31 Май 2018
Имрӯз бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва истиқболи самимӣ аз 1 июн –Рӯзи байналхалқии ҳифзи кӯдакон ва Рӯзи Ваҳдати миллӣ аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Фарангис Исмоилова як муассисаи таҳсилоти томактабии хусусӣ бо номи «Ҷаҳони орзу» бунёд ва ба истифода дода шуд.
Дар муассисаи навбунёд тамоми имконот ва шароити муосир барои таълиму тарбияи кӯдакон пешбинӣ гардида, дар навбати аввал 80 нафар кӯдакон ба он фаро гирифта мешавад ва наздик 20 нафар мураббиёну кормандон ба кор қабул карда мешаванд.Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зимни шиносоӣ аз фаъолияти кӯдакистон ба масоили вобаста ба сифати ғизонокии кӯдакон, беҳдошти вазъи гигиенӣ, тарбияи дурусти кӯдакон ба мудирияти муассисии ин муассисаи таълимӣ дастуру супоришҳо дод.
Маъруф Муҳаммадзода аз сифати бунёди муасссиса тавсиф намуда, изҳори умедворӣ намуд, ки дар ояндаи наздик аз ҷониби соҳибкор боз як чунин кӯдакистони бо имконоти васеъ дар маҳаллаҳои навбунёди шаҳр сохта ба истифода дода мешавад.
Фарангис Исмоилова, муассиси кӯдакистони нав барои дастгирии доимӣ ва мусоидат ҷиҳати ифтитоҳи кӯдакистони хусусӣ ба Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, таъкид дошт, ки баҳри тарбияи кӯдакони ватандӯсту меҳнапарвар аз тамоми имконоту васила истифода намуда, ба ободии сарзамини азизамон саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Ҳамин тавр миқдори кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд ба 42 адад расид, ки аз он 10 ададашро хусусӣ ташкил медиҳад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд