(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи кормандони хоҷагии манзилию коммуналӣ эшонро бо иди касбиашон табрик намуда, бо сипосномаву тӯҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ кард.

Раиси шаҳри Хуҷанд зимни табрикоти худ, гуфт, ки фаъолияти сарраёсати обо-донӣ, хоҷагию манзилию коммуналии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои ободонию кабудизоркунӣ, чароғонкунию гулзоркунӣ, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуди шаҳр, нигоҳдории фонди манзил, аз он ҷумла биноҳои истиқоматӣ ва роҳҳои автомобилгарду пиёдагард ва амсоли ин нигаронида шудааст. Бояд зикр дошт, ки дар ин самт санаду қарорҳои дахлдор ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба тасвиб расида, он ба корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ вусъати тоза мебахшад.

Раиси шаҳр афзуд, ки дар қаламрави шаҳр давоми 5 моҳи соли ҷорӣ зиёда аз 400 ҳазор адад гулҳои ҳархелаи ороишӣ ва 4 ҳазору 839 адад дарахтони ҳамешасабз ва сояафкан шинонида шудааст. Ҳамчунин, тибқи дастуру супоришҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода мумфаршкунии кӯчаҳои дохилии шаҳр идома ёфта, то имрӯз 5,5 км роҳҳо мумфарш карда шудаанд. Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо дар радифи таъмиру азнавсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои асосӣ ва дохили шаҳр, гулзоркунии кӯчаву хиёбонҳо, гулгаштҳо, шафати роҳҳои назди бино ва ташкилоту корхонаҳо давом дорад, ки дар он саҳми кормандони соҳаи манзилию коммуналӣ басо калон аст. Маҳз бо шарофати хизматҳои назарраси кормандони соҳа шаҳри азизамон рӯз ба рӯз ободу зебо гардида, дар қатори яке аз шаҳрҳои беҳтарин маҳсуб ёфтааст.

Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми табрикоти худ, изҳори боварӣ намуд, ки кормандони соҳа баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо дигар сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд корҳои бунёдкориву созандагӣ ва ободониро вусъат бахшида, баҳри амалӣ шудани қарори Раиси вилоят мўҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода бобати 1300 рӯзи меҳнати зарбдор талош хоҳанд кард.

Сипас ба як қатор фаъолони соҳа Сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳр тақдим карда шуд. Аз ҷониби Шӯрои Иттифоқҳои касабаи вилоят низ кормнадони фаъол бо тӯҳфаҳо ва ба фарзандони онҳо роҳхат баҳри истироҳат дар истироҳатгоҳи “20 солагии Истиқлолият” супорида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...