(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Автобусҳои “Хуҷанд-Тошканд” фаъол шудандБа китоби муносибатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон боз як саҳифаи нав зам гардид. Имрӯз баъди интизориҳои зиёд хатсайрҳои масири “Хуҷанд-Тошканд” ва “Тошканд-Хуҷанд” расман ифтитоҳ гардид. Сокинони ин ду кишвари бо ҳам дӯсту бародар метавонанд тавассути автобусҳои замонавӣ ба шаҳрҳои якдигар сафар намоянд. Гуфта мешавад, ки арзиши роҳкиро дар ин масир 50 сомонӣ муайян шуда, масофаи роҳ 174 километрро ташкил намуда, автобус дар ин масир давоми 4 соати 30 дақиқа ҳаракат менамояд.
Имрӯз як гурӯҳи корӣ тавассути нахустин автобус аз шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шаҳри Хуҷанд ташриф оварданд. Дар маросими мазкур муовини якуми раиси вилояти Суғд Рустам Раҳматзода, раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода, сардори Раёсати нақлиёти заминии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва дигарон иштирок ва суханронӣ намуданд.

altРустам Раҳматзода зикр намуд, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва мардумсолоронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкории мутақобилан судманди байни ду мамлакат рӯз аз рӯз рушд намуда истодааст, ки барои некӯаҳволии мардум мусоидат хоҳад кард. «Кушодашавии чандин гузаргоҳҳои байнисарҳадӣ, рафтуомади доимии мусофирон ва гардиши мол байни ду кишвар аз ҷумлаи масъалаҳои муҳиме буданд, ки дар доираи сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд. Чорабинии имрӯза низ давоми мантиқии ин ташаббусҳо мебошад», — зикр намуд ӯ.

Маврид ба зикр аст, ки дар ҳайате, ки имрӯз аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ташриф овард, намояндагони илму адаб ва рӯзноманигорони мамлакати ҳамсоя шомил мебошанд. Меҳмонон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри бостонии Хуҷанд боздид намуданд.
Зикр шуд, ки имрӯз аввалин автобусҳои ширкати «Манзара Туризм»-и Ӯзбекистон аз шаҳри Тошканд вориди шаҳри бостонии Хуҷанд шуданд ва пагоҳ, 16 май автобуси нахустини ширкати «Asian Express Terminal» — и Тоҷикистон аз шаҳри Хуҷанд ба шаҳри Тошканд раҳсипор мегардад.

Ҳоло дар як рӯз аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон 2 маротиба ба роҳ монда шудааст. Бо назардошти шумораи мусофирон хатсайрҳои нав ва шумораи автобусҳои аз ду самт ҳаракаткунанда зиёд карда мешаванд».Минбаъд сокинони ду шаҳр метавонанд бе мамоният тавассути автобусҳо сафар намоянд. Алъон қароргоҳи автобусҳо дар шаҳри Хуҷанд истгоҳи «Роҳи Абрешим» воқеъ дар маҳаллаи 34-уми шаҳр муайн шудааст. Нафароне, ки хоҳиши сафар ба кишвари ҳамсоя доранд, танҳо бо шиносномаи хориҷӣ он имконпазир мегардад.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки бо сиёсати дурбинонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба тақвияти муносибати ду давлат қадами устувор гузошта шуда, дар як муддати кўтоҳ ҷонибҳо имтиёзоти гуногунро барои равуои бемамонияти шаҳрвандон роҳандозӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...