(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

Боздиди Раиси вилоят аз бозори «Панҷшанбе»Субҳи дирӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқоташон дар Кохи Борбади пойтахт бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ироа доштанд, аз бозори марказии «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд боздид ба амал овард.
Роҳбари вилоят ба масъалаи корҳои ободонии атрофи мавзеъи бозори «Панҷшанбе», бахусус назди Арт галерияи «Сомониён», масҷиди Шайх Муслиҳҳиддин таваҷҷуҳ зоҳир намуда, баҳри ободу ороста намудани он ба Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Раҷаббой Аҳмадзода то ҳол аз таъмир нашудани даромадгоҳи бозори «Панҷшанбе» аз роҳбарияти ин маркази бузурги савдо пурсон шуда, баҳри иҷрои он як моҳ мӯҳлат дод. 

Таъкид шуд, ки бозори марказии «Панҷшанбе» симои шаҳр аст, аз он меҳмонону сайёҳон боздид намуда, ба маданияти шаҳрдории миллати мо баҳо медиҳанд. Нигоҳ доштани шаҳомати гузаштаи начандон дури ин бозор масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Бозори мазкур дар қаламрави Осиёи Марказӣ ҳамто надошта, бо санъати хоси меъморӣ бунёд шудааст. Таъмиру таҷдиди он вазифаи ҷонии роҳбарияти имрӯзаи бозор аст.
Дар даромадгоҳи бозори мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо фурӯшандагон ва харидорон сӯҳбати озоду самимӣ ва ошкоро намуд. Роҳбари вилоят бо ёдоварӣ аз мулоқоти дирӯзаи Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки шукронаи ин давлату миллат намуда, баҳри ободу хуррамии он сайъ намоянд.

Зикр гардид, ки бахусус, дар моҳи шарифи Рамазон, ки Офаридгор дар каломи осмонии худ онро айёми иҷобати дуо, қабули тавба ва амалҳои хайру савоб донистааст, кӯшиш намоем, ки фазилатҳои парҳезу накӯкориро бештар риоя кунем, аз аъмоли зишт худдорӣ намоем, фарзандонро ба роҳи рост ҳидоят созем, эшонро ба кору таҳсил машғул намоем, ба аёдати беморону муҳтоҷон равем. Ашхоси дорою тавонманд бо истифода аз имконоти хеш ба ятимону маъюбон ва камбизоатону дармондагон дасти мададу ёрмандӣ расонанд. 
Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, ки Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо истифода аз тамоми василаҳо дар ин моҳи шариф барои мардум нархҳоро дастрас ва маҳсулотро сероб намуда, баҳри ҷилавгирӣ аз афзоиши нархи маҳсулоти ниёзи аввалия чораҳо хоҳад андешид. Ва дар ин самт ба роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва садорати бозори марказии «Панҷшанбе» дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Роҳбари вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш ба нархи фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар бозор марказии «Панҷшанбе» мароқ зоҳир намуда, бо он шинос гардиданд.
Маълум шуд, ки нархи як кило гӯшти гов 33 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 35-38 сомонӣ, биринҷ 4,5-6 сомонӣ, пиёзу сабзӣ 1 сомонӣ, картошка 2 сомониву 50 дирам арзиш дошта, навъҳои гуногуни нону маҳсулоти қаннодӣ дар бозор фаровон буданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз вазъи нигоҳдории бозор изҳори нигаронӣ намуда, ба муовини Раиси вилоят Анвар Яъқубӣ дастур дод, ки бо таъсиси комиссияи вижа давоми 1 моҳ симои зоҳирии бозор ба куллӣ дигаргун карда шавад. Дар сурати иҷро нагардидани он чораҳои мушаххаси амалӣ андешида мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси ша
ҳри Хуҷанд

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Бахтиёр Бокизода Бахтиёр Бокизода Заместитель председателя городаБахтиёр Боқизода родился 28 июля 1983 года в городе Худжанде, имеет четыре высших образования: юридическ...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Миробидова М. М. Миробидова М. М. Миробидова Муаттар Мирмухамедовна. Родилась 24 июня 1966 года в городе Худжанде, таджичка, образование высшее. В 1990 году окончила Таджикск...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим родился 1 августа 1968 года в городе Худжанде, по национальности таджик, имеет высшее образование. В 1994 году окончил ...
Бободжонзаде А. Бободжонзаде А. Бободжонзаде Абдусалом родился 27 декабря 1966 года в районе Б.Гафуров. По национальности таджик, имеет высшее образование, в 1992 году...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...