(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Зиёрати Гӯри АмирРӯзи охирини сафари 9 оилаи шаҳри Хуҷанд соати 8-и субҳ аз зиёрати Гӯри-Амир  ("Гӯри Мир") – ёдгории асримиёнагии Осиёи Марказӣ, мақбараи асосгузори давлати Темуриён –Темури ланг оғоз гардид.

Ин оромгоҳи Темур ва меросхурони империяи Темуриён, дар қисми ҷанубӣ-шарқии шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст. Ёдгорӣ соли 1404 аз ҷониби Амир Темур барои набераи дӯстдоштааш Муҳаммад Султон сохта шудааст. Сохтмони Мақбара, баъди марги нобаҳангоми Султон Муҳаммад, меросхӯри Темури ланг ва набераи дӯстдоштаи ӯ, соли 1403 оғоз гардида буд. Сохтмони мақбараро набераи дигари Темури ланг, Улуғбек ба охир расонид. Дар вақти ҳукмронии Темур, мақбара ба оромгоҳи сулолаи Темуриён табдил гашт. Дар ин ҷо кабрҳои: Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо ҷойгиранд. Ҳато устоди Темур Мир Саид Барака низ дар ҳаминҷо гӯронида шудааст.

Мақбараи Гӯри Амир солҳои зиёд, баъди темуриён бетаъмир буд. Дар атрофи он хонаву ҳавлиҳои зиёде сохта шуда буданд. Девори он бо сангҳои майда-майдаи сафеду кабуди баланд оро дода шудаанд ва дар нурҳои офтоб ҷило медиҳад. Корҳои азнавсозии он соли 1967 оғоз гардида буданд. Дар даруни мақбара санги сари қабрии Темурланг воқеъ аст, ки худи оромгоҳ аз санги мармар сохта шуда, қиcми болоии он аз санги яклухти нефрит сохта шудааст. Қабри асоси бошад дар қисми поёнии мақбара ҷойгир шудааст. "Дар даромадгоҳ навиштаҷоти «Мақбараи Амир Темур. Асрҳои XIV-XV» акс шудааст. Дар тарафи рост деги калони сангӣ ба назар мерасад. Он чуқурчаҳои зиёд дорад. Гуё он изи оринҷи даст бошад. Ривояте ҳаст, ин деги калонро аз оби анор пур мекарданд ва ба он чуқурчаҳо меандохтанд. Пеш аз ҳар юриш аскарон қатрае аз оби пиёлачаҳо менӯшиданд. Занҳо пешгӯӣ мекарданд, ки агар оби анори пиёлачаҳо як хел истад, онҳо бо ғалаба бармегарданд. Оби кадом пиёлачае кам шавад , бо нӯшандаи он бадбахтӣ рух додаст. Ҳамчунин дар паҳлуйи деги калон тахти Амир Темур низ вуҷуд дорад.

Гунбад андаруни гунбад. Нақшҳо хеле зебову назаррабо. Ин дарро соли 1424 Мирзо Улуғбек созонидааст. Ин ҷо бо хати форсӣ навиштаҷот дорад. Навиштаҷоти дарро мехонем: «Оқибат-бахайр» Аз роҳрави чоргумбада гузашта китобу суратҳоро, ки аз ҳаёти Амир Темур ва дар бораи давлатдории ӯ ҳикоя мекунанд. Дар ҳуҷраи дигар нӯҳ қабр - Амир Темур, Мирзо Улуғбек, Муҳаммад Султон, Мир Саид Барака, Саид Умар, Шоҳрух Мирзо, Мироншоҳ, Абдулло Мирзо, Абдураҳмон Мирзо дафн шудаанд. Дар қисми рости қабр ба кӣ мансуб будани он зикр гардидааст. Қабрҳои ҳақиқӣ панҷ метр поён ҷойгир аст, Аз поён то гумбад 36-метр гӯрхона ва ду гунбади пайдарпай ҷойгир. Аввал дари гӯрхона аз ҷониби рост буд. Баъдтар Мирзо Улуғбек дарро аз паҳлӯ кушод. Яъне, ҳурмати устодашро ба ҷо овард. Ба шарофати Мир Саид Барака ин мақбараро Гӯри Мир меномиданд. Болои мақбара қандили бузурги 250-килоӣ, ки 65 чароғак дорад, овезон аст. Дар девор оятҳо аз Қуръони Карим бо ҳарфҳои заррин зикр гардидааст, ҳамаи навиштаҷоти деворҳоро бо оби тилло навиштаанд. Дар арафаи ҷашни 2750 - солагии Самарқанд мақбараи Амир Темур аз нав таъмир гашт. Барои барқарор намудани навиштаҷоти деворҳо 4 кило тилло сарф шуд. Чӯби дарозе, ки дар кунҷи мақбара меистоду болояш ёли асп овезон буд, маълум гардид, ки онро туғ мегуфтаанд.Он байрақи давлати темуриён ба шумор мерафт. Агар дар мақбарае чунин туғ бошад, нишони қабри шайх аст. Ба шарофати шайх Умар Барака ин туғро ин ҷо гузоштаанд.

Соли 1941 археологҳои Шӯравӣ кабри Амирро кушоданд. Ҳайкалтарош – антрополог М. Герасимов тавонист шакли рӯи Темурро аз боқимондаҳои устухони сари Темури ланг созад, ва маълумот оид ба қади азимҷусаи Темурланг рост баромад, қади ӯ 180 см буд, ки барои он давра ин хеле қадди баланд буд. Чунин ақида ҳаст, ки баъди кушодани гӯри Амир Ҷанги Бузурги Ватании 1941-1945 оғоз. Дар болои санги қабри Амир чунин навиштаҷот вуҷуд дорад: «Ҳар касе, ки ба оромии ман дар ин дунё ва ё дар дунёи дигар халал расонад, ӯ ба нобарориҳо дучор мегардад».

Баъди дуои фотеҳа, мо оромона ин мавзеъро тарк намудем.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...