(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Истаравшан бо буридани лентаи рамзӣ ба фаъолияти Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” оғози расмӣ бахшиданд.

Иншооти мазкур дар маркази шаҳр бо тарҳи муосиру ҷавобгуй ба талаботи меъмориву шаҳрсозӣ қомат афрохта, ба ободии ин шаҳри бостонӣ зебоии дигар зам намудааст.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шукрулло Ашӯров бо харҷи 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, он аз чор ошёна иборат мебошад.

Дар ин Маркази хизматрасонӣ ошхонаи миллӣ бо омода кардани таъомҳои миллию аврупоӣ ва таъсиси 20 ҷойи нави корӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ таъсис дода шудааст.

Дар ҳаминҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 150 нафар ятимони кулли шаҳри Истаравшан, ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов ва Деваштич туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

Пешвои миллат бо ин кӯдакон суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, таъкид намуданд, ки таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба ятимону бепарасторон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд аз нахустин рӯзҳои ба даст овардани соҳибистиқлолӣ дар маркази диққати роҳбарияти олии давлату ҳукумати мамлакат қарор дошта, ҷиҳати фароҳам овардани шароити арзандаи зисту зиндагонӣ, таҳсил ва кору фаъолият тадбирҳои зарурӣ андешида шудааст.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат муассисаҳои таълимии замонавӣ ҷиҳати таълиму тарбияи ятимону бепарасторон таъсис дода шудааст, ки имрӯз кӯдакону наврасони бо амри тақдир бесаробонмонда ҳамчун шахсони фаъолу комилҳуқуқи ҷомеа ба воя мерасанд.

Дар ин рӯз шодию нишоти кӯдаконро ҳадду канор набуд, зеро онҳо шахсан аз дасти Роҳбари ғамхору раъиятпарвари хеш сару либос, пойафзол, кӯмаки яквақтаинаи молиявӣ ва дигар тӯҳфаҳои арзишмандро гирифтанд.

Дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин амалҳои эҳсонкорӣ аз ҷониби шахсони хайрхоҳу ватандӯст пайваста ба кӯдакони яккаву танҳо анҷом дода мешавад ва онҳо аз ин ғамхориҳо руҳу илҳоми тоза гирифта ба ояндаи нек дилгарм мешаванд.

Дар ошёнаи дуюм ҳамин Маркази хизматрасонӣ аз ҷониби ширкати истеҳсолӣ-ҶДММ «Ноҳид» ва ташкилоти «Фонди Рушди Ҷомеа» коргоҳи дузандагӣ таъсис дода шудааст, ки дар он 70 нафар занону духтарони шаҳр ва деҳот бо кор ҷалб гардиданд.

Боиси қайд аст, ки дар ин коргоҳ ҷойҳои корӣ ва шароити созгори фаъолият, асосан барои шахсони маъюб имконияти сухангӯӣ ва шунавоияшон маҳдуд мебошад, ташкил карда шудааст.

Фаъолият дар коргоҳи мазкур имкон медиҳад, ки занҳои гунгу кар худро узви комилҳуқуқ ҷомеа эҳсос намоянд.

Пешвои миллат иброз доштанд, ки баҳри фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ва ҷалби аҳолӣ хусусан шахсони имконияташон маҳдуд бо шуғли доимӣ марҳила ба марҳила тадбирҳои заруриро дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат амалӣ намуда истодааст.

Дар ин коргоҳ 36 дастгоҳи муосири дӯзандагӣ ва дигар таҷҳизоти зарурии соҳавӣ, аз ҷумла буррандагӣ ва дарзмолкунӣ васлу насб гардида, маоши миёнаи кормандон аз 800 то 1000 сомониро ташкил медиҳад.

ҶДММ «Ноҳид» дар асоси технологияи муосир қариб 70 намуди маҳсулоти таҳпӯш ва болпӯши бачагона занона ва мардона истеҳсол менамояд.

Иқтидори истеҳсолии коргоҳи навтаъсис дар як моҳ зиёда аз 10 ҳазор дона маҳсулоти гуногуни трикотажӣ, аз ҷумла 3 ҳазор дона либоси тагпӯши мардона, 3 ҳазор дона либоси сабуки тобистона (футболка), якуним ҳазор дона либосҳои кӯдакони навзод ва 2, 5 ҳазор дона либосҳои тагпӯши занона мебошад.

Маҳсулоти истеҳсол намудаи коргоҳи мазкур 100 фоиз аз маҳсулоти пахтаги буда, дар ҳудуди ҷумҳурӣ ба фурӯш бароварда мешавад.

Молҳои истеҳсолнамудаи ин коргоҳ пурра маҳсулоти воридотивазкунанда буда, ба саломатӣ ягон зарар намерасонад. Фармоишгари Маркази савдо ва хизматрасонии “Фаровон” соҳибкорон Шукрулло Ашӯров ва Ином Мамуров буда, пудратчии он ҶДММ “Озодаи Амрӣ” мебошад ва иншоот дар масоҳати 614,10 метри мураббаъ сохта шудааст.

Ифтитоҳи ин Маркази нави хизматрасонӣ дар шаҳри Истаравшан дар самти ҷалби шахсони бе шғул заминаи мусоид фароҳам овард.

Аз ин иқдоми пешгирифтаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати мамлакат занону бонувон изҳори минатдорӣ намуда, таъкид медоранд, ки маҳз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳибкорони ватандӯст аст, ки онҳо чунин коргоҳу марказҳои хизматрасониро сохта мавриди баҳрбардорӣ қарор медиҳанд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...