14 Май 2018
Дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баъди иштирок дар ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Хуҷанд, аз вазъи корҳои азнавсозии Маҷмааи “Қалъаи Хуҷанд” аз наздик шинос гардид.
Олимон, муаррихон, адибон ва масъулини сохтмони қалъа доир ба вазъи омодагии корҳои азнавсозӣ ба Раиси вилоят маълумоту машварат доданд.
Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин дастур дод, ки зимни таҷдиду азнавсозӣ аҳамияти таърихӣ ва қадимии «Қалъаи Хуҷанд» нигоҳ дошта шавад ва ҳамзамон барои осеб нарасидани моли таърих чораҳо андешида шаванд.
Ба муовини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ дастур дода шуд, ки нақшаи кулли азнавсозии қалъа омода ва корҳо дар зудтарин фурсат дар се баст ташкил гарданд.Зимни азнавсозии қалъа бозори қадима, маҳаллаи ҳунармандон, наврӯзгоҳ, зиндон, ғор, саисхона, чойхона, манораҳо, хонаи пазироии ҳоким ва дигар арконҳои он ба назари эътибор гирифта шавад.
Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” аз Маҷмааи Шоҳ Исмоили Сомонӣ то Маҷмааи фарҳангию таърихии “Қалъаи Хуҷанд” роҳи танобӣ бунёд карда мешавад. Амалишавии ин тадбир метавонад мақоми сайёҳии маркази вилоятро боз ҳам боло бардорад ва ба зиёд шудани сафи сайёҳони дохилию хориҷӣ мусоидат намояд. Дарозии роҳи танобӣ 1 километрро ташкил медиҳад ва тибқи лоиҳаҳои пешакӣ баландии он дар бархе ҷойҳо то 35 метрро дар бар мегирад. Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин супориш дод, ки ҳамарӯза ситод ташкил ва вазифагузориҳо мушаххас гардида, то Наврӯзи байналмилал азнавсозии «Қалъаи Хуҷанд» анҷом пазирад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд