҳои охир ба 5 ҳазору 500 оилаҳои эҳтиёҷманд қитъаҳои наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Дар баробари ин, бунёди биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ бо усули ипотека ва сармояи соҳибкорӣ вусъат дорад ва айни ҳол дар шаҳри Хуҷанд беш аз 100 бинои баландошёнаи истиқоматӣ сохта мешавад. Саҳми соҳибкори ватанӣ Муртазо Алиев ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Иморатсоз» дар ин самт арзанда аст.

Сокинони шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба рушду тараққии шаҳри Хуҷанд дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат изҳори сипосу қаноатмандӣ менамоянд.

Бинои кӯдакистон аз 3 ошёна ва таҳхона иборат буда, барои таъсиси 8 гурӯҳи тарбиявӣ-яъне 240 нафар кӯдакон дар ошёнаи 1-уму дуюм шароит фароҳам оварда шуда, барои маҳфилу баргузории машғулияту чорабиниҳо дар ошёнаи сеюм толорҳо мутобиқ аст. Тибқи барномаи таълим, тарбия ва инкишофи кӯдак маҳфилу дарсҳои омӯзиши ҳисобу ҳарфҳо, мусиқӣ, компютерӣ, бозиҳои шавқовар ва ғайра таъсис дода мешавад.

Сарвари давлат дар суҳбат бо соҳибкорон, муаллимону мураббияҳо таъкид доштанд, ки ин имконияту шароити арзанда аз масъулон ва ҳамаи кормандони муассиса масъулияти дучанд, истифодаи донишу маҳорат дар таълиму тарбияи кӯдакро тақозо мекунад.

Дар баробари таваҷҷуҳи хоса ба масъалаи таълиму тарбияи фарзанд ғамхорӣ ва парастории кӯдакони ятим дар сиёсати давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар мадди аввал меистад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кӯдакони ятим меҳру муҳаббат ва ғамхории падарона мекунанд.

Дар ҷараёни ба истифода додани иншооти иҷтимоӣ ва кӯдакистон дар шаҳри Хуҷанд Пешвои миллат гурӯҳи кӯдакони ятимро, ки ба ҳукми тақдир аз меҳру муҳаббати волидайн бебаҳраанд, ба ғамхорию меҳру муҳаббати падарона фаро гирифтанд.

Сарвари давлат ба 80 нафар кӯдакони ятим тӯҳфаҳои идона тақдим доштанд.


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...