(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Хоҷа Аҳрор Валӣ-бунёдгузори империяи фарҳангии тоҷикӣ аз Тошканд то Кобул Соати 16:30 дақиқаи шаҳри Самарқанд 9 ҷуфт оилаи шаҳри Хуҷанд ба зиёрати мақбараи Хоҷа Аҳрори Валӣ рафтанд.

Роҳбалади мо  Фурқат Исматов иттилоъ дод, ки Хоҷа Аҳрори Валӣ намояндаи барҷастаи тасаввуфи асри миёна аст. Хоҷа Убайдуллоҳ-Хоҷа Аҳрор моҳи рамазони соли 806 ҳиҷрӣ, яъне марти соли 1404 мелодӣ дар деҳаи Боғистони вилояти Шош ба дунё омадааст.

Аз падар бо Хоҷа Муҳаммади Номӣ, яке аз орифони маъруфи Бағдод пайванд дошт ва аз модар набераи Шайх Умари Боғистонӣ аст.
Муъҷизаҳоеро низ ба ӯ рабт медиҳанд: то 40 – рӯзагӣ пистони модарро ба даҳон нагирифта ва рӯзе, ки ба шарафи яксолагӣ мӯйсарашро мегирифтанд, Амир Темур мурд.
Дар 22 – солагӣ барои таҳсил ба Самарқанд рафт, аммо “ба ҷуз ду сафҳа наҳви арабӣ чизе беш наомӯхт”. Улуми ботинӣ (тасаввуф) – ро аз улуми зоҳирӣ (расмӣ) боло гузошт. Мегуфт, тасаввуф ҷавҳари фиқҳ, ҳадис ва тафсир аст. Ин айём дар маҳофили орифони барҷастаи давр Низомиддин Хамӯш ва Саъдуддини Қошғарӣ вақт гузаронд. Аммо бесавод набуд.

Муаллифи чанд китоб, аз ҷумла “Фақароти аҳрория” ва “Валадия” аст. Донишу фаросатро ба ӯ на мадраса, балки Худо дода буд. Таърих донишманди зиёдеро дидаву ҳоло мебинад, аммо мисли Хоҷа Аҳрор кам инсонҳое буданд, ки бо фаросат худ таърих месохтанд.
Дар 24 - солагӣ ба ҷустуҷӯи пир роҳи Ҳиротро пеш гирифт. Бо Саид Қосими Анвор, Шайх Баҳоуддин Умар, Шайх Зайнуддини Хавофӣ – шайхони маъруфи Ҳирот зиёду шишту хест, аммо ҳеҷ касе ӯро кашф накард.
Он замон Мавлоно Яъқуби Чархӣ, яке аз халифаҳои Хоҷаи Бузург ё Хоҷа Баҳоуддини Нақшбанд, асосгузори нақшбандия, дар деҳаи Ҳалағтуи Ҳисори вилояти Чағониён (имрӯза деҳаи Мавлонои ноҳияи Рӯдакӣ) зиндагӣ мекард. Хоҷа Аҳрор аз Ҳирот пиёда ба назди ӯ омад.
Хоҷаи Бузург мегуфт: “Дасти ту дасти мост, ҳар кӣ дасти ту гирад, дасти мо гирифтааст”. Хоҷа Аҳрор се моҳро дар тарбияти Мавлоно Яъқуби Чархӣ гузаронд ва аз ӯ иршод, ҳаққи устодиро ба даст овард.
Нақшбандия ҷараёне буд, ки бар хилофи тариқатҳои дигар танҳо риёзату кунҷи хилватро шарти аввали тасаввуф, ё расидан ба Худо, намедонист, балки мегуфт: “Дил ба ёру даст ба кор”. “Наранҷидан ва наранҷонидан”, “ба бадӣ бо некӣ посух гуфтан”, “ҳамаро аз худ беҳтар ва худро аз ҳама камтар дидан” – ин ва дигар шиорҳо шеваи зиндагии Хоҷа Аҳрор буданд, аммо таърих гувоҳ аст, ки ӯ бо ин хоксориву шикастанафсӣ чӣ хизматҳои бузурге дар ҳаққи мардум кард.
Дар синни 29 – солагӣ Хоҷа Аҳрор ба Тошканд баргашта, ба деҳқонӣ машғул шуд. Ӯро “шайхи деҳотӣ” мегуфтанд. Аммо Худованд рисолат ва сарнавишти дигареро барояш рақам зада буд.

Бино ба таҳқиқоти Далери Хайруллоҳ, Хоҷа Аҳрор, ки дар ғайбаш Ҳазрати Эшон низ мегуфтанд, дар зодгоҳаш Боғистон нишаста, вазъи минтақаро муроқибат мекард. Ӯ ба чунин хулоса омад, ки аз ҷангҳо миёни наберагони Темур мардуми оддӣ ҷабр мебинанд ва вақти иқдом расидааст. Куштори Улуғбекро як тасодуф намедонист. Мегуфт, набераи Темур бо иттифоқи шайхулисломи Самарқанд Хоҷа Исомиддин бар Низомиддини Хамӯш, шайхи ростин зулму беэҳтиромӣ кард ва ҷазои худро гирифт. Бархе аз ин суханони Хоҷа Аҳрор хулоса карда буданд, ки ӯ дар марги Улуғбек даст дорад, аммо ӯ дар Тошканд буд ва куштор ҳеҷ гоҳ шеваи кори ӯ буда наметавонист.
Ӯ як бор ба даргоҳи Мирзо Абдуллоҳ омад ва аз ӯ хост, ки аз адолату шариат кор гирад. Ахирӣ Хоҷаро писанд накард. Ҳазрати Эшон ба Тошканд баргашт. Султон Абӯсаид, баръакс, дар симои Хоҷа Аҳрор пуштибонӣ қавиеро медид, аз ин хотир, аз ӯро аз Тошканд ба Самарқанд овард ва ягона темурии замонаш шуд, ки дар он замон бо марги худ мурд. Ва Хоҷа Аҳрор буд, ки дар чанд марҳалаи ҳассос ҷони ӯро харид.

Ҳазрати Эшон бар ин буд, ки мардум ҳатман итоати подшоҳро ба ҷой оранд ва барои ин бояд мутадаййин ва имони қавӣ дошта бошанд. Мегуфт, “агар саг (халқ – муаллифи ин матлаб) ба инсон ҳамла кунад, соҳибаш (Худо) – ро бояд хонд” ва як қиссаеро ҳам меорад: Як нафарро 99 дарра заданд, “воҳ” нагуфт, аммо бори 100 – ум фарёди ҷонгудоз баровард. Чаро? То чӯби 99 фикри ӯ бо Худо банд буд, дафъаи 100 – ум Худо аз фикраш рафт.
Хоҷа Аҳрор ба ҳамин андешаҳо миёнарави мардум ва ҳокимон шуд. Манфиати мардум пеши подшоҳон ва манфиати подшоҳонро миёни мардум ҳимоят мекард.
“Ҳукумати 40 – солаи Улуғбек ба охир расид, ҳукумати 40 – солаи Хоҷа Аҳрор шуруъ шуд”. Ин суханони В. Бартолд, муаррихи рус айни воқеият буданд. Ин 40 сол як давраи орому осуда барои мардуми Самарқанд ва дар умум Мовароуннаҳр буд, дар ҳоле ки дар гирду атроф ҷангҳои миёни Темуриён дар авҷ буданд. То Хоҷа Аҳрор зинда буд, нагузошт, ки шоҳзодаҳои темурӣ Самарқандро ба хоку хун кашанд.
Вақте неруҳои Мирзо Бобур ба Самарқанд даромаданд, ба муқовимати шадиди мардум бо сарварии Хоҷа Аҳрор рӯбарӯ шуданд ва мардум ҷумлаи онҳоро гӯшу бинӣ бурид. Мирзо Бобур шармандавор шикаст хӯрд. Хоҷа Аҳрор ба ӯ гуфт, аз падарат Шоҳрух зиёд некӣ дидаем, вагарна коратро ин ҷо ба анҷом мерасондем.
Дуввум, соли 1470 Султон Маҳмуд, ҳокими Ҳисор ба қасди ҷони бародараш Абусаид ба Самарқанд омад. Шаҳрро муҳосира кард ва низ ҳушдори Хоҷа Аҳрорро писанд накард. Лашкари бузурги Султон Маҳмудро як урдуи хурди самарқандиҳо, аммо бо “иттифоқ” – и офатҳои табии ногаҳонӣ, назири тӯфон ва кӯчиши замин мағлуб намуд. Султон Маҳмуд фирор кард ва Султон Абӯсаид, ки дар як ҳуҷраи мадраса пинҳон шуда буд, ба тахт баргашт.
Сеюм ва бузургтарин корнамоии Хоҷа Аҳрор оштӣ миёни се писари Султон Абӯсаид дар даҳаи 80 – и асри 15 аст. Бародарони хурдӣ – Султон Маҳмуд ва Султон Умар Мирзо, ки дар Фарғонаву Мовароуннаҳр подшоҳӣ мекарданд, алайҳи бародари калонӣ – Султон Аҳмад, ҳокими Самарқанд лашкар кашиданд. Муҳорибаи онҳо бояд дар маҳалли Оққӯрғони музофоти Шоҳрухия ба вуқуъ пайваст. Хоҷа Аҳрор, ки он замон пир шуда буд, ин се бародарро сари як дастурхон нишонда, байнашон сулҳ кард. Танҳо Тошкандро дар ихтиёри бародари хурдӣ Султон Умар Мирзо гузошт.
Ба ҷуз ин се ҳодиса шайхи бузург ва сулҳовар аз ҷандин шӯришҳо дар Самарқанд ҷилавгирӣ кард, то мардум осуда зиндагӣ кунад, аммо мушкили онҳоро бо подшоҳон ҳамеша ба миён мегузошт ва ҳал мекард.
Яке аз дастовардҳои ӯ лағви андози тамғо ё тамға буд, ки шахсан аз ҷониби Чингизхон барои косибон ва тоҷирони Осиёи Марказӣ, Қафқоз, Эрон, Русия, Ховари Наздик ва Миёна ҷорӣ шуда буд. Хоҷа Аҳрор вориси Абӯсаид - Султон Аҳмадро муътақид кард, ки аз он даст кашад. Дар Эрон ин навъи андоз соли 1565 лағв шуд, аммо бо кӯшишҳои Хоҷа Аҳрор онро дар Самарқанду Мовароуннаҳр ҳанӯз 100 сол пеш аз миён бурданд.
Кори дигаре, ки хилофи анъанаҳои суфиён Хоҷа Аҳрор кард, такя задан ба қудрати молӣ буд. Ҳазрати Эшон аз рӯи принсипҳои зиндагиаш ба ин дарк расида буд, ки дар фикри мардум будан кам аст, бояд мушкилоти ӯро бевосита ҳал кард.
То ба ҳол устураҳои зиёде миёни мардум сайр доранд, ки бар сарвати беҳисоби Хоҷа Аҳрор ишорат мекунанд. Ин муаррифии ӯ то ҷое ба шахсияташ ҳамчун пешвои тариқати нақшбандия низ соя афканда, барои онҳое, ки аз воқеият огоҳӣ надоранд, “худкомагии иқтисодӣ” менамояд. Ҳар кӣ аз дилу нияте, ки дошту дорад, ин мавзӯро шарҳ медоду медиҳад, аммо воқеияти таърих дигар аст.
Теъдоди замин ва дар умум ҳаҷми сарвати Хоҷа Аҳрор ҷое дақиқ муайян нашудааст. Омори мухталиф дар ин бора вуҷуд дорад. Дар “Рашаҳот” омадааст, ки Хоҷа Аҳрор 1300 мазраа ё замини кишт дошт. Танҳо дар Қаршӣ 3000 қитъаи замин дошт, ки ҳудуди 6 ҳазор гектарро ташкил мекард. Дар Самарқанд 7,5 ҳазор гектор, дар Бухоро 250 ва Тошканд 41 мазраа - замин дошт. Ба ҷуз замин, Хоҷа Аҳрор дар Самарқанд, Бухоро, Тошканд, Андиҷон, Сайрам ва Кобули Афғонистон соҳиби дӯконҳо, муассисаҳои косибӣ, осиёб, боғу хона ва дигар амволи ғайриманқул буд. Дар умум, дар ин паҳно 400 замин, 64 деҳа, 30 боғи беруназшаҳрӣ, 11 хонаи шаҳрӣ, даҳҳо дӯкони косибиву тиҷоратӣ, тиму осиё ба Хоҷа Аҳрор тааллуқ доштанд.
Ин як руҷуи кутоҳ ба шахсияти Хоҷа Аҳрор, тоҷики бузурге буд, ки дар асри фитнаҳои бузург ба ҳимоят аз мардуми оддӣ сар баланд кард ва рисолати худро ба ҷой овард. Пас аз Хоҷа Аҳрор даҳ сол нагузашта, ҳукуматҳои темурӣ аз дасти Шайбониҳо суқут карданд.
Аммо низомеро, ки барои сармоягузории мадрасаву масоҷид бунёд ниҳода буд, то Инқилоби Октябр амал кард. Ин бузургтарин хизмати Хоҷа Аҳрори Валӣ аст, ки тавонист фарҳанги форсии тоҷикиро аз як суқути азим нигоҳ дорад. Шайбониён дар низоми давлатдорӣ забони ӯзбакиро ҷорӣ карданд. Далели ин асноди вақфе мебошанд, ки дар замони темуриҳо ба тоҷикӣ ва дар замони Шайбониён ба ӯзбакӣ таҳия мешуданд. Аммо Шайбониён низ пеши қудрати Хоҷа Аҳрор сари таъзим фуруд оварданд ва баъди ба қудрат расидани манғитиҳо низ ҳеҷ кас ба моликияти ӯ дастдарозӣ накард. Як далели вуҷуди империяи фарҳангии тоҷикӣ аз Тошканд то Кобул низ маҳз низоме буд, ки Хоҷа Аҳрор ба вуҷуд овард.

Ҳамсафарони мо, оилаҳое, ки зиёда аз 40-50 сол ҳамзистӣ доштанд ривоятҳои гуногунро дар бораи Хоҷа Аҳрори Валӣ ба якдигар нақл намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...