(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Раҷаббой Аҳмадзода дар «Наврӯзгоҳ» шодишарики кӯдакон гардидСубҳи имрӯз, яъне 1-уми июн Боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Хуҷанд идгоҳро мемонд. Аз субҳи содиқ наврасону ҷавонон бо волидайн ва устодону пайвандони хеш ба сӯйи идгоҳ мешитобиданд. Садои карнаю сурнай ва доира фазои идонаро пуршукӯҳ менамуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода бо ҳайати ҳамроҳонашон ба майдони идгоҳ ворид гардида, шодишарики кӯдакон шуданд.
Дар даромадгоҳи боғ ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ, хонандагони эҷодкор аз дастовардҳои хеш ба Раиси вилояти Суғд маълумот дода, шеъру таронаҳои эҷодкардаашонро дар васфи Ватан, Тоҷикистон, Пешвоимиллат ва ғайраҳо ироа намуданд.

Тарбиятгирандагони Кӯдакистони Президентӣ дар шаҳри Хуҷанд бо маҳорати хосса ва малакаю истеъдод суруду таронаҳо хонда, саҳначаҳои ҷолиби ватандӯстона нишон доданд.

Ғолибони озмуни Академияи хурди илмҳо ва аъзои он ба Роҳбари вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати дастгириву ғамхориаш миннатдорӣ баён намуданд. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки ба узви ҳақиқӣ ва вобастаи Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардида, эшон дар замони таътил ба истироҳтгоҳҳо ҷалб карда шаванд.

«Шаҳраки саломатӣ», ки маҳсули дастранҷи ҷомеаи табибони вилоят буд, аз усулу равишҳои нави табобату муолиҷаи наврасону кӯдакон ба Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд. Варзишгарони наврасу ҷавони вилоят маҳорати хешро дар гӯштингирӣ, дзюдо, теннис, шоҳмот, шашка, карате ва ғайра нишон дода, ваъда намуданд, ки ҳамеша Парчамбардори меҳнати азизи хеш мегарданд.

Намоиш-фурӯши яхмосу обҳои ташнашикан фаровон ташкил гардида буд ва бо дастури Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4000 яхмос ва 5000 адад обҳои ташнашикан дар зарфҳои паластикӣ ба кӯдакони идгоҳ омада ройгон тақсим карда шуданд.

altКӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд маҳсули ранҷу офаридаҳои хешро ба маърази тамошо гузоштанд, ки шоёни таҳсини Роҳбари вилоят гардиданд. Ҳамзамон бахшида ба Рӯзи кӯдакон силсилаи зиёди чорабиниҳо, аз ҷумла озмуни иншои беҳтарин дар мавзуъи «Ҳуқуқи худро меомӯзем» байни муассисаҳои таълимӣ, аксия таҳти унвони «Ба кӯдакон муносибати некбинона мебояд», мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ, озмуни расмкашӣ «Тоҷикистон аз нигоҳи ман» ва ғайраҳо баргузор ва ба ғолибон тӯҳфаҳо тақдим карда шуданд.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии тантанавиро бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ифтитоҳ намуда, эшонро бо Рӯзи идашон табрик намуд.

Роҳбари вилоят зимни суханронии худ аз ҷумла афзуд, ки «Боиси ифтихор аст, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тарбияи дурусти тифлакони босаодат ва ба воя расонидани номбардорони ояндаи миллат аз тамоми шароиту имкониятҳо истифода карда, барои таълиму тарбия, обутоби маънавию ҷисмонии онҳо ҳамаи шароитро фароҳам овардааст».

Таъкид шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷойгоҳи кўдакон дар мустаҳкамии оила барҳақ, таъкид доштаанд: «Кўдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор рафта, бахту саодати рўзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангўлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Бояд қайд кард, ки қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар таълиму тарбия ва махсусан, ҳамчун шахсони солимфикр, хушахлоқ, масъулиятшинос, ватандўсту шуҷоъ ва соҳибмаърифат ба камол расидани насли ҷавон саҳмгузор бошем.

Дар ин замина, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои таҳти ғамхории доимӣ фаро гирифтан ва фароҳам овардани тамоми шароитҳои зарурии вобаста ба омўзишу парвариши кўдакони синни томактабӣ таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир менамояд.
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки имрўз вақти он расидааст, ки бар зинаи аввали низоми маориф, яъне тарбияи томактабӣ боз ҳам бештар таваҷҷуҳ зоҳир карда шавад, зеро дар муассисаҳои тарбияи томактабӣ хиштҳои нахустини бинои шахсият ва ҷаҳонбинии инсон гузошта мешаванд. Фаро гирифтани кўдакону наврасон дар фасли тобистон ба истироҳатгоҳҳо, доир намудани чорабиниҳои мухталифи маданию маърифатӣ дар ин ҷойҳо аз иқдомҳои дигари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят маҳсуб мешавад, ки ба тарбияи сазовори насли ояндасоз мусоидат мекунад.

Барномаи ҷолиби фарҳангӣ бо иштироки кӯдакон табъи ҳозиринро болида намуд.

Бояд қайд намуд, ки дар тантанаҳои идонаи боғи истироҳатии «Наврӯзгоҳ» беш аз 50 ҳазор нафар кӯдакону наврасон иштирок ва бо фараҳмандӣ Иди хешро таҷлил намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...