(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altМуҳтарам Александр Григорйевич,
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,

Барои Тоҷикистон Беларус шарики муҳим дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ буд ва хоҳад монд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз муносибатҳои ду кишвар бар асоси принсипҳои баробарҳуқуқӣ, эҳтиром ва эътимоди мутақобила ва бо назардошти манфиатҳои тарафайн бо суръат рушд мекунанд.

Дар мулоқоти имрӯза мо бо Александр Григорйевич муколамаи мутақобилан судмандамонро вобаста ба беҳбуд бахшидани муносибатҳоямон дар тамоми маҷмӯи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Беларус идома додем.

Дар ин замина, мо рушди муносиби устувори ҳамгироии кишварҳоямонро дар ченаки сиёсӣ таъкид карда, таҳкими минбаъдаи онро ҷонибдорӣ намудем.

Муҳимияти рушди робитаҳои байнипарлумонӣ таъкид шуд.

Аз рӯи натиҷаҳои музокирот як зумра санадҳои муҳим оид ба ҳамкории дуҷониба ба имзо расиданд.

Бастаи ҳуҷҷатҳои имрӯз қабулшуда заминаи ҳуқуқии ҳамкории моро мукаммал сохта, соҳаҳои иқтисод, маориф, илм ва робитаҳои байниминтақавиро фаро мегирад.

Харитаи роҳ оид ба татбиқи Барномаи байнидавлатии ҳамкории иқтисодӣ барои ду соли оянда яке аз санадҳои муҳими ин баста мебошад.

Тайи солҳои охир дар муносибатҳои Тоҷикистону Беларус таҷрибаи мусбати густариши робитаҳои байниминтақавӣ ҳамчун шакли самараноки таҳкими муносибатҳои мутақобила ба вуҷуд омадааст.

Дар ин самт мо боз як иқдоми дигар кардем- Нақшаи дусолаи чорабиниҳо оид ба рушди ҳамкорӣ миёни ҳокимияти пойтахтҳоямон ба имзо расид.

Ҷонибҳо минбаъд низ идома додани корро дар самти мукаммалсозии заминаи шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои Тоҷикистону Баларус мувофиқи мақсад шумориданд.

Дар доираи сафари кунунии роҳбари Беларус ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодии рӯзномаи дуҷониба таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Дар ин замина, мо масъалаҳои муҳими густариши доираи васеи ҳамкории иқтисодӣ ва сармоягузориамонро баррасӣ намудем.

Дар баробари ин, оид ба афзоиши ҳаҷм ва диверсификатсияи сохтори гардиши моли дуҷониба ибрози назар карда шуд.

Тамоюли афзоиши он дар солҳои охир аз иқтидори бузурги кишварҳоямон барои густариши тиҷорати мутақобила дарак медиҳад.

Ба андешаи ҷонибҳо, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ бояд дар самти истифодаи фаъолонаи ин иқтидор нақши калидӣ дошта бошад.

Дар оғози моҳи марти соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия баргузор гардид, ки дар рафти он пешниҳодҳои мушаххас оид ба таҳкими минбаъдаи қисмати иқтисодии муносибатҳои ду кишвар мувофиқа карда шуданд.

Мо ба мувофиқа расидем, ки фаъолияти сармоягузориро ҷиҳати ташкили корхонаҳои самараноки муштарак, аз ҷумла дар Минтақаҳои Озоди Иқтисодиамон ҳамаҷониба ҳавасманд намуда, корро дар самти фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти сармоягузорони Тоҷикистону Беларус идома диҳем.

Рушди ҳамкории саноатӣ миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларус ҷавобгӯи манфиатҳои ҷонибҳо буда, омили мукаммал сохтани муносибатҳои иқтисодии мо бо муҳтавои амалӣ мебошад.

Намунаи возеҳи чунин ҳамкорӣ татбиқи лоиҳаи таъсиси корхонаи муштараки васлкунии техникаи кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор мебошад.

Фардо мо бо Александр Григорйевич навбати аввали ин маҷмааро, ки тирамоҳи соли равон пурра ба кор медарояд, оғоз мебахшем.

Имкониятҳои васеъ барои ҳамкории саноатӣ дар самти коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва ширӣ, қоғаз, саноати нафту кимиё, инчунин истеҳсоли трансформаторҳо ва техникаҳои светодиодӣ мавҷуданд.

Дар ин замина, маҷмааи агросаноатӣ, соҳаи саноати мошинсозӣ, истеҳсоли доруворӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ аз ҷониби мо ҳамчун самтҳои дурнамодори ҳамкорӣ муайян карда шудаанд.

Мо доир ба зарурати ҳавасмандгардонии ҳамаҷонибаи таъсиси корхонаҳои муштарак дар соҳаҳои болозикр ва бо ин мақсад ҳавасманд гардонидани ҳамгироӣ байни минтақаҳо ва доираҳои соҳибкории ду кишвар ҳамфикр будем.

Дар ин росто, намоишгоҳ-фурӯши байналмилалии маҳсулоти саноатии Беларус ва Форуми тиҷоратии соҳибкорони Тоҷикистон, Беларус, Афғонистон ва Ӯзбекистон, ки дар доираи сафари кунунии Президенти Ҷумҳурии Беларус ташкил карда шудаанд, аҳамияти бузург доранд.

Баргузории чунин чорабиниҳо ба бунёди майдони устувор барои ҳамкории тиҷоративу истеҳсолӣ мусоидат мекунад.

Изҳори умед менамоем, ки мувофиқаҳои бадастомада ва созишномаҳои дар доираи ин чорабиниҳо баимзорасида ба таҳкими заминаҳои асосии муносибатҳои иқтисодию тиҷоратии мусоидат менамоянд.

Зимни музокирот мо масъалаҳои мубрами дорои хусусияти минтақавӣ ва байналмилалиро, ки вобаста ба онҳо ҷонибҳо мавқеи ҳамсон ё наздик доранд, муҳокима намудем.

Ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ дар доираи ИДМ, СААД ва дигар сохторҳои байналмилалӣ изҳори ҷонибдорӣ намуда, аҳамияти татбиқи пурраи афзалиятҳои ин механизмҳои бисёрҷонибаи ҳамкориро зикр карданд.

Дар ҷараёни музокирот аҳамияти СММ ва ниҳодҳои он ҳамчун воситаи универсалӣ дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон таъкид карда шуд.

Дар ин замина, мехоҳам бори дигар дастгирии фаъолонаи дӯстони беларусиамонро ба ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон доир ба эълон кардани Даҳсолаи нави байналмилалӣ «Об барои рушди устувор» таъкид намоям.

Мо вазъи Афғонистонро муҳокима карда, муҳимияти мусоидат ба ин кишварро дар барқарорсозии сулҳ, субот ва таъмини рушди минбаъдаи он зикр намудем.

Идома додани ҳамоҳангсозии талошҳо дар самти бартараф кардани таҳдидҳо ба амният тавассути сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти амният мақсаднок эътироф гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар асоси созишномаҳо ва барномаҳои дахлдор изҳор доштанд.

Зимни музокирот зарурати рушду таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг, илм ва маориф ҳамчун шароити муҳим барои нигоҳ доштани муносибатҳои неки таърихӣ, ки байни ду халқ мавҷуданд, таъкид гардид.

Ҷониби Тоҷикистон аз натиҷаҳои сафар, ки дар таърихи муосири муносибатҳои Тоҷикистону Беларус саҳифаи нав боз мекунад, комилан қаноатманд аст.

Мо ҷиҳати идома додани муколамаи байнидавлатӣ дар ҳамаи сатҳҳо, ки ба мо ҳар бор барои гузоштани қадамҳои назаррас дар ҳамгироии дуҷониба имкон фароҳам меорад, ба мувофиқа расидем.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин г...
Фирӯза Нуруллозода Фирӯза Нуруллозода Муовини Раиси шаҳрФирӯза Нуруллозода 9 феврали соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи акад...
Раҳматзода А.А. Раҳматзода А.А. Муовини Раиси шаҳрРаҳматзода Аюбҷон Алиҷон 7-уми августи соли 1974 шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1997  Д...
Абдуқаюмзода Ҷ. А. Абдуқаюмзода Ҷ. А. Муовини Раиси шаҳрҶамшед Абдуқаюмзода Алиҷонӣ 16 феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, баъди хатми мактаби миёна ба Донишгоҳи да...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Сол...

Роҳбарони сохторҳо

Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғ. С. Ишонқулов Ғайрат Саидбекович 25-уми  феврали соли 1981 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли ...
Алимов У.С. Алимов У.С. Алимов Усмон Собирҷонович 20-уми майи соли 1958 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1979 Донишгоҳи да...
Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Б.Ҳ. Исматҷонов Бахтиёр Ҳусейнович 31-уми  майи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Миркамолов М. Н. Миркамолов М. Н. Миркамолов Муҳсин Насруллоевич 10-уми ноябри соли 1959 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 1980 Донишгоҳ...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...
Расулзода Р.Р. Расулзода Р.Р. Расулзода Раҳим Расул 20-уми июли соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумоташ олӣ. Соли 2000 Донишгоҳи давлатии ...
Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода М. М. Муҳаммадзода Мӯъмин Муҳаммад. 15-уми июни соли 1958  дарр   шаҳри Хуҷанд   таваллуд ёфтааст. Соли 1981 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми  августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи пол...
Ёрматов А. Р. Ёрматов А. Р. Ёрматов Абдухалил Рустамович 3-уми феврали соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1998 Филиали до...
Бойматов Ф. М. Бойматов Ф. М. Бойматов Фирдавс Мақсудович 26-уми январи соли 1981 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 2005 Донишгоҳи дав...
Самадов С.А. Самадов С.А. Самадов Сӯҳробҷон Абдусамадович 29-уми декабри соли 1976 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ. Соли 1998 филиали ...
Собитова М. А. Собитова М. А. Собитова Мунзифа Аҳмадовна 14-уми  сентябри соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ, соли 1982 Донишгоҳи д...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдуқаҳоровна 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи да...
Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев М. А. Раҳимхӯҷаев Музаффар Анварович 8 августи соли 1982 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи да...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева М. Ҳ. Акмалхӯҷаева Муҳайё Ҳалимовна 28 сентябри соли 1967 дар оилаи хизматчц ба дунё омадааст. Соли 1990 Донишкадаи давлатии педагогии шаҳри Душан...
Мухбира Дониёрова Мухбира Дониёрова Тибқи қарори Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз 30-юми июли соли равон мудири шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии шаҳр Мухбира Дони...

Ташрифкунандагон

mod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_countermod_vvisit_counter
mod_vvisit_counterИмрӯз992
mod_vvisit_counterРӯзи гузашта1540
mod_vvisit_counterҲамин ҳафта8436
mod_vvisit_counterҲафтаи гузашта8991
mod_vvisit_counterҲамин моҳ23759
mod_vvisit_counterМоҳи гузашта40538
mod_vvisit_counterҲамагӣ1233410